05:24 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Тоза кардани роҳ

Тарма, яхбандӣ ва туман: обуҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Иванов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
76 0 0

Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва баъзан фаромадани туман дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Обуҳавошиносон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонанд, ки дар робита ба бориши барф 7 декабр дар роҳҳои кӯҳии мошингарди Тоҷикистон яхбандӣ мешавад. Дар роҳҳои мошингарде, ки хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад, ҳатман бояд масофаи зарурии миёни мошинҳо то 500 метр риоя карда шавад. Инчунин аз 7 то 9 декабр дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, ба ғайр аз ВМКБ хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 11-16, дар баъзе ҷойҳо то 18-23 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0 —5 дараҷа хунук, рӯзона 11-16 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар вилояти Суғд низ пешгӯӣ гардида, ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 —7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
барф, роҳ, тарма, яхбандӣ, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ