05:30 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Имзои ҳуҷҷат, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон ташкили ҳизбҳои диниро қонунан мамнуъ кард

© Flickr/ UNC - CFC - USFK
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба қонун дар бораи "Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар ҶТ"-ро таъйид кард, ки мувофиқи он ташкили ҳизбҳои динӣ дар кишвар расман мамнуъ шуд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон бо қарори маҷлиси намояндагони кишвар ташкили ҳизбҳои динӣ қонунан мамнуъ шуд. Дар бора хабаргузории ТоҷикТА гузориш медиҳад.

"Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонун "Дар бораи Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар ҶТ" тағйирот ворид кард ва расман ташкили ҳизбҳои диниро дар кишвар мамнуъ кард. Афзун бар ин, мувофиқи тағйироти воридшуда, маълумоти диниро танҳо метавон дар муассисаҳои давлатӣ гирифт",- мегӯяд яке аз вакилони маҷлис.

Ба гуфтаи  Ҷаббор Аҳмадов- вакили маҷлиси намояндагон, мувофиқи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур нақши муҳими  Ҳукумат  дар сиёсати динӣ ба назар гирифта шудааст. Афзун бар ин, ба раисони шаҳру навоҳиҳои кишвар дастур дода шудааст, ки  масҷидҳои маҳаллӣ  ба номи тоҷирон гузошта нашаванд. Масҷид бояд ба номи шахсиятҳои маъруфи Ислом гузошта шаванд.

Барчаспҳо:
тағйирот, қонун, Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ