05:21 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Брайан Мартин, основатель Asian Mountain Outfitters рассказывает об охоте всей своей жизни

Тоҷикистониён аз шикори ғурм ба дасти хориҷиҳо хашмгин шуданд

© Facebook / Argali
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
38801

Дар навор мудири ширкати канадаӣ Asian Mountain Outfitters аз беҳтарин шикор дар умраш лоф мезанад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Навори шикори меши помирӣ ба дасти як гардишгари хориҷӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси доманадореро ба миён овард.

Ин шикоргари ғурми помирӣ, ки мудири ширкати канадаӣ Asian Mountain Outfitters аст ва ҳамакнун дар Тоҷикистон гардиш ва шикор мекунад, дар сафҳаи иттиҳоди шикоргарони Argali дар Фейсбук навореро мунташир карда ва аз шикори бобарораш лоф задааст.

Аммо интишори ин видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашми мардумро ба бор овард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ аз ин шикоргар ба шиддат интиқод карда ва шикоргарияшро ғайриқонунӣ хондаанд. Онҳо аз рӯзноманигорон дархост кардаанд, ки шикори ҳайвони нодирро таҳқиқ кунанд.

Ёдовар мешавем, ғурми помирӣ ё гӯспанди Марко Поло дар Китоби Сурхи Тоҷикистон номнавис шудааст. Аммо барои шикори он иҷозатнома дода мешавад.

Чунончи, бино ба иттилоъи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, дар соли 2017 барои шикори 85 сар ғурми помирӣ  иҷозатнома содир шуда, ки ҳар кадоме 45 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

Имсол тобистон Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш дода буд, ки як сокини Мурғоб ба иттиҳоми шикори ғайриқонунии ғурм дастгир шудааст.

Гуфта мешуд, ҳангоми баргузории амалиёти бозҷуст дар оғиле дар яке аз рустоҳо як адад пӯст ва шохи ин ҷонвари камёб, ки 200 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, бозёфт ва мусодира карда шуд.

Барчаспҳо:
меш, гардишгар, шикор, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ