05:20 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Банкомат, акс аз бойгонӣ

Муштариёни "Ориёнбонк" аз бепулии банкоматҳои бонк шикоят карданд

© Flickr/ Tax Credits
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
100 0 0

Набуди пул дар банкоматҳои Ориёнбонк дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, садои эътирози муштариёни ин бонкро даровардааст

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Ба нақл аз Toptj, ин муштариён гуфтаанд, таи ду ҳафта ахир натавонистаанд аз банкоматҳои Ориёнбонк ваҷҳи нақд дарёфт кунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон теъдоди зиёде аз мардум пас аз варшикаста шудани Тоҷпромбонк, Фононбон ва Агроинвестбонк, пулҳои худро дар Ориёнбонк ба амонат гузошта буданд ва гумон мекарданд, вазъи ин маркази молӣ дар муқоиса бо соири бонкҳо беҳтар аст.

Бо вуҷуди инки мудирияти Ориёнбонк ин мушкилро фаннӣ медонад, баррасии вазъи молии ин бонк нишон медиҳад, дар муқоиса бо соли қабл, манобеи молии он 23 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Тибқи гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ даромади молии Ориёнбонк дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 54 дарсад коҳиш ёфтааст.
Нур Сафаров, иқтисоддони мустақили тоҷик мегӯяд, ҳазина кардани манобеи молии Ориёнбонк барои сохти бархе аз марокиз дар Тоҷикистон муҷиби мушкилоти молии ин бонк шудааст.

Ориёнбонк аз ҳисоби худ дар соли 2011 чойхонаи бузургеро дар ноҳияи Данғара ба баҳрабардорӣ расонд.

Соли 2015 низ ин бонк барои сохти Кохи Наврӯз дар Душанбе, як миллиард сомонӣ ҳазина карда буд.

Барчаспҳо:
маблағ, банкомат, Ориёнбонк, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ