21:56 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Туман. Акс аз бойгонӣ

Туман мефарояд: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
54 0 0

Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш пешбинӣ шуда дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Ба гузориши Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда,  абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст.

Бод аз сӯи шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои абрнок ва бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7  дараҷа сард ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  10-15 дараҷа сард ва  рӯзона аз як дараҷа сард то  4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳавои абрнок ва бебориш пешбинӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 9 —14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, бод аз сӯи шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва бебориш пешбинӣ шуда, бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
туман мефарояд, абрӣ, боду ҳаво, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ