Дузде дар Бӯстон аз пиразане ҷавоҳироташро дуздид

CC0 / Pixabay / Шкатулука с драгоценостями, архивное фото
Шкатулука с драгоценостями, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд пирзани 79-солае ба ШВКД шаҳри Бӯстон аз дузида шудани ҷавоҳироташ шикоят бурдааст

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ин шаҳрванди солхӯрда ба милиса арз кардааст, ки дар авохири моҳи ноябри соли 2017, дузде пинҳонӣ вориди хонааш шудаву аз ҷузвдонаш ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздидааст.

Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, арзишии куллии ин ҷавоҳирот 20 ҳазор сомонӣ буда, ки бо 2,25 ҳазор дулор баробар аст.

Кормандони нерӯҳои умури дохилӣ дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ марди 37-солаеро аз шаҳри Бӯстон дастгир кардаанд, ки пештар низ барои дуздӣ маҳкум ва зиндонӣ шуда будааст.

Ҷавоҳироти дуздидашуда дар манзили ин муттаҳам ёфта ва боз ситонда шудаанд. Барои бозҷӯии ин қазия парванда боз шуда ва такмил мешавад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки аз пирмарде 76-сола дар шаҳри Душанбе 12 ҳазор дулорашро дуздида буданд. Дар паи бозҷӯии ин қазия як зани 31-сола ба иттиҳоми дуздӣ дастгир шуд.

Лентаи хабарҳо
0