Барф меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Искандар Аминов / Гузариш ба медиабонкСнегопад в Душанбе
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 15 декабр ҳаво дар саросари кишвар абрӣ шуда дар баъзе минтақаҳо боридани барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 15 дек- Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф, дар назар аст.

Дар ВМКБ ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ҷойҳо  боридани  барфи кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5  ва дар баъзе ҷойҳо 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Снегопад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барф мебораду туман мефарояд: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар шарқи ин вилоят  шабона  14-19, дар баъзе ҷойҳо то 20-25 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мешавад мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, бебориш, баъзан фаромадани туман пешгӯӣ шуда, бод аз сӯи шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ  шуда, бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар буда, бод аз сӯи шарқ 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард,  рӯзона 0-5 дараҷа гарм ва дар баъзе ҷойҳо то 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш  пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8 дараҷа сард ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0