12:54 16 январи 2018
Пахши мустақим
Бобои фарфӣ ва барфак

Соли нав омад, шоду ғазалхон: қоидаҳои бехатариро ҳангоми ороиши арча фаромӯш накунед

© Sputnik / Ульяна Соловьева
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
140 0 0

"Барои он, ки дар чунин рӯзҳои хурсандӣ ҳодисаҳои ғамангез рух надиҳанд, бояд ҳар як фарди ҷумҳурӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намояд",- таъкид мекунад ВУД Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бино бар гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бояд ҳангоми ороиши арчунин қоидаҳои бехатариии зеринро риоя кард:
Арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад.

Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад.

Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст.

Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифти хона нарасад ва аз девор камаш як метр дур истад.

Дар толори арча дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ адад оташхомӯшкунакҳои коршоям ва кампали патдор (адёл) нигоҳ дошта шавад. Агар оташхомӯшкунак набошад, метавон дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об нигоҳ дошт.

Дар муассисаҳои таълимие, ки қувваи барқ аз рӯи меъёр дода мешавад, Иди арчаро мебояд фақад рӯзона гузаронид. Арчаро дар мобайни толор дар пояи чилликмонанди мустаҳкам ва ё дар чалаки пур аз хок шинондан лозим аст. Арчаро бо бозичаҳои селлулоидӣ ва ё зуддаргиранда зиннат додан, бо шамъ чароғон кардан манъ аст.

Атрофи поя ва шохчаҳои арчаро бо пахтаи ба моеи зиддисӯхтор коркарднашуда печонидан, ба он бозичаҳои пахтагин овехтан ва намаки бертолетӣ пошидан манъ аст. Кори чароғонкунии арчаро ба воситаи трансформатори шиддатпасткунанда, ки шиддаташ аз 24 волт зиёд нест, чароғон кардан лозим аст. Дар сурати истифода бурдани қувваи барқи шиддаташ 220 волт бояд танҳо аз шилшилаҳои фабрикӣ истифода бурд, зеро шилшилаҳои худсохт аксар вақт сабабгори сар задани сӯхтор мегарданд.

Шахси ба бехатарии зиддисӯхтор масъул бояд нақша ва қоидаҳои аз ҳудуди бино муташаккилона баромадани иштироккунандагонро тартиб дода, онро ҳатман бо Хадамоти оташнишонӣ мувофиқа намояд ва иҷозатномаи махсус гирад. Дар вақти гузаронидани Иди арча бояд тамоми дарҳои баромад кушода бошанд ва дар назди ҳар яки онҳо навбатчиҳо истанд.

Дар дохили бино бошад, шамъҳои бинголӣ, магний гирондан, мушак ва дигар маводҳои пиротехникии тарканда истифода бурдан қатъиян манъ аст. Пӯшидани либосҳои пахтагӣ, қоғазӣ, докагӣ ва аз дигар матоъҳои зуддаргиранда тайёркардашуда дар Иди арча дуруст нест.

Ҳангоми рӯй додани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба телефони "01" (аз телефонҳои мобилӣ "101"), ба хадамоти оташнишонӣ хабар додан зарур аст.
Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД тамоми кормандони соҳаи оташнишонӣ, устодону шогирдони муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва дар маҷмӯъ аҳли ҷомеаро бо фарорасии Соли Нави мелодӣ табрик намуда, ба онҳо хонаи ободу осудагии рӯзгорро таманно дорад.

Мавзуҳо:
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
Қоидаҳои ҳаракати бехатарӣ, арчаи солинавӣ, соли нав, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ