12:54 16 январи 2018
Пахши мустақим
Ғоиб Бухоризода дар мулоқот бо собиқадорон

Ҷоизаи пулӣ дар Соли нав: дидори сардори милиса бо собиқадорони ВМКБ

© Пресс-служба МВД РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
20820

Сардори РВКД дар ВМКБ Ғоиб Бухоризода ба собиқадорони мақомоти корҳои дохилии Бадахшон дар остонаи Соли Нави 2018 маблағи пулӣ тақдим кардааст

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад.

Раҳбарияти милисаи ВКД Бадахшон Ғоиб Бухоризода барои расонидани кӯмаки моддӣ ба собиқадорон, нафақахӯрон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, камбизоатон, оилаҳои милисаҳое, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ шаҳид шудаанд дидор ва мулоқот кардааст.

Ба иттилоъи манбаъ, Ғоиб Бухоризода собиқадоронро бо фарорасии Соли Нави 2018 аз номи Рамазон Раҳимзода табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, хонаободӣ ва бурдбориҳо таманно кардааст.

Дар ин дидор масъалаҳои гуногун, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хоруғ, дуздии молу мулки шаҳрвандон, вазъи ногувори давлати ҳамсоя Афғонистон муҳокима шудааст.

Ҳамчунин Ғоиб Бухоризода дар масъалаи мубориза бо маводи мухаддир гуфтааст:

1 / 4
Дидори Бухоризода бо собиқадорони ВМКБ

"Гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва қочоқчиёни маводи мухаддир ба ҳар роҳу восита ба фурӯши ғайриқонунии он сару кор дошта, ҷавононро ба доми худ мекашанд ва танҳо мо — кормандони милитсия бо Шумо собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ҳамкорӣ метавонем садди роҳи онҳоро гирем. Бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пайваста мубориза бурда, ҷавононро дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарастӣ тарбия намоем".

Сардори Раёсат ғайр аз ин мавқеи ҷуғрофии ВМКБ-ро сайёҳӣ арзёбӣ намуда, мардуми ВМКБ-ро ба истифода аз имкониятҳои градишгарӣ барои пеш бурдани зиндагии худ даъват кардааст.

Дар ин дидор ба собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар ВМКБ дар остонаи Соли Нави 2018 ҷоизаи пулӣ тақдим шудаасту, барояшон дастархони идона оростаанд.

Мавзуҳо:
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
мукофоти пулӣ, дидор, мулоқот, Ғоиб Бухоризода, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ