Додситони кулли Тоҷикистон далели қатъи "NGN"-ро тафтиш мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли номае аз ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ дархост кардааст, ки дар бораи далели қатъи паёмрасони “NGN” тавзеҳ диҳанд

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Дар ин нома аз ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ ва каналҳои иртиботӣ хоста шудааст, ки дар бораи замону наҳваи оғози фаъолияти канали иртиботии "NGN" ва масдуд шудани он ба таври муфассал тавзеҳ диҳанд.

Бек Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба баҳонаи таъмини амнияти миллии ин кишвар рӯзи 18-уми декабри соли 2017 бо ирсоли дастуре ба ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ ва каналҳои иртиботии муваффақ ба қатъи паёмрасони "NGN" шуд.

Логотип компании Вавилон в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“NGN” баста шуд, мессенҷери ҷадид рӯйи кор омад

Ин иқдом бо вокуниши шадиди созмонҳои мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия рӯбарӯ шуд ва намояндагони ин созмонҳо бо ирсоли нома ба раисҷумҳурии Тоҷикистон хостори мусоидати ӯ барои лағви тасмими Хадамоти алоқаи ин кишвар шуданд.

Дар ин нома таъкид шуда буд, бо қатъи канали иртиботии "NGN" акнун бар асоси нархномаи тамосҳо аз дохили Русия ба Тоҷикистон, қимати ҳар дақиқаи муколама афзоиши 19 баробарӣ нисбат ба қабл барои ҳар муштарӣ доштааст.

Қимати ҳар дақиқаи тамос аз Русия ба Тоҷикистон барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ 13 сент муҳосиба мешавад ва дар як сол барои як миллион нафар аз коргарони тоҷикистонӣ ин ҳазина як миллиону 560 ҳазор доллар хоҳад шуд, ки ба буҷети давлати Русия ворез мегардад.

Чанд рӯз пас аз қатъи "NGN" ширкати мухобиротии "Вавилон Мобайл" паёмрасони ҷадидеро роҳандозӣ кард, ки хадамоти ройгони телефонӣ барои муштариён ироа мекунад ва бо қимати арзон ҷойгузини канали иртиботии "NGN" мешавад.

Лентаи хабарҳо
0