18:26 18 январи 2018
Пахши мустақим
Барф. Акс аз бойгонӣ

Барфу борон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
40420

Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 9 январ ҳаво дар саросари кишвар номусоид шуда дар баъзе минтақаҳо боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо боридани барф пешбинӣ мешавад. 

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани меғ пешбинӣ мегардад. Бод аз сӯи шарқ  4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят боридани барф пешбинӣ шуда, ҳаво шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона аз 2-3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 22-27 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва тағйирёбанда гашта, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад, рӯзона фаромадани меғ дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1-4 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барфу борон пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
бориши барфу борон, боду ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ