12:53 16 январи 2018
Пахши мустақим
Старт продаж iPhone 7 и iPhone 7 Plus, архивное фото

Муштариён дубора аз NGN баҳраманд шуданд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
136 0 0

Барои ба кор даромадани алоқаи NGN муштариён бояд барномаи онро аз нав боргирӣ ва ба телефонашон сабт кунанд, то ки NGN фаъол шавад

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Нимаи дуввуми имрӯз, 9-уми январ хизматрасонии NGN дубора барои муштариёнаш фаъол шуд.

Ёдовар мешавем, се ҳафтаи охир алоқаи навъи NGN дар Тоҷикистон баста шуд, ки вокунишҳои зиёди корбаронашро дар пай дошт.

Ҳамин тавр, ширкатҳои мобилии Билайн", "Тселл", "Вавилон" ва "Телеком текнолоҷӣ" хабар доданд, ки хизматрасонии NGN дастрас гаштааст. Барои ба кор даромадани алоқаи NGN муштариён бояд барномаи онро аз нав боргирӣ  ва ба телефонашон сабт кунанд, то ки NGN фаъол шавад.

Пештар хабар дода шуд, ки Ширкати "Beeline" хадамоти гуфтугӯи NGN-и худ "Салом"-ро дубора фаъол кард.

Ҳамчуин, пас аз баста шудани ин хидматрасонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳи шикояти муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз баста шудани алоқаи NGN мунташир шуд, ки дархост карда буданд, дубора фаъол карда шавад.

Барчаспҳо:
NGN, Хадамоти алоқа, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ