10:22 19 январи 2018
Пахши мустақим
Туман, акс аз бойгонӣ

Барфу борон ва туман: обу ҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Кряжев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
86 0 0

Имрӯз, 10 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани туман пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 3-2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва тағйирёбанда гашта, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад, рӯзона фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
туман, бориши барфу борон, Ожонси ҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ