07:36 21 январи 2018
Пахши мустақим
Дорожный знак, архивное фото

КҲФ ҶТ: худрав дар паи тундравии ронанда ба партгоҳи 150-метрӣ афтодааст

© Фото: CC0 / Rico_Loeb
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
77 0 0

Ронанда дар роҳи кӯҳистонӣ тундравӣ кардаву фармони худравро аз даст дода, дар натиҷа он ба партгоҳ фурӯ афтода ва яке аз мусофирон ҷонашро аз даст додааст

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Имдодрасонҳои Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон дар паи баргузории амалиёти имдодрасонӣ дар роҳи Душанбе – Хуҷанд мусофирони ин худравро аз партгоҳи 150-метрӣ берун кашиданд.

Ба гузориши равобити умумии КҲФ ҶТ, худрави савории “Toyota RAV4” бо 5 сарнишин, ки аз они марди 62-солае аз вилояти Суғд буда, ҳангоми ҳаракат дар 72-умин километри роҳи Душанбе – Хуҷанд ба партгоҳи 150-метрӣ фурӯ афтодааст.

Далели ин тасодуф тундравии ронанда дар роҳи кӯҳистонӣ гуфта шудааст.

То расидани имдодгарон ба ҷои ҳодиса ду тан аз мусофирон бо талоши кормандони ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS) аз худрав берун оварда шудаанд.

Имдодрасонҳои КҲФ се мусофири дигарро бо афзорҳои вижа аз худрав берун овардаанд. Ҳама сарнишинҳои ин худрав дар ин ҳодиса сахт захмӣ шудаанд. Онҳоро дар бемористони ноҳияи Варзоб бистарӣ кардаанд. Вале яке аз онҳо – зани 68-солае аз ноҳияи Панҷиканд, дар бемористон ҷонашро аз даст додааст.

Мавзуъ

Ду корманди ширкати IRS дар Шаҳристон осеб диданд: яке аз онҳо ҷон бохт
Осон кардем: IRS арзиши роҳи Душанбе-Чаноқро гарон кард
Масъули IRS: роҳи Душанбе – Чаноқ аслан баста набуд
Барчаспҳо:
партгоҳ, тасодуф, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ