Раисҷумҳур писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба вазифаи нав таъин кард

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба вазифаи нав таъйин шудани писари раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори пешини Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев фармон баровардааст

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik.  Дар ин бора дар хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода шудааст.

"Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса таъин карда шавад", — омадааст дар фармоне, ки рӯзи 13 январи соли 2018 баромадааст.

Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрии куллӣ: раисҷумҳур боз ҳафт масъули ниҳодҳои баландпояро барканор кард

То ин дам Ҷамолиддин Убайдуллоев дар вазифаи сардори Раёсати кишварҳои Урупо ва Амрикои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон фаъолит мекард.

Дар симати сафири Тоҷикистон дар Фаронса Убайдуллоев Назаров Ҳомидҷон Темуровичро иваз кард.

Бо фармони рақами 984-уми президент Назаров Ҳомидҷон Темурович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса озод шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо далели бознишастагӣ аз мақомаш барканор шуду ба ҷои ӯ раиси пешини Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин шудааст.

Лентаи хабарҳо
0