Озмуни Рустам Эмомалӣ барои ишғоли 26 вазифа

© Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали в детском парке
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали в детском парке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе барои ишғоли 26 вазифаи холӣ озмун эълом кардааст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии шаҳрдорӣ хабар дода шудааст.

Шаҳрдори Душанбе ба мансабҳои зерин довталаб меҷӯяд-Мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мудири бахши банақшагирӣ ва хариди давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мудири бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сармутахассиси Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе – 2 ҷой,

Дар эълом ҳамчунин мансабҳои зерин-Сармутахассиси Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе – 2 ҷой, Сармутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сармутахассиси бахши банақшагирӣ ва хариди давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сармутахассиси бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:, Сармутахассиси бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе номбар шудааст.

Дар умум мақомоти шаҳрдорӣ барои 26 вазифа коргар меҷӯяд.

Довталабон барои ошноӣ бо шартҳои озмун ва маълумоти иловагӣ метавонанд ба сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд.

Гуфта мешавад, ки ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар муҳлати 21 рӯз пас аз нашри эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, ё почтаи электронӣ dushanbe80@yahoo.com, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   www.dushanbe.tj равон кунанд.

Лентаи хабарҳо
0