Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо нахуствазири Муғулистон ва Покистон

© Sputnik / Дмитрий АстаховКохир Расулзода, архивное фото
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қоҳир Расулзода бо муовини Улзийсахан Энхтувшин, сарвазири Муғулистон ва Мақдум Шах Маҳмуд Курейшӣ вазири корҳои хориҷии Покистон, ки ба Душанбе барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ омаданд, мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Бино бар иттилои расмӣ, имрӯз Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишвар бо муовини Сарвазири Муғулистон Улзийсахан Энхтувшин, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки тарафҳо зимни суҳбат барои таҳкими ҳамкориҳои  байниҳукуматии Тоҷикистону Муғулистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ,  гидроэнергетика, маориф, фарҳанг  ва туризм изҳори омодагӣ намуданд.

Раисҷумҳури Тоҷикикстон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Ба манфиати мардум”: умеди Э. Раҳмон аз рушди ҳамкориҳо бо Муғулистон

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар  Тоҷикистон ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба  бо Муғулистон, аз ҷумла дар доираи СҲШ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки дар ҷаласаи шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узви СҲШ ҳайати Муғулистон ҳамчун намояндагони кишвари нозир дар СҲШ иштирок мекунанд.

Инчунин имрӯз Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишвар бо  Вазири корҳои хориҷии Покистон  Мақдум Шах Маҳмуд Курейшӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Покистон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои рушд ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар доираи кори Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъкид намуданд.

Приветственный монумент в городе Исфара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
CASA-1000 мушкилии барқро дар Исфара ҳал мекунад

Ҳамчунин зимни мулоқот масъалаи иҷрои саривақти мувофиқаҳои байнидавлатӣ дар сатҳи сарони ду давлат низ баррасӣ шуд.

Аз ҷумла тарафҳо масъалаҳои марбут ба иштироки муштараки Тоҷикистон ва Покистон дар татбиқи лоиҳаи бузурги минтақавии хатти интиқоли  барқи баланшиддати КАСА-1000-ро  баррасӣ намуданд

Мақдум Шах Маҳмуд Курейшӣ дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ ҳамчун  намояндаи расмии кишвари аъзои созмон иштирок менамояд.

Лентаи хабарҳо
0