05:32 21 августи 2017
Пахши мустақим
Опоры ЛЭП. Архивное фото

Идомаи содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон

© Sputnik / Тарас Литвиненко
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Тайи даҳ моҳи соли 2014 Тоҷикистон беш аз 1 миллиард кВт соат қувваи барқ бо арзиши 40 миллион доллар содир кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 40 % зиёдтар аст.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон новобаста ба маҳдудиятҳои реҷаи интиқоли он дар дохили ҷумҳурӣ дар моҳи октябр низ идома кард.

Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон асосан аз барқи тавлидшуда дар неругоҳҳои обию барқии Сангтӯда-1 ва 2 тариқи хатти интиқоли 220 ва 110 кВ сурат мегирад, омадааст дар гузориши моҳонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ.

" Моҳи октябр дар маҷмӯъ 46,9 миллион кВт соат барқ ба Афғонистон интиқол ёфтааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш 2,7 миллион кВт камтар аст. Аз ҳаҷми умумии барқи тавлидии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 4,5 дарсади он ба Афғонистон содир гардидааст",- қайд мешавад дар гузориш.

Тибқи иттилои Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи январ то октябри соли равон 1 миллиарду 218 миллион кВт соат қувваи барқ бо маблағи наздик ба 40 миллион доллар содир гардидааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қабл аз рӯи ҳаҷм 40 % ва вобаста ба арзиши интиқолии барқ 32 дарсад бештар аст.

Моҳҳои январ-октябри соли 2013 интиқоли барқ аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 874 миллион кВт соат баробар бо арзиши 30 миллион доллар сурат гирифта буд. Умуман, аз оғози соли равон дар ҷумҳурӣ наздик ба 14 миллиард кВт соат барқ тавлид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2013 5 дарсад мебошад.

Интиқоли барқ ба таври реҷавӣ дар Тоҷикистон аз моҳи октябр шурӯъ гардида, ба иттилои сомонаи Barknest.tj аҳолии кишвар дар маҷмӯъ 6-8 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъмин аст.

Ҳамасола маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон аз тирамоҳ оғоз гардида то баҳори соли дигар идома меёбад. Дар ҳамин ҳол, низоми реҷавии интиқоли барқ ба пойтахти кишвар, марказҳои маъмурии вилоёт ва манотиқи саноатӣ дахл намекунад. Масъулини ширкати саҳҳомӣ-ҳолдингии "Барқи тоҷик" маҳдудияти интиқоли барқро ба он вобаста медонанд, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон сатҳи рудхонаи Вахш коҳиш ёфта, воридшавии об ба обанбори НБО-и Норак ( ки  80 дарсади барқи кишварро тавлид мекунад)  низ кам мешавад.    

Барчаспҳо:
Сангтӯда, Норак, Тоҷикистон, Афғонистон, барқ, содирот

Мавзӯъҳои асосӣ