Зарбаҳои буҳрон: соҳибкорон аз қарздорӣ тарки касбу кор мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевБинои Кумитаи надози назди ҳукумати ҶТ
Бинои Кумитаи надози назди ҳукумати ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумори онҳое, ки дар давоми соли 2015 фаъолияти соҳибкории худро қатъ кардаанд,кам нест.

Шӯъбаи нозироти андози ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамеша пур аз одам аст. Яке барои пардохти андози худ омада, дигарӣ мехоҳад дар бораи фаъолияти худ гузориш бидиҳад.

Шумори онҳое, ки мехоҳанд, соҳибкории худро расман ба қайд бигиранду иҷозатнома дарёфт кунанд низ кам нест. Инчунин, бо соҳибкороне ҳам метавон вохурд, ки барои барҳам додани ширкат ё коргоҳи хеш, ҳамзамон қатъи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар навбат истодаанд.

Бо ҷавонмарди тахминан 30-сола, ки худро Мансур муаррифӣ кард, мо ногаҳон назди баромадгоҳи ин шуъбаи рӯбарӯ шудем. Ҳамсуҳбати мо аз зумраи соҳибкороне будааст, ки дар пайи омадани вазъи буҳронӣ ва бепулӣ мехоҳад аз соҳибкорӣ даст кашад.

Болоравии қурби доллар дар Душанбе

"Иштибоҳи аввалии ман ин буд, ки соли гузашта аз бонк бо доллар қарз гирифтам. Ин ки ҳоло қурби доллар ба осмон баромадааст, хабар доред. Бар иловаи фоиз боз ҳар моҳ ман бояд қарзро бо доллар ё қурби вақт пардохт кунам. Боз ҳаққи иҷораи коргоҳу маоши корманд ва андоз супоридан лозим аст. Медонистам, ки кор мушкил хоҳад буд, аммо то ба ин андоза не", — гуфт Мансур дар шарҳи тасмими қатъи фаъолияти соҳибкориаш.

Ин тоҷири тозакор бовар надоштааст, ки қобилияти харидории мардум ва талаботи истеъмолӣ ба колои ӯ то ба ин сатҳ коҳиш меёфтааст. Ӯ дар бозор навъҳои гуногуни фурӯзонакҳои барқӣ мефурӯхтааст.

Барои ифтитоҳи як мағоза ва овардани коло аз хориҷ ӯ маҷбур шудааст, аз бонк 15 ҳазор доллари амрикоӣ қарз бигирад. Агар 15 ҳазор доллари амрикоӣ дар соли 2014 ҳудуди 80 ҳазор сомониро ташкил медод, ҳоло ин нишондод дар соли равон ба 105 ҳазор сомонӣ расидааст.

"Қисмати на он қадар хурди даромад ҳам ба ҳисоби андоз меравад. Дар ҳоле ки мо андозро аз рӯи даромади соф нею аз рӯи даромади нохолис месупорем. Албатта, аз иҷрои ин ҳама мебаромадам, агар қобилияти харидорон пойин намерафту ин буҳрон намеомад", — афзуд ӯ.

ВКД: боздошти ду соҳибкор барои напардохтани $500 ҳазор маблағи андоз

Тибқи иттилои расмии Кумитаи андози Тоҷикистон, дар давоми соли равон 57 ҳазору 694 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз миён 1480 шахси ҳуқуқӣ, 33 бахшу намояндагии ширкатҳои хориҷӣ ва 56 ҳазор соҳибкорӣ инфиродӣ мебошад, ки тибқи иҷозатнома ё шаҳодатнома кор мекунанд.

Шумори онҳое, ки дар давоми соли 2015 фаъолияти соҳибкории худро қатъ кардаанд ҳам кам нест. Танҳо дар давоми соли равон 26 ҳазору 365 нафар, ки 24 ҳазори онҳоро соҳибкорони инфиродӣ ташкил медиҳанд, ба фаъолияти соҳибкории худ хотима бахшидаанд.

Магар ин як чизи муқаррарист?

Ин зиёд аст ё кам? Масъулини Кумитаи андоз мегӯянд, ин як чизи муқаррарӣ асту раванди қатъи соҳибкорӣ ҳамеша ҳамин гуна буд. Бо вуҷуд иқрор мекунанд, ки вақтҳои охир нисбат ба як ё ду соли пеш як каме шумори ҳолатҳо зиёд шудааст ва инро ҳам ба буҳрони омада рабт медиҳанд.

Дар вазъияти буҳронӣ сокинон талош мекунанд, ки аз харидории ҳар гуна ашё худдорӣ намоянду ҳамеша чизҳои зарурӣ бихаранд. Ва ин чиз албатта ба нафароне зарба хоҳад зад, ки бо ворид кардани коло аз хориҷ машғуланд. Интиқоли маблағ ҳам коҳиш ёфта, ҳаҷми даромади сокинон низ поин рафтааст.

Дар бозори Шоҳмансур дар арафи Иди қурбон. 15 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: коҳиши нархи гӯшту мева дар Тоҷикистон

"Албатта, мо аз соҳибкорони муроҷиаткунанда мепурсем, ки барои чӣ фаъолияти худро қатъ мекунанд. Баъзеи онҳо баъд аз як сол ва бархеи дигар баъд аз 3 —4 сол фаъолияти соҳибкории худро қатъ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, кор мушкил шудаасту боз қарздор ҳам ҳастанд. Дар ин миён нафароне ҳастанд, ки шакли фаъолияти худро тағйир медиҳанду аз як соҳа ба соҳаи дигар мегузаранд. Яъне, барои мисол аз патент ба шаҳодатнома ва баъдан ба шахсони ҳуқуқӣ, ки албатта, шумори ин афрод хеле кам аст", — мегӯяд як масъули Кумитаи андоз.

Дар роҳрави бино боз бо ду шахси дигаре ҳам рӯбарӯ шудем, ки қасди қатъи патенти худро доштанд. Тавре маълум шуд, онҳо ронандаи нақлиёти мусофирбар будаанд. Барои маълумот: ҳаҷми пули патент барои ин навъи фаъолият 120 сомониро ташкил медодааст. Аммо ба ронандаҳои ҷавон ин нишондод муносиб несту Суҳроб мегӯъяд, ин миқдор пули патент гирифтан "ғоратгарӣ" аст.

"Беҳтар аст, ба Русия рафта кор кунам. Зеро дар он ҷо андоз намеситонанд. Пули андози ман як сол мешавад, ки ҷамъ шудаасту ман ҳоло фаҳмидам, ки онро бояд пардохт. 1440 сомонӣ ҳоло дар хазина супоридаму патенти худро бастам", — афзуд Суҳроб.

Лентаи хабарҳо
0