Баъди Обама: Осиёи Марказӣ бояд аз Клинтон ва Трамп интизори чӣ бошад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкНамоишгоҳи 12-уми "Салони лухтак". Акс аз бойгонӣ
Намоишгоҳи 12-уми Салони лухтак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносон бовар доранд, ки дар бастагӣ бо муноқишаҳо дар Сурия ва бад будани вазъият дар Ховари Миёна роҳбарони ҷадиди Амрико ба Осиёи Марказӣ диққати камтар хоҳанд дод

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Баъди чанде номи президенти нави Амрико маълум хоҳад шуд. Sputnik Тоҷикистон дар бораи афзалияти номзадҳо ва таъсири онҳо ба вазъи минбаъдаи Осиёи Марказӣ бо коршиносон сӯҳбат кард.

Ҳамааш аз пул вобаста аст

"Ба фикри ман дар сурати ғолибияти Клинтон дар сиёсати Амрико нисбати Осиёи Марказӣ чизе тағйир нахоҳад ёфт. То замоне, ки Клинтон ба таври назариявӣ президенти Амрико мешавад, масъалаи Сурия то он давра боз ҳам тезу тунд мегардад ва барои Осиёи Марказӣ вақт ҳам нахоҳад шуд",-изҳор дошт президенти Маркази тадқиқотӣ ва пешгӯӣ Ростислав Ишенко.

Асқар Акаев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Акаев: Вашингтон бо баҳонаи мубориза зидди терроризм ба ОМ ворид гашт

Ба фикри ӯ фаъолияти Амрико дар ин минтақа самти худро дигар мекунад. Фарқияти асосӣ миёни ғолибияти эҳтимолии Клинтон ва Трамп дар он аст, ки агар дар Осиёи Марказӣ дар нуқтае вазъияти номусоид ба вуҷуд ояд он аз ҷониби Клинтон ҳам аз тарафи сиёсӣ ва ҳам молӣ дастгирӣ хоҳад ёфт. Вале дар сурати ғолиб омадани Трамп бошад ба гуфти Ишенко чунин ҳолат сурат нахоҳад гирифт.

"Ман мехоҳам қайд намоям, ки худи ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрӯзҳо дар Осиёи Марказӣ нияти роҳандозӣ кардани барномаеро надоранд, на барои он ки лозим нест, асбатта онҳо мехоҳанд, ки ҷойи Русия ва Чинро дар ин минтақа танг кунанд, вале сабаб ин аст, ки онҳо барои боло бурдани таъсири худ дар минтақа захира надоранд",-қайд кард коршинос.

Ба қавли Ишенко Ховари Миёна аз ҷумла Сурия барои онҳо самти афзалиятнок аст.

"Агар онҳо имрӯзҳо захираҳои иловагӣ медоштанд, мо инро дар шакли бад будани вазъият дар тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ мушоҳида мекардем. Ва мушкилоти асосӣ ин аст, ки захираҳои онҳо ба поён мерасанд ва онҳо маҷбуранд, ки диққати худро ба як самт равона намоянд",-мегӯяд Ишенко.

Маҳз ба ҳамин хотир коршинос бар он аст, ки аз ғолибияти ин ё он номзад сиёсати онҳо нисбати  кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйир нахоҳад ёфт, вале аз муҳорибаҳои хунин низ ягон нафари онҳо даст нахоҳанд кашид.

"Дар ҳоли ҳозир гап на сари фаъол будани Амрико дар минтақа аст, балки дар устувории низоми дохилӣ",-хулоса кард Ишенко.

Клинтон думи худро зер намекунад

Ба фикри директори маркази тадқиқотии Донишгоҳи муносибатҳои байналмиллалии Маскав Андрей Казантсев масъалаи асосӣ дар сиёсати Амрико ҳамоно Афғонистон боқӣ мемонад.

"Ҳоло дар бораи берун кардани низомиёни амрикоӣ аз қаламрави Афғонистон қарор қабул нашудааст. Барои ҳамин ҳам нахуст Осиёи Марказӣ аз ҳисоби Афғонистон ноором хоҳад шуд",-мегӯяд коршинос.

Замир Кобулов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кобулов: ҳаводиси Афғонистон вазъияти Тоҷикистонро мушкил месозад

Дар сурати ғолиб омадани Клинтон Амрико низомиёни худро аз хоки Афғонистон берун нахоҳад кашид. Чун Клинтон худ дар тӯли чанд сол  (аз 2009 то 2013-шарҳ аз идора) дар вазифаи Котиби давлатии ИМА буд, ва ӯ ба интихоби стретегии Барак Обама оид ба Афғонистон даст дошт.

"Дар сурати баровардани низомиёни амрикоӣ аз қаламрави Афғонистон толибон онро таҳти назорати худ гирифта, Барак Обамаро тамоми ҷаҳон дар хатогии навбатӣ чун (Ҷорҷ Буш-и хурдӣ барои сиёсати ИМА дар Ироқ) маҳкум хоҳанд кард. Ин айбдориҳо дараав ба сӯи Клинтон равона мегарданд ва барои нигоҳ доштани обрӯи сиёсии худ, Клинтон низмоиёни амрикоиро аз Афғонистон берун нахоҳад кашид",-мегӯяд бо боварӣ сиёсатшинос.

Барои Доналд Трамп бошад чунин сиёсат ба фоида ӯ хоҳад буд, дар сурати баровардани низомиён аз Афғонистон ӯ метавонад обрӯи Обамаро паст кунад, илова кард Казантсев.

Ишенко низ бо чунин ақидаи Казантсев розӣ буда қайд менамояд, ки аз Клинтон ҳеҷ тағйиротеро нисбати ҳамсоякишвар-Афғонистон интизор шудан нашояд. Амрикоиҳо барои манфиатҳои худ дар кишвар сафи толибонро ҳамоно зиёд мекунанд, то ба воситаи онҳо кишварро зери таъсири худ қарор диҳанд.

Сиёсатшинос бовар дорад, ки хилофи Трамп, ки кушиш мекунад, то низомиёни Амрикоро аз ҳудуди Афғонистон берун орад, Клинтон чунин корро анҷом нахоҳад дод.

Муқовимати доимӣ

Мувофиқи пешгӯии Казантсев дар бораи муқобилияти Русия ва ИМА оид ба Осиёи Марказӣ, ин муқовимат шиддат хоҳад ёфт.

"Агар дар интихоби президентии ИМА Трамп ғолиб ояд, эҳтимолан ӯ бо Русия ҳамкориҳоро хубтар хоҳад кард, вале агар Клинтон ғолиб ояд вазъият аз пеш ҳам бадтар мешавад", мегӯяд коршинос.

Бордюжа: СПАД бо НАТО ҷанг намекунад, вале аз ҳамла хавф надорад

Ба гуфти ӯ миёни назарҳои ин ё он номзад дар бораи Осиёи Марказӣ фарқ набояд гузошт.

"Албатта, Осиёи Марказӣ барои ИМА наонқадар аҳамияти калон дорад. Ин минтақа танҳо барои ҳамсояи Афғонистон дар маркази диққати ИМА қарор гирифта буд. Дар ҳоли ҳозир бошад, вобаста ба таъсири Русия ва Чин дар ин минтақа ИМА манфиатдори ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ шудааст",-изҳор дошт Казантсев.

Интихоботи президентӣ дар Амрико санаи 8-ноябри соли равон баргузор мегардад. Собиқ Котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон аз ҷониби ҳизби демократӣ ва Доналд Трамп бошад аз ҷониби ҳизби ҷумҳурихоҳон номзадии худро ба мақоми президентӣ гузоштаанд.

Лентаи хабарҳо
0