04:28 25 майи 2017
Пахши мустақим
Ҳисоб кардани пул. Акс аз бойгонӣ

Рейтинги саховатмандӣ: Тоҷикистон кам Узбакистон зиёд

© Sputnik Игорь Лекаркин
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
46 0 0

Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта дар раддабандии саховатмандӣ якбора 14 зина поён рафтааст. Саховатмандтарин кишвари Осиёи Марказӣ бошад Узбакистон дониста шуд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Рейтинги саховатмандӣ-2016 аз ҷониби ташкилоти Gallup, дар байни 145 кишвари дунё гузаронида шудааст.

Мақоми кишварҳо аз якчанд нишондод вобаста мебошад: ташкилотҳои хайриявӣ ва кумаки пулӣ, кори ризокорон, ёрӣ додан ба нафари ношинос.

Тоҷикистон аз рӯи раддабандӣ дар мақоми 84-ум қарор гирифтааст. Мутаассифона ин иншондод хеле кам буда, кишвари мо соли гузашта дар ҷои 73-юм нишаста буд.

Зиёда аз ин соли 2014 Тоҷикистон аз рӯи саховатмандӣ аз байни 135 кишвари дунё дар зинаи 34-ум қарор дошт. Саховатмандтарин кишвари Осиёи Марказӣ, бо гирифтани ҷои 11-ум Узбакистон гардид. Туркманистон дар зинаи 14-ум қарор гирифта, Қирғизистон ҷои 34-умро аз худ кардааст. Қазоқистон бошад аз байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ охирин шуд-96.

Русия дар зинаи 126-ум қарор гирифта, Афғонистон мақоми 78-умро аз худ кардааст.

Ҳайратовар аст, ки мақомҳои аввал насиби Мянма ва ИМА шудааст. Ҳамчунин дар даҳгонаи пешсаф-Австралия, Зеландияи Нав, Шри-Ланка, Канада, Индонезия ҷой гирифтаанд. Дар ҷойи охири рейтинг Чин бо гирифтани мақоми 140-ум ҷойгир шудааст.

Барчаспҳо:
аз даст додани 14-зина, мақоми 84-ум, Gallup, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ