13:07 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Иля Кравченко. Акс аз бойгонӣ

Коршинос: Трамп дар бораи Тоҷикистон ва Узбакистон дониши "базавӣ" дорад

© Фото: из личного архива Ильи Кравченко
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (10)
26310

Дунё баъди интихоботи президентии ИМА оҳиста оҳиста ба худ меояд. Роҳбарони давлатҳо ба Трамп барқияҳои шодбошӣ равон мекунанд, коршиносон кӯшиш менамоянд, ки амалҳои ояндаи ӯро пешгӯӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон коршиноси  "Шӯрои Русия оид ба муносибатҳои байналмилалӣ", Иля Кравченко қайд кард, ки Доналд Трамп,  дар бораи минтақаи мураккаб-чун Осиёи Марказӣ дониши базавӣ дорад.

"Дар бораи чӣ гуна паҳн шудани таъсири ИМА дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Трамп касе намедонад. Камаш бояд то 20-январ интизор шуд. Эҳтимолан дахолати фаъол ба корҳои давлатӣ ва таъсири рӯйрост нахоҳад буд, фақат "фишори нарм". Трамп соҳибкор аст, ӯ сиёсатмадор нест.  Рейганро  ба ёд биёред. Инҳо консерваторон ва сиёсатмадорони авлодӣ нестанд. Ӯ нисбати ҳамаи чиз нигоҳи худро хоҳад  дошт",-мегӯяд Иля Кравченко.

Коршинос бо боварӣ мегӯяд, ки ИМА аллакай дар бораи таъсири Русия ва Чин ба Осиёи Марказӣ пай бурд, ки ин кишварҳо аз Осиёи Марказӣ дур намераванд, барои ҳамин бо мақсади бештар кардани таъсири худ, ИМА роҳҳои иловагиро ҷустуҷӯ мекунад.

"Биёед ба ёр биёрем, ки Трамп академияи ҳарбиро хатм кардааст, ӯ ҷонибдори тартибу интизом аст. Дар баробари ин ӯ "кавбо"-и классикӣ нест. Ва ӯ дар Тоҷикистон, Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ чун "ковбой" амал намекунад. Дар дастаи ӯ натанҳо аъзоёни ҷумҳурихоҳон, нафароне,ки бо ӯ муқобиланд ва онҳоеро, ки ӯ дар интихоботи дохилӣ мағлуб карда буд ҳастанд, балки дигарон низ мавҷуданд. Трампро конгресс ва марказҳои гуногуни тадқиқотӣ, ки ӯ дар кори худ ба онҳо такя хоҳад кард, дастгирӣ менамоянд",-тасдиқ мекунад коршинос.

Дар баробари ин ба гуфти Иля Кравченко набояд таъсири ИМА-ро ба вазъияти Осиёи Марказӣ, махсусан ба фаъолияти ҷангиён дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон баҳои баланд дод.

"Оне, ки мегӯянд амрикоиҳо доимо барои расонидани таъсир ба Тоҷикистон, Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ террористонро истифода мебаранд, афсона аст. Давлатҳои заифи Осиёи Марказӣ ба касе лозим нест, ҳатто ба Русия. Ба онҳо минтақаи ором лозим аст. Албатта ҳукумати Трамп таъсири иқтисодии худро истифода мебарад. Онҳо дарк карданд, ки таъсири пул нисбат ба таъсири ҳавопаймо ва дахолати рӯйрости низомӣ, самараноктар аст",-қайд кард Иля Кравченко.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз натиҷаи интихоботи президентӣ дар ИМА муайян гардид. Дар рақобати намояндаи ҷумҳурихоҳон Трамп ва демократ Клинтон, Трамп ғолиб омад. Ӯ 45-умин президенти ИМА шуд.

Мавзуҳо:
Интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (10)

Мавзуъ

Раҳмон ба Трамп: ҳамкорӣ бо ИМА самти муҳими сиёсати Тоҷикистон аст
Клинтон ғолибияти Трампро дар интихобот эътироф кард
Барчаспҳо:
фаъолияти Трамп дар ОМ, таъсири Амрико, вазъияти ОМ, Иля Кравченко, ОМ, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ