22:29 21 ноябри 2017
Пахши мустақим
Оила аз Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Сокинони Душанбе аз Рустам чиро интизоранд: ҷойи кор, мактаб ё роҳ

© Sputnik / Илья Питалев
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
19101

Коршиносони Sputnik Тоҷикистон иброз доштанд, ки бояд раиси нави пойтахт бо кадом масъалаҳои шаҳрдорӣ аҳамияти махсус диҳад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik, Рубен Гарсия.Мири шаҳри Душанбе, писари калонии президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баъди  таъин гаштанаш ба ҳайси мимри шаҳри Душанбе,  дарҳол баромад намуда, дар бораи самти фаъолияти хеш суханронӣ кард.

Ӯ самти фаъолияти минбаъдаи хешро дар  таъмин намудан бо оби тоза, қувваи барқ, риоя намудани қонунгузорӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳо нишон дод.

Аммо барои сокинони шаҳри Душанбе аз ҳама муҳим сохтмони манзил ва таъмин намудан бо ҷойи кор мебошад.

Бо баробари сохтмон масъалаи ташкил намудани ҷойҳои холии корӣ ҳал мешаванд.

То куҷо амалӣ гаштани ин қарор то ҳол маълум нест. Дар буҷҷаи давлат маблағ барои ҳал кардани масъалаи бекорӣ мерасад ё не, аниқ нашудааст.

Ба гуфтаи сиёсатшинос аз ҳама муҳимааш бояд барои рушди тиҷорати миллӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ба он намояндагони касбу кори гуногун ҷалб карда мешаванд.

"Масъалаи ташкил намудани ҷойи корӣ ҳамеша мавҷуд буд ва ҳал шудани ин мушкилӣ барои сокинони шаҳр хело муҳим аст. Аммо бояд баробари аз ҷониби давлат ташкил намудани ҷойи корӣ ин масъаларо аз ҳисоби тоҷирони инфиродӣ ҳал кардан, хуб мешавад. Аммо барои ин ба мири шаҳр лозим аст, ки соҳибкоронро ҳавасманд гардонад ва манеаҳои гуногуни маъмуриро бо монанди санҷишҳои инспексионӣ ва тафтишҳо, ки тоҷиронро метарсонад, аз байн бардорад",- мегӯяд Рашид Ғанӣ Абдулло.

Дар ҳақақат мувофиқи пурсиши гузаронидаи Sputnik  Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи таъмин кардан бо ҷийи корӣ ва манзил бештар сокинони шаҳрро нигарон кардааст.

"Тамоми бандҳои нишондодаи раиси шаҳри нав  муҳим мебошанд, аммо бояд ҳамаашро бо таъмин намудан бо ҷойи корӣ дар тамоми укишвар сар кард",- менависад яке аз фаъолони Facebook
Дигар аъзои Facebook чунин қайд мекунад:

— Ҳамаи бандҳои сармашқи раиси нав муҳим аст, лекин аз ҳама асосаш таъмин намудан бо ҷойи корӣ аст, ки  аз бекорӣ безор шудем.

Бо вуҷудӣ ин ҳал шудани ин мушкилӣ ба гумон аст.

"Масъалаи бо шаффафият истифода бурдан аз буҷаи давлатӣ муҳим аст. Аммо барои ин иродаи сиёсӣ намерасад, барои он ки корпуси вакилони шаҳрии мо аз як ҳизб иборат аст. Вобаста ба ин тамоми масъалаҳои молиявӣ бе он ки пешакӣ бо аҳолӣ ё бо намояндагони дигар ҳизбҳо баррасӣ шаванд, яктарафа ҳал карда мешаванд.  Дар ҳоле ки ин масъаалаи институтсионалӣ ҳал нашавад, ҳатто ҳадафҳои муҳими беҳдошти пойтахт ҳал намешавад", — мегӯяд муовини раиси Ҳизби Сотсиал- демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов.

Ба ғайр аз ин Ҳакимовро "тағийроти кадрии аз ҳисоби ҷавонон" нигарон кардааст, ки бо баробари нерӯманд ва донишманд будани ҷавонон онҳо  таҷрибаи кофӣ надоранд.

Барои мисол тағироти кадриро дар телевезиони "Пойтахт"  ба назар гирем, ба ҷойи собиқ котиби матбуоти Муҳмадсаид Убайдуллоев Сӯҳроб Рауфовро таъин карданд, ки вайро расонаҳои маҳаллӣ "кадри ҷавонон" меноманд.

Ғайр аз ин масъалаи коррупсия дар идораҳои давлатӣ то ҳол боқӣ мемонад, ки бо он ду соли охир Рустами Эмомалӣ мубориза мебурд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2015 инҷониб Рустами Эмомалӣ вазифаи раиси Оҷонсии мубориза бо фасодро ба ӯҳда дошт.

Барчаспҳо:
масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ, тағийроти кадрӣ, Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, Шокирҷон Ҳакимов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ