22:13 24 июни 2017
Пахши мустақим
Президенти ФР В. Путин ва президенти Белорус Александр Лукашенко

Баҳсҳои Русия ва Белорус: Тоҷикистон чӣ дахл дорад?

© Sputnik / Алексей Дружинин
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
338 0 0

Агар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил шавад, танҳо ба хотири манфиатҳои худ аъзо мегардад

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik, Рубен Гарсия.Баъд аз 25 соли пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 ҷумҳурии пасошӯравӣ ҳар яке кӯшиш намуд, ки роҳи худро интихоб кунад.

Яке пурра худро  мустақил эълон кард ва ба маҳдудиятпарастӣ машғул шуд, ба монанди Туркманистон. Дигаре  кӯшиш намуд, ки аз гузаштаи худ- робита бо Иттиҳоди Шӯравӣ,  то метавонад бештар даст кашад ва ба Ғарб рӯ оварад — кишварҳои Прибалтика.

Дар навбати худ Русия, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон ва Арманистон, баъд аз бист соли истиқлолияташон қарор карданд, барои якҷоя ҳал намудани мушкилиҳои иқтисодӣ,  фазои ягона иқтисодӣ ташкил кунанд.

Маҳз ҳамин тавр Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба вуҷуд омадааст. Ташкилоти байналмиллалие, ки мақсади он таъмини сиёсати иқтисодии ягона (муҳимаш- самаранок) мебошад. Дар муддати кӯтоҳ иттиҳод исбот кард, ки аз ӯҳдаи ин вазифа ба пуррагӣ баромада метавонад.

Ғайр аз ин, чунин иттиҳоди бузург,  ҳамгироии сиёсӣ низ ба ҳисоб меравад.  Иттиҳоде, ки дар он байни кишварҳои аъзои он метавонад баҳсҳои мухталиф  ба миён ояд.

Сухан дар бораи баҳсҳои ба миёномадаи байни Белорус ва Русия меравад, ки бо ин ё он роҳ метавонад бо эродҳои сиёсӣ,  хулосаҳои яктарафа ё пешакӣ, таҳримҳо-  ба мисли манъи воридоти молҳо ё ҷанг бо сухан дар сатҳи олӣ дар атрофи нархи гази Русия анҷом ёбад.

Sputnik Тоҷикистон аз коршиносони масоили  байналмиллалӣ пурсон шуд, ки чӣ гуна баҳсҳои байни Русия ва Белорус дар таркиби  ЕврАзЭс ба сифати як иттиҳоди иқтисодии устувор, метавонад ба қарори воридшавӣ ба иттиҳоди мазкур аз ҷониби якчанд кишварҳо, ба монанди Тоҷикистон, таъсир расонад.

"Ба ҳамаи он нигоҳ накарда, ки ҳоло муносибати кишварҳои мо дар кадом сатҳ қарор дорад,  ҳукумати Тоҷикистон  оид ба масъалаи воридшавӣ ба   Иттиҳод, танҳо мақсад ва фоидаи худро пайгирӣ мекунад ва муносибати Белорус бо Русия дар ин ҷо ягон нақшро намебозад",- мегӯяд роҳбари Шӯрои Русия оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ Андрей Кортунов.

Ба гуфтаи вай,  ФР ва ҶБ пеш аз ягон изҳорот бояд аввал таҳаммул кунанд, ки ҳар ду ҳукумат низ, дар болои эҳсосот қарор қабул накунанд.

Дар масъалаи воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳодии иқтисодии АвруОсиё дигар коршинос — саридории иқтисодии Бонки рушди АвруОсиё Ярослав Лисоволик ақидаи Андрей Кортуновро дастгирӣ мекунад.

"Кишварҳое, ки дар бораи воридшавӣ ба Иттиҳоди АвруОсиё мулоҳиза мекунанд, ин интихобе нест, ки  аз тағийроту омилҳои пешакӣ асос гирифта бошад  ё аз баҳсҳои ҷузъии кишварҳои аъзои Иттиҳод вобаста гардад. Ҳукумат бояд дарк кунад, ки иштирок дар лоиҳаҳои ҳамгироии дарозмуддат — ин масъалаи солҳои зиёд, даҳсолаҳо ба ҳисоб меравад ",- гуфт иқтисодчӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба ақидаи вай, ба қарори Тоҷикистон дар бораи воридшавӣ ба Иттиҳод метавонад таҷрибаи Қирғизистони ҳамсоя таъсир расонад.

"Барои Тоҷикситон  иштирок дар лоиҳаҳои ҳамгироии минтақавӣ муфид аст,  мисли СҲШ (Созмони ҳамкориҳои Шанхай), ки дар он, на танҳо аъзоёни Иттиҳоди АвруОсиё иштирок мекунанд,  балки кишварҳои севвум ба монади Чин низ, ширкат доранд.  Бо ҳамин маъно иштирк дар Иттиҳоди иқтисодииАвруОсиё барои гирифтани фоидаи иқтисодӣ ба Тоҷикистон имкониятҳои бештар медиҳад",- қайд мекунад Ярослав Лисоволик.

Агар ба мушаххасоти муноситабҳои ҷумҳурии Белорус ва Русия нигарем, ки таҷрибаи онҳо барои дигар кишварҳои Осиёи Миёна низ қобили қабул аст, дар ин ҷо ба ақидаи проректор оид ба корҳои илмии МИГИМО ВКД ФР Евгений Кожокин бояд назар кард, ки мегӯяд "муҳим он аст, ки ҳангоми баҳси сиёсӣ бо Белорус Русия бояд муносибати кишварро бо шаҳрвандони оддии ин ҷумҳурӣ вайрон накунад".

"Ман гуфта метавонам, ки низоми имрӯзаи ҳукумати Белорус — низоми гузариш аст.  Аллакай, қисмати бештари тафаккури сокинони Белорус, бештар аврупоӣ аст, беш аз ҳама тафаккури насли ҷавони кишвар.  Рӯзе мешавад, ки онҳо дигар роҳро интихоб мекунанд ва аз муносибат бо Русия даст мекашанд. Мо бояд ба ин тайёр бошем, ба болои ин, дар ин бора аллакай дар Аврупо ва ИМА гап мекушоянд",- қайд кард Кожокин дар нишасти матбуотӣ дар  маркази матбуот МИА "Россия сегодня".

Ёдовар мешавем, ки ба наздикӣ роҳбари Хадамоти федералии амнияти ФР Александр Бортников якбора бо якчанд фармон дар сарҳади Русия ва Белорус минтақаҳои сарҳадӣ ташкил кард. Ба гуйфтаи вай минтақаи сарҳадӣ барои он лозим аст, ки "барои нигоҳ доштани сарҳади давлатии  ФР шароити муфид фароҳам меоварад".

Дар навбати худ ВКХ Белорус изҳор дошт, ин амали Русия мухолифи сиёсати сарҳадҳои кушодаи кишварҳои аъзои Иттиҳод ба ҳисоб меравад. Дипломатҳои ин кишвар қайд карданд, ки Русия бе огоҳии пешакӣ ва мувофиқа ба ҳукумати Белорус минтақаи сарҳадӣ ташкил кардааст.

Мавзуъ

Нисневич: коррупсия дар ОМ-мероси Иттиҳоди Шӯравӣ аст
Шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё баррасӣ мегардад
Барчаспҳо:
муносибат, иқтисод, баҳс, фоида, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Тоҷикистон-Русия-Белорус

Мавзӯъҳои асосӣ