22:12 24 июни 2017
Пахши мустақим
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Диплумосии Русия дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Р. Мангасарян
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
44061

Коршиносон мегӯянд, ки омӯзиши сабаби асосии шурӯъ шудани муноқишаҳо байни шаҳрвандон, ки боиси оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуд, ҳоло дар пеш аст

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik, Рубен Гарсия. Русия ва Тоҷикистон ду моҳ пас 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ миёни ду кишварро ҷашн хоҳанд гирифт.

Ду кишвар паймони дӯстиву ҳамкориро дар шароите номусоид баста буданд. Он замон Иттиҳоди Шуравӣ тоза фурӯ пошида буд, Русия ҳам тоза созишномаи Беловежро имзо карда буд ва Кремл, ки чанде пеш империяи бузурги Шуравиро раҳбарӣ мекард, акнун ба зур гароишҳои гурез аз марказ дар дохили Русияро саришта мекард.

Кишвар дар остонаи буҳрони қонунгузорӣ қарор дошт, ки саранҷом дар моҳи октябри соли 1993 бо даргириҳои мухолифон ва ҷонибдорони Елтсин сар зад.

Дар Тоҷикистон вазъият бадтар аз он буд. Ҷанги дохилӣ доманадор шуда буд ва ҳукумати вақти кишвар ҳануз бар мухолифонаш даст наёфта буд. Нахустин ҷараққаҳои ҷанги оянда рухдодҳои моҳи феврали соли 1990 шуданд.

Раҳимбек Бобохонов, корманди маркази таҳлилии Фарҳангистони улуми Русия, дар ин бора дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт: "Сабаби шуруъ шудани беназмиҳо дар Тоҷикистон таҳрикҳову ангезаҳои оддӣ буд, на сиёсӣ. Он замон овозаҳое сар дода буданд, ки гӯё ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад паноҳҷӯён аз Қаробоғро, ки шумораашонро ҳам бузургнамоӣ карда буданд, дар Душанбе хона бидиҳад. Ҳамин овоза баҳона шуду мардум барангехта шуд, ки чаро давлат ба ҷои ёрирасонӣ ба шаҳрвандони худ, мехоҳад кадом як мушкилоти сиёсиеро ҳал кунад. Баъди ин мардум ба кӯча баромаданд".

Ҳамон сол дар моҳи август "Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шуравии Сусёлистии Тоҷикистон" тасвиб шуд ва созмонҳои гуногуне, ки муттаҳам ба роҳандозии беназмиҳо шуда буданд, расман номнавис шудаву оғоз ба фаъолият карданд.

Қудратро дар кишвар Раҳмон Набиев ба даст овард ки қарор дод бо мухолифони сиёсӣ бо неруи низомӣ мубориза барад ва дастур дод мухолифони асосӣ боздошт шаванд. Вале ин бархурд натиҷаи воруна дошт: дар паи додгоҳӣ кардани мухолифон ҷонибдорон ва мухолифони ҳукумат даст ба тазоҳуроту майдоннишинӣ заданд.

Дар паи ҳамин тазоҳурот буд ки майдоннишинҳо ба ду ҷабҳа тақсим шуданд ва кишварро ба коми ҷанги тамомиъёри шаҳрвандӣ кашонданд. Аз як сӯи сангарҳо Фронти халқии Тоҷикистон қарор гирифт, ки ҷонибдори "барқарорсозии низоми конститутсионӣ" буд ва аз сӯи дигар — Иттиҳоди мухолифин ба раҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

Ногуфта намонад, ки дар оғози муноқиша, ки ҳануз даргириҳо табдил ба ҷанг нашуда буданд, афроде дар он фаъолона ширкат мекарданд, ки дертар дар майдони сиёсии Русия ному нишоне ба даст оварданд.

Раҳимбек Бобохонов мегӯяд: "Ман дар бойгонӣ номи фаъолони он беназимҳоро пайгирӣ мекардам ва касонеро пайдо кардам, ки дертар на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Русия низ машҳур шудаанд. Яке аз онҳо Ҳайдар Ҷамол аст, ки замони беназмиҳо дар шаҳри Душанбе буд".

Шаҳрвандони Русия дар бораи рухдодҳои хунини 25 сол пеш, ки барои Тоҷикистони муосир мабдаъи торих ҳастанд, чизе намедонанд. Гарчӣ Русия он замон худ гирифтори мушкилоти дохилӣ буд, вале мавқеъгирияш пеш аз оғози ҷанг дар Тоҷикистон низ рӯшан буд ва аз ҷонибдорони "барқарорсозии сохтори конститутсионӣ" пуштибонӣ мекард.

Дар ин бора Сергей Рекеда, мудири кулли Маркази пажӯҳишиву таҳлилии равандҳои сиёсиву иҷтимоъӣ дар кишварҳои пасошуравӣ дар Донишгоҳи давлатии Маскав, мегӯяд: "Нодуруст мешавад, агар ин низоъро падидае дур аз манфиатҳои Русия бишморем. Нахуст ин, ки Русия он замон дар қаламрави худ дар Қафқози Шимолӣ бо чунин мушкиле мубориза мебурд. Дувум ин ки ҳеч замонате мавҷуд набуд, ки агар исломгароёни тундрав қудратро дар Тоҷикистон ба даст меоварданд, нуфузашонро бар кишварҳои ҳамсоя низ густариш намедоданд ва то марзҳои Русия пешравӣ намекунанд".

Вале то замони роҳандозии равобити сиёсӣ бо Тоҷикистон, таъсиргузории Русия дар рухдодҳо дар ин кишвар чандон эҳсос намешуд ва фаротар аз посбониву нигаҳдории созаҳои низомӣ ва иқтисодие чун неругоҳҳои барқи обӣ аз сӯи Пойгоҳи 201 намерафт.

Раҳимбек Бобохонов бар ин бора чунин мегӯяд: "Он замон таъсири Русия бар Тоҷикистон, бегумон, бисёр коҳиш ёфта буд. Русия он замон наметавонист ҳатто мушкилоти дохилӣ бо ҷумҳуриҳои миллияшро ҳал кунад. Баръакс таъсиргузории Эрон, амрикоиҳо ва қисман Афғонистон ки аз мухолифин пуштибонӣ мекард, афзоиш ёфта буд. Вале сипас ки низомиёни пойгоҳи 201 вориди амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Тоҷикистон шуданд, асаргузории Русия низ дар ҳаллу фасли низоъ бештар шуд".

Вале коршиносон бар ин боваранд ки масъалаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва нақши Русия дар ҳаллу фасли низоъ мавзуи бузурге барои пажӯҳиш аст. Аммо барои ҷустору пажӯҳиш дар ин замина ҳанӯз шароит муносиб нест ва бисёре аз асноду мадорик ҳам сиррӣ ва комилан маҳрамона буда, дастрас нестанд. Касоне ҳам ки он рухдодҳоро хуб дар ёд доранд, ба хотири амният ёддоштҳои худро изҳору мунташир нахоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи сулҳ миёни тарафҳои тоҷикон дар Кремл ба поён расид. Дар пояи он оштинома, раҳбарии кишварро пас аз Раҳмон Набиев Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт ва намояндагоне аз мухолифин низ дар мақомҳои баланде дар давлат ва маҷлиси кишвар расиданд.

Мавзуъ

Саҳифагардонӣ: “Ҷанг дар Европа, Африка ва Азия”
Барчаспҳо:
сабаби низоъ, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ