Реактори ҳастаии “Аргус”-ро дар ҶТ бо мақсади сулҳ барқарор мекунанд

© Sputnik / Борис Ушмайкин / Гузариш ба медиабонкОзмоишгоҳи радиохимиявӣ. Акс аз бойгонӣ
Озмоишгоҳи радиохимиявӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати "Росатом" барои рушди соҳаи металлургия, тадқиқотҳои тиббӣ ва соҳаи кишоварзӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунад

ДУШАНБЕ, 1 мар- Sputnik, Рубен Гарсия. Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи энергияи атомӣ рушд медиҳанд.

Роҳбари  "Росатом"  Сергей Лихачев  бо президенти академияи илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимов оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна созишнома ба имзо расонид.

Намояндагони ширкати атомӣ дар бораи иштироки мутахассисони рус дар барқарорсозии реакторҳои ҳастаии ҶТ ҳарф мезананд.

Ин ҷо сухан на дар бораи сохтмони иншооти нав ва ташкили он меравад, чун Русия чунин лоиҳаро сармоягузорӣ нахоҳад кард, ва барои Тоҷикистон низ дар танҳоӣ барқарор кардани ин иншоот осон нест.

Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Аз энергияи атомӣ то шуғли аҳолӣ: имзои 6 санад миёни Тоҷикистону Русия

Эҳтимол "Росатом" барои барқарор намудани "Аргус"-ягона реактори ҳастаӣ дар ҷаҳон, ки дар асоси маҳлулҳои намак кор мекунад, кӯмак хоҳад кард. Реактор ҳанӯз дар даврони ИҶШС сохта шуда, баробари шурӯъ шудани ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) кори худро қатъ кард.

Денис Москвин аъзои Думаи давлатии ФР оид ба сиёсати иқтисодӣ, мегӯяд, ки "созишнома ба азсаргирии кори реактори ҳастаии "Аргус" дар Душанбе кӯмак мекунад. Гурӯҳи ширкатҳои русиягӣ  омодаанд кори ин маркази тадқиқотиро барқарор намоянд.

"Аргус" имкон медиҳад дар Тоҷикистон изотопи молибден-99, ки дар тибб барои ташхиси бемориҳо васеъ истифода мешавад, истеҳсол намояд".

Александр Уваров роҳбари "Атоминфо-Центр" низ бо Денис Москвин ҳамфикр аст.

"Вақте мо дар бораи реакторҳои таҳқиқотӣ сухан мегӯяд, қабл аз ҳама ин-истеҳсоли изотопҳои радиоактивӣ мебошад. Дар тибб ин навъи маҳлул барои ташхиси бемориҳои вазнин, дар саноат бошад-барои вайрон нашудани идораи санҷиши рафтори ин ё он мавод истифода мешавад".

Атомҳо ҳамчунин  дар соҳаи металлургия, зимни ҳамроҳкунии металл васеъ истифода мешаванд, ки барои Тоҷикистон  актуалӣ аст, чун алюминий муҳимтарин маҳсулоти содиротии кишвар ба ҳисоб меравад.

Ба қавли аъзои Думаи давлатии Русия барои Тоҷикистон дастовардҳои "Росатом" дар соҳаи истеҳсоли мошини энергетикӣ аз ҷумла лоиҳаи "Мини-ГЭС дар контейнерҳо" манфиатбор хоҳад  буд.

Тоҷикистон Сангтӯда-1-ро ба хотири "Барқи Тоҷик" аз андоз озод кард

Дар баробари миталлургия ва энергетика технологияи "Росатом" дар соҳаи дигари содиротии Тоҷикистон-кишоварзӣ метавонанд ба кор ояд.

"Ин нобуд кардани ҳашаротҳои зараровар ва безараргардонии маҳсулот-гандум ва меваҳо мебошад. Масалан агар ба себ бо нурҳои гамма таъсир расонем, онҳо дер боз намуди  бозории худро гум намекунанд. Дар баробари ин онҳо барои истеъмол безарар  мемонанд",-қайд мекунад Александр Уваров.

Дар соҳаи тадқиқоти амалӣ ба назари ӯ академияи илмҳои кишвар "Аргус"-ро метавонад барои ҷорӣ намудани технологияи таҳлили фаъолкунанда барои иктишофи захираҳои маъданӣ ва ҷустуҷӯи металлҳои қимматбаҳо истифода кунад.

Денис Москвин бар он аст, ки  Тоҷикистон  дар танҳоӣ аз ӯҳдаи мероси 15 миллионаи павртовҳои маъдании уранаш намебарояд.

"Дар даврони ИҶШС майдонҳои бузурги тавлиди уран мавҷуд  буд.  Айни замон бошад, дар ноҳияи Истиқлол надики 15 миллион тонна парвотҳои уран  ҷойгир аст. Кишвар дар танҳоӣ  аз ӯҳдаи чунин мерос намебарояд. Барои ҳамин иштироки "Росатом" дар ин лоиҳа бамаврид хоҳад буд".

Барнома ҳанӯз соли 2012  омода шуда, дар кишварҳои созмони Иттиҳоди Иқтисоди АвруОсиё роҳандозӣ шудааст.

Мувофиқи матни барнома ҳамкории Тоҷикистон бо "Росатом" имкон медиҳад, то "дар Тоҷикистон низоми миллии бехатарии радиотсионӣ, ки чорабиниҳои тиббӣ-санитарӣ оид ба бехатарии аҳолиро дар бар мегирад, ташкил дода шавад".

Барқарорсозӣ бояд дар наздикии Табошаҳр, ки дар ин ҷо миқдори зиёди маводҳои бузурги кӯҳии дорои радионуклидҳо, ки ба минтақаҳои атроф зарари бузург дорад, роҳандозӣ шавад.

Лентаи хабарҳо
0