02:56 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Ширкаткунандагони иқдоми Донишҷӯён зидди эътиёд

Коршиносони СММ: эътиёд дар миёни занон рӯ ба афзоиш ниҳода аст

© Sputnik / Дмитрий Коробейников
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
2601

Коршиносон мегӯянд, далели аслии муътод шудани занон афсурдагӣ аст

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik, Рубен Гарсия. Бино бар гузориши Кумитаи байнулмиллалии кунтрули маводи мухаддир, шумораи занони муътод дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст.

Коршиносони ин ниҳоди вобаста ба Созмони миллали муттаҳид аз кишварҳои ҷаҳон хостаанд то барои коҳиши эътиёд миёни занон ва дармони муътодон бештар сармоя ҳазина кунанд.

Раҳбари ин Кумита Вернер Стипп мегӯяд: “Як севуми муътодон зан ҳастанд, вале таҳо як панҷуми онҳо дармон мегирад. Манзур аз муътодон ҳам танҳо касоне нестанд ки маводи мухаддире чун ҳеруин масраф мекунанд, балки касоне низ ҳастанд ки ба доруҳои зиддиафсурдагӣ одат кардаанд”.

Таҳиякунандагони гузориш таъкид мекунанд, ки вобастагӣ ба доруҳое, ки бо нусхаи пизишкӣ дарёфт мешаванд, барои шаҳрвандони кишварҳои сарватманд хосс аст.

Игор Лазарев, коршиноси равондармонӣ ва эътиёд, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикитсон гуфт: “Ҷои тааҷҷуб нест, зеро, агар чунончи мо Амрикоро ва ё умуман дигар кишварҳои пешрафтаро намуна бигирем, мебинем, ки шаҳрвандонашон аз таъсири манфии доруҳои зиддиафсурдагӣ хуб огоҳанд, зеро ки дар он ҷо ингуна доруҳоро шумораи зиёди шаҳрвандон истифода мекунанд”.

Ин мавзуъ дар филми “Миллати прозак” бисёр дақиқ бозтоб ёфта ки ҳануз соли 2001 дар Амрико намоиш дода шуда буд. Қаҳрамони ин филм ҷавонзани рӯзноманигоре аст, ки барои раҳоӣ аз афсурдагӣ аз доруи прозак истифода мекард ва саранҷом муътоди он шуд.

Ин филм манифесте синамоӣ шуд, ки масъалаи эътиёд ба доруҳоро расонаӣ кард. Пас аз он буд ки бисёре аз кишварҳо қонунгузорӣ дар бораи доруҳои зиддиафсурдагиро ташдид карданд.

Боре, чуноне ки аз гузориши СММ бармеяод, гарчи таъсири манфии доруҳои зиддиафсурдагӣ дар миқёси ҷаҳон таъйид шуда, вале теъдоди муътодон ба онҳо на ин ки коҳиш намеёбад, балки афзоиш пайдо карда ва дар ин миён теъдоди занон ҳам бештар аз пеш шудааст.

Ба назари Лазарев ин падида пайванде бо тақсими кор ва модели ҷомеаи пасосанъатӣ дорад, ки иқтисоди масрафӣ ҷойгузини кори дастӣ мешавад.

“Мардум камтар кори дастӣ анҷом медиҳанд ва бештар дар заминаи хидматрасонӣ кор мекунанд, – мегӯяд Лазарев. – Вақте тараф дар дафтар мешинаду аз субҳ то шом заҳмат намекашад, аз бекорӣ машғул ба хударзёбиву арзишёбии бурду бохти зиндагияш мешавад ки касро гирифторӣ афсурдагӣ мекунад”.

Ин коршинос мегӯяд, ки дар кишварҳои Ғарб ҳар севумин корманди “сафедгиребон” барои худ пизишки равондармон дорад ва ҳар аз гоҳе метавонад аз ӯ доруҳои оромбахшро дарёфт кунад. Вале шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ аз хударзёбӣ дучори афсурдагӣ намешаванд.

“Дар охирин ҳамоише ки дар ин мавзуъ доштем, ҳамкоронамон мегуфтанд, ки дар шаҳри Толятти ҳеҷ кас ба пизишки равондармонӣ муроҷиат намекунад, дар ҳоле ки дар Санкт-Петербург шумораи дармонҷӯён бисёр аст, — мегӯяд ӯ ва меафзояд: Ба дигар сухан, касе ки масалан як вогун хиштро ҷобаҷо карда бошад, фурсату хоҳише барои хударзёбӣ нахоҳад дошт”.

Ба гуфти ӯ, агар афсурдагӣ далоили воқеъие чун мушкилоти хонаводагӣ ё бекорӣ дошта бошад, бархе аз мардон зуд “чораи” онро пайдо мекунанд: “Бархӯрд бо арақхӯрии мардон дар ҷомеаи мо нисбатан маъмулӣ аст. Вале агар занон арақхӯрӣ кунанд, ҷойгоҳи иҷтимоъиву кору хонаводаашонро зуд аз даст медиҳанд. Дар ин сурат хӯрдани арақ барои ӯ ягона роҳи фаромӯш кардани мушкилоташ мешавад”.

Дар натиҷа заноне, ки наметавонанд афсурдагияшонро чора кунанд, бештар ба баҳрагирӣ аз доруҳои зиддиафсурдагӣ ва оромбахш (антидепрессант ва транквилизатор) рӯ меоваранд.

Коршиносон дар ин бора мегӯянд, ки ҳамин баҳрагирӣ аз чунин доруҳо касро зуд ба онҳо вобаста мекунад ки хатаре ҷиддӣ ба саломатии онҳост то ҷое ки бархе аз муътодон ҷонашонро ҳам аз даст медиҳанд.

Дар ин гузориши СММ дар бораи хатари тазриқи варидии маводи мухаддир бештар гуфта шуда, ки яке аз далоили аслии марги муътодони собиқадор аст. Коршиносон таъкид мекунанд, ки масрафи тазриқии маводи мухаддир бештар хосси қишрҳои тангдаст ва ё фурӯдасти ҷомеъаи кишварҳои ҷаҳони сеюм аст.

Вале коршиносон бар ин боваранд ки ин масъала дар кишварҳои пасошуравӣ, бавижа дар Русия, дорои пӯёии мусбат аст, гарчи Кумитаи СММ омори нигаронкунандаеро матраҳ мкунанд.

Чунончи, коршиноси пизишкии эътиёд ва раҳбари Анҷумани мустақили мубориза бо эътиёд Руслан Исоев дар ин бора гуфт: “Ман метавонам бигӯям, ки дар Русия шумораи муътодон кам мешавад. Зеро дармонгоҳҳи муътодон аз кам шудани дармонҷӯён фаъолияташонро қатъ мекунанд. Теъдоди муътодони тазриқӣ нисбат ба теъдоди муътодони “дудӣ” камтар аст”.

Бино ба пешбиниҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, то соли 2020 афсурдагӣ пас аз бемориҳои дилу раг дувумин беморие мешавад, ки боиси камтавонӣ ва марги нобаҳангом дар ҷаҳон хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
эътиёд, маводи мухаддир, маводи мухаддир, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ