06:04 23 майи 2017
Пахши мустақим
Ҷамъоварии пахта. Акс аз бойгонӣ

Пахта, пахта, ҷон пахта... ё чигуна “тиллои сафед” кӯдакони тоҷикро заҳролуд мекард

© AP/ MIKHAIL METZEL
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
12262

Дар замони Шуравӣ барои бештар кардани ҳосили пахта дар Тоҷикистон аз маводи кимиёӣ истифода мекарданд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik, Андрей Захватов. Ҳафтаи гузашта ҳукумати Тоҷикистон бо қарори махсус феҳристи корҳоеро тасвиб кард, ки баҳрагирӣ аз кӯдакону наврасони то 18 сола дар онҳо мамнуъ аст.

Ин феҳрист корҳое чун кандани нақб, истихроҷи нафту гозу кониҳо ва ҳамчунин корҳои сангину хатарноку осебрасонро дар бар мегирад. Вале ин санад баҳрагирӣ аз заҳмати кӯдакону наврасон дар кишоварзӣ, ба вижа дар бардошти ҳосил ва пахтачиниро манъ накардааст.

Кӯшиш ё кушиш

Кӯдаконе, ки қодир ба кори ҷисмонӣ ҳастанд, ҳатто фарзандони милёрдерҳову сарони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, кор мекунанд то арзиши пули коркардаашонро дар ёбанд. Вале, таъйини чорчӯбу андозаи кори кӯдакон, ки фаротар аз он коромӯзӣ ба кӯдакон табдил ба коркашӣ аз онҳо мешавад, бисёр мушкил ва ҳатто номумкин аст.

Тоҷикистон, ки аз соли 1993 узви Созмони байнулмилалии кор аст, ҳар ҳашт паймонномаи аслии он, аз ҷумла паймонномаи № 182 дар бораи манъи коркашӣ аз кӯдаконро ки соли 1999 тасвиб ва аз соли 2000 иҷроӣ шуда, тасвиб кардааст.

Моддаи севуми ин Паймоннома қотеъона анҷоми ҳаргуна кореро, ки "ба саломатӣ, эминӣ ва отифаи кӯдаконро осеб мерасонад" мамнуъ кардааст.

Тоҷикистон бо ин ки дар замони шуравӣ саноъеи нисбатан пешрафтае дошт, аз дидгоҳи торихӣ ҳамвора кишваре кишоварзӣ буда ва мемонад.

Аз кори кӯдакон ҳамеша барои ҷамъоварии пахта дар Тоҷикикстон ва дигар кишварҳои ҳамсоя истифода мешуд ва мардуми бумӣ ҳаргиз чидани пахтаро кори сангине барои кӯдакон намешумурданд. Аз ин рӯ, рустоиёни Тоҷикистон манъи истифода аз кори кӯдаконро шояд дар наёбанд ва шигифтзада ҳам шаванд.

Ин кӯдакон чандон нотавон ҳам нестанд

Дар торихи шуравии Тоҷикистон қаҳрамонии духтараки 11-сола Мамлакат Наҳангова сабт шуда, ки нахустин касе дар Осиёи Марказӣ буда ки дудаста пахта чиданро роиҷ кард. Ӯро барои рекурдшиканӣ дар пахтачинӣ соли 1935 бо нишони Ленин — болотарин нишони давлатии Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз карда буданд. Замоне, ки меъёри чиниши якрӯза 20 килуграм пахта буд, Мамлакат ҳар рӯз ба хирман 60 то 70 килуграм пахта меовард.

Сбор хлопка. Архивное фото
© Sputnik / Алексей Куденко
Сбор хлопка. Архивное фото

 

Дар солҳои баъдӣ дар Тоҷикистони Шуравӣ тавлиди пахта сол аз сол бештар мешуд ва дар солҳои 1980-ум ҳаҷми он ба як милюн тон расид ки то кунун болотарин рақам аст.  Пеш аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон дар фасли ҷамъоварии пахта дар манотиқи панбакор сад дарсади донишомӯзони макотиби миёна, омӯзишгоҳҳо, ҳунаристонҳо, донишкадаҳо ва донишгоҳҳо як то ду моҳ аз дарсҳо озод ва ба пахтачинӣ бурда мешуданд. Ҳар сол дар ин фасл аз 5 милюн аҳолии минтақаҳои пахтакор, 1 то 1,2 милюн кӯдаку наврас низ ба ин кори иҷборӣ-ихтиёрӣ машғул мешуд.

Саҳми кӯдакон ва наврасон дар бардоштҳои рекордӣ, ки аз барояшон раисҳои колхозҳо ситораи Қаҳрамони кори сусёлистӣ мегирифтанд, бисёр бузург буд. Бино ба гузоришҳо, шуруъ аз солҳои 1960-ум то мустақил шудани Тоҷикикстон на камтар аз 7 — 8 милюн кӯдаку навраси тоҷик, ки боре пахта чидаанд, аз доруҳои кимиёӣ заҳролуд шудаанд.

Заҳре ки дар ҷонварон озмуда мешуд

Шуруъ аз солҳои 1960-ум ҷумҳуриҳои шуравии Осиёи Маркзӣ ҷамъоварии мошинии пахтаро сол аз сол бештар мекарданд. Ҷамъоварии мошинӣ дар гузоришҳои ҳаррӯзаи иҷрои нақшаи пахтачинӣ ҷудогона сабт мешуд ва ҷоизааш бисёр калон буд.

Барои пешгирӣ аз талафи "тиллои сафед" ва пок буданаш ҳангоми чидан бо мошин, пахтазорҳо аз пеш омода карда мешуданд. Чунончи, пахтазорҳоро дефоилант — маводи кимиёии баргрез мепошиданд то барг аз поя ҷудо шаваду чидани пахта барои мошин осон шавад.

Кӯдакони тоҷик дар моҳҳои сентябр — октябр пахтачинӣ бурда мешуданд ва ин дақиқан замоне буд ки пахтазорҳоро дефолиант мепошиданд. Бе муболиға метавон гуфт, ки кӯдакони тоҷик пас аз се моҳи гарми тобистон се — чаҳор ҳафта ҳавоеро нафас мекашиданд, ки аз кудҳои кимиёӣ заҳролуд шуда буд.

Аз онҷое ки рустоҳои пурҷамъият дар канори пахтазорҳо ҷой доранд, ҳавои заҳролудро ҳама — аз навзодон то пиронсолон — нафас мекашиданд. Манобеъи оби ошомиданӣ ва обёрӣ низ аз заҳролуд шудан дар амон набуданд.

Яке дигар аз маводи баргрез "Agent Orange" буд, ки солҳои 1960-ум нерӯҳои ҳавоии ИМА онро барои нобуд кардани ҷангалзорҳое ба кор мебурданд, ки виетнамиҳо онҷо пинҳон мешуданд.

Хлопок, архивное фото
© Flickr/ Kimberly Vardeman
Хлопок, архивное фото

Маълум аст дар давоми чанд сол нерӯҳои мусаллаҳи Амрико бар ҷангалҳои Виетнам 72 милюн литр дефолиант, аз ҷумла 44 милюн литр маҳлуле пошидаанд, ки дар таркибаш диоксин дошта, боиси бемории ҷигар, хун таваллуд шудани кӯдакони маъюб ва ҳомиладории ғайримуқаррарӣ шуда буд.

Шумораи нафароне, ки аз диоксин заҳролуд шуда буданд, о 4,8 миллион нафар расида буд ва баъди ба итмом расидани ҷанг аз таъсири заҳр зиёда аз 10 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

Соли 2007-ум дар шҳари Тошканд монографияи олими узбак Т.И. Турахоҷаев нашр шуд, ки аз ҷониби коршиносон баҳои баланд гирифт. Муаллиф дар ин гузориши худ, истифодаи дефолианти пахтаро таҳқиқ кардааст. Тибқи тадқиқоти ин олим ба сифати деволиант дар даврони Шӯравӣ зиёда аз 300 навъи маҳлулро санҷида шуданд, ки истифодаи қисме аз онҳо дар соҳаи кишоварзӣ иҷозат дода шуд.

Дар қатори чунин маҳлулҳо "Бутифос"-маҳлули қаҳваранг низ бду. Ин маҳлул бо об худ ҳамл мешуд ва ба э\мулсия бадал гашта, ҳангоми аз ҳавопаймо рехтан зуд ба барги патха мечаспид.

Чӣ тавре, ки олими узбак "Бутифос"-ро ба тасвир додааст, ин навъи маҳлул ба саломатии инсон зарар доштааст, чунки ба осонӣ аз пӯсти одам гузашта ва хеле заҳрлолуд буда бӯйи нохуше дорад, ки метавонад одаммро аз ҳуш бибарад.

Бӯйяш-Шанели №5 нест

Номбар кардани дефолиантҳоеро, ки дар маркази таҳқиқотии "Селхозхимия" омода мешуданду ба фазои Тоҷикистон роҳ меёфтанд, мукил аст, чун маълумот оиди онҳо вуҷуд надорад. Вале инро аниқ гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи маводҳои кимиёвӣ, ки дар ҳудуди заминҳои пахтакории Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳамон як завод бароварда мешуданд.

Мувофиқи эҳсосоти шахсии муаллиф, бӯйи тези дефолиант касро беҳуш мекунад, махсусан замоне, ки сарнишинон дар баландии панҷ метр парвоз карда ба сари кӯдакони пахтачин савори ҳавопаймои Ан-2 ин7и маҳлулро мерехтанд.

Нафароне, ки аз замини пахта дар вақташ гурехта намерафтанд, ҳамчун баъди оббозӣ менамуданд ва аз бӯйи ғализ сари онҳо ба дард даромада дилбеҳазӯрӣ онҳоро уқубат медод.

Бино ба маълумоти Турахоҷаев дар кишвари ҳамсояи Узбакистон "Бутифос" васеъ истифода мешуд. Онро аз соли 1982-1985 ҳамасола дар заминҳои кишти пахта дар 1,2 то 1,4 гектар замин истифода мебурданд. Баҳори соли 1987 бошад, истифодаи "Бутифос" чун маҳлули заҳролуд дар Узбакистони Советӣ мамнӯъ гардид.

Асри нав-қонунҳои ҷадид

Шумораи нафароне, ки дар даврони Шӯравӣ ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз маҳлулҳои химиявӣ дар Тоҷиккистон заҳролуд шудаанд, номаълум аст. Вале бино ба таҳқиқотҳои шахсии муаллиф, дар байни шаҳрвандони русзабони Тоҷикистон, ки солҳои 90-ум бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон кишварро тарк карданду дар дигар мамолики дунё ба сар мебаранд, бемориҳои анкологӣ хеле зиёд дучор мешавад.

Аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ чоряки аср сипарӣ шуд. Шурӯъ аз солҳои аввали арси ҷадид майдони кишти пахтаи кишварҳои соҳибистиқлол дигар шуд. Бо сабаби паст шудани нархи ҷаҳонии пахта майдонҳои кишт низ то рафт тангтар шуданд. Арзиши 1 тонна пахта дар давоми 7 соли охир дар бозори ҷаҳонӣ аз 5 ҳазор доллар то 1,7 ҳазор доллари амрикоӣ паст шуд.

Работник станции по сбору хлопка в китайской провинции Уху
© REUTERS/ Stringer
Пахтачинӣ

Патха барои Тоҷикитсон баъди алюминий дуюмин маҳсулоти содиротӣ мемонад. Вале натиҷаҳои рекордии истеҳсоли пахта дар асри гузашта боқӣ монаданд. Имрӯзҳо ҳаҷми истеҳсоли умумии пахтаи Тоҷикистон 30%-и ҳаҷми 1 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳавопаймоҳои Ан-2 низ бо маҳлулҳои заҳролуд дар асри гузашта монданд.

Моҳи майи соли 2004 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонун "Дар бораи маориф"-ро имзо кард, ки мувофиқи он истифодаи меҳнати кӯдакон, наврасон ва донишҷӯён, ки ба таҳсили онҳо ратбе надорад, манъ карда шудааст. Меҳнати кӯдакон дар ҷамъоварии пахта танҳо дар сурате ҷоиз аст, ки хоҳиши худи онҳо бошад ва ба хотири кӯмак ба водилон равона шуда, музди меҳнат бигиранд.

Имрӯзҳо метавон гуфт, ки замони заҳролудшавӣ дар майдони пахта аз байн рафт. Вале имрӯз боз ду таҳдиди дигар барои ҳукумати Тоҷикикстон ташвишовар боқӣ мемонанд, ин партовҳои маводҳои кимиёвӣ дар ноҳияҳои Вахш ва Конибодом мебошад.

Мавзуъ

Ихтирои олимони узбек: тарзи нави тоза кардани равғани пахта
Швейтсария бузургтарин харидори нахи пахта ва алюминийи тоҷик шуд
Барчаспҳо:
мавсими пахтачинӣ, ҷамъоварӣ, заҳролудшавӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ