13:16 12 декабри 2017
Пахши мустақим
Российский паспорта, архивное фото

Пешсафии тоҷикон дар дарёфти шаҳрвандии Русия: 63 дарсад

© Sputnik / Тарас Литвиненко
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
78612

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин соли 2012 пешниҳод кард тартиби дарёфти шаҳрвандӣ барои зодагони имперотурии Русия ва Иттиҳоди Шуравӣ содда гардонда шавад. Ба гуфтаи Константин Затулин, тоҷикон аз ин соддасозии тарбиту муқаррарот бештар аз дигарон баҳрагирӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik, Алексей Стефанов. Думаи кишварии Русия пешнависҳои чанд қонунро дарёфт карда, ки агар тасвиб шаванд, тартибу муқаррароти дарёфти шаҳрвандии Русия ба нисбат осонтар хоҳад шуд.

Вале Идораи ҳуқуқии Дастгоҳи раисҷумҳури Русия бо соддасозии ин тартибу муқаррарот мухолиф аст, гуфт муъовини раиси Кумитаи Дума дар умури кишварҳои ҳамсуд Константин Затулин.

"Мутаассифона ҳамватанони мо имрӯзҳо барои дарёфти муҷаввизи иқомат ва шаҳрвандӣ дар навбатҳои дуру дароз меистанд. Ин вазъ пас аз соли 2014 падид омада, ки буҳрон селе аз муҳоҷирону паноҳҷӯёнро ба Русия сарозер кард", — гуфт дар нишасти расонаӣ дар мавзуъи қонунгузорӣ Константин Затулин.

Ӯ ёдоварӣ кард, ки пешниҳодаш барои соддасозии тартиби дарёфти шаҳрвандии Русия се гурӯҳ — русизабонон, кӯдаконе, ки яке аз волидонашон шаҳрванди Русия аст ва муҳоҷирони сиёсиро шомил мешавад.

Пуштибонӣ аз русизабонон

Константин Затулин ҳамчунин гуфт, ки берун аз Русия 30 милюн русизабон ба сар мебаранд. Онҳо дар паи ҳодисоти солҳои аввали асри ХХ ва фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ аз зодбуми торихии худ дур мондаанд. Ин гурӯҳи одамон бахше аз мардуми рус ҳастанд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин 12 декабри соли 2012 дар паёмаш ба Шурои федеролӣ пешниҳод кард, то барои касоне, ки дар қаламрави Иттиҳоди Шуравӣ зода шудаву забони русиро медонанд ва омодаанд аз шаҳрвандии кишвари худ даст кашанд, тартибу муқаррароти дарёфти шаҳрвандӣ содда гардонда шавад.

"Камбахтона, дертар Дума қарорҳоеро тасвиб кард, ки амалан ин пешниҳоди раисҷумҳурро масдуд карданд. Манзурам гувоҳиномаест, ки довталаби шаҳрвандии Русия бояд аз мақомоти кишвари худаш бигирад ва таъйид кунад, ки аз шаҳрвандии кишвараш даст мекашад. Вале ҳеч яке аз кишварҳо дар ин замина бо Русия тавофуқнома набаста буда ва чунин гувоҳиномае ҳам ба шаҳрвандонаш намедиҳад", — таъкид кард Затулин ва афзуд, ки беш аз дигарон Укроин мухолифат мекунад.

Ба гуфти вай, дар се соли иҷроӣ шудани қонуни дарёфти осони шаҳрвандӣ  (аз 2014 то оғози соли 2017) камубеш 3 500 хориҷӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт карданд, ки аз ин шумор 63 дарсадро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

"Чаро шаҳрвандони Тоҷикистон чунин имтиёзе доранд? Ба ин далели содда, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо Русия тавофуқномаи шаҳрвандии дугона дорад. Ва шаҳрвандони Тоҷикистон ниёз надоранд гувоҳиномаи ёдшударо дастрасу пешниҳод кунанд. Дар мавриди дигар кишварҳо, ниҳодҳои давлатии Русия аз шаҳрвандон он гувоҳиномаро мехоҳанд, вале онҳо наметавонанд онро дастрас кунанд", — тавзеҳ дод Константин Затулин.

Мавзуъ

Қазоқистон ба 600 нафар дар арафаи истиқлолият шаҳрвандӣ медиҳад
Муҳоҷирон аз ширкатҳои Маскав беш аз дуву ним милёрд рубл талабкоранд
Рамазон Раҳимзода ба муҳоҷирон: мушкилотатонро ба Эмомалӣ Раҳмон мерасонам
Барзу Абдураззоқов пас аз боздошт дар фурудгоҳи Русия: аз муҳоҷирон бузи қурбонӣ насозед
Барчаспҳо:
шаҳрвандии Русия, Думаи давлатии Русия, Константин Затулин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ