Аҳволи кӯдакони муҳоҷирон: дурӣ аз Ватан ва ҷудоӣ аз падару модар

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкСемья мигрантов из Таджикистана
Семья мигрантов из Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Обуна шудан
Агар мушкилоти кӯдакони муҳоҷирони Русия камбуд ва ё набуди шароити муносиби зисту зиндагӣ бошад, мушкилоти насли навраси Тоҷикистон дар ин 20 соли гузашта бузург шудан дур аз падару модар аст. Ин "бепадарӣ" дар оянда мушкилоте ба бор хоҳад овард…

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Ҳамасола 1 июн чун Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон ба муносибти ин ҷашн дар чорбоғҳо барномаҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд. Ройгон шудани хадамоти аксари боғҳо барои кӯдакони пойтхат аз расмҳои хубест, ки ахиран марсум шудаанд.

Вале дар ин рӯзҳо ҳазорон кӯдаки тоҷик берун аз хоки Тоҷикистон бузург мешаванд. Яке аз бузургтарин ҷамоатҳои тоҷикон дар хориҷ аз кишвар дар Русия ба сар мебарад. Аксари тоҷикони муқими Русия бо фарзандони худ барои пайдо кардани қути лоямут муҳоҷир шудаанд.

Оё ин кӯдакон худро қисме аз Тоҷикисттон эҳсос мекарда бошанд? Ё худ дур аз Ватан бузург шудан чи бурду бохте барои онҳо дорад?

Фарида — модари ду фарзанд, ки ду сол боз дар Русия буду бош дорад, мегӯяд, ки зиндагии кӯдакони тоҷик дар Русия ҳам ҷанбаҳои мусбӣ дораду ҳам манфӣ.

Дидори Рамазон Раҳимзода бо роҳбарони созмонҳои тоҷикон дар Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2017
Рамазон Раҳимзода ба муҳоҷирон: мушкилотатонро ба Эмомалӣ Раҳмон мерасонам

"Албатта агар волидон тавонанд шароити хубе барои зиндагии кӯдаконашон фароҳам кунанд, беҳтар мешавад, ки онҳоро бо худ ба Русия биёранд", — гуфт Фарида дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон

Ба гуфти вай, бузург шудан дар муҳити бегона барои кӯдак хатар дорад: "Масалан, филмҳои тасвирие, ки арзишҳои миллии тоҷиконро дар бар надоранд, бар кӯдакон бисёр асару таъсир мегузоранд. Гоҳо ваҳмангез менамояд, ки кӯдак пурра бо забони русӣ сухан мегӯяду афкораш ҳам мисли русҳо мешавад".

Ӯ намехоҳад, ки фарзандонаш аз фарҳангу адаби тоҷикӣ бехабар монанд, аз ин рӯ, ягона роҳи наҷоти кӯдаконро аз таъсири фарҳанги бегона суҳбат бо фарзандон медонад.

Фарида кӯшиш дорад фарзандонашро забони тоҷикӣ ёд бидиҳад: "Писарам амалан русизабон аст ва наметавонад ба забони тоҷикӣ сухан бигӯяд. Аз ин рӯ, ӯро иҷоза намедиҳем дар хона ба забони русӣ гуфтугӯ кунад".

Тоҷикистон дар Русия кӯдакистон ё мактабе ташкил накарда, то  фарзандони муҳоҷирон чунин мушкиле надошта бошанд. Аммо сафорати кишвар дар Маскав ва бархе аз созмонҳои муҳоҷирон дар ин замина иқдомоте кардаанд. Чунончи, чанде пеш сафорати Тоҷикистон дар Русия панҷ кӯдаки бесарпаноҳро аз кӯдакистонҳои шаҳру вилояти Маскав гирифту ба кишвар фиристод.

Сухангӯи сафорат Сарвар Бахтӣ дар ин бора гуфт, ин ниҳод барои пешгирӣ аз дур шудани кӯдакони муҳоҷирон аз фарҳанги миллӣ чораҳое ба кор гирифтааст.

Возвращение в Таджикистан несовершенолетних сирот - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2017
Кӯдакони бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан фиристода шуданд

"Сафорат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои муҳоҷирӣ дар бархе аз манотиқи Русия дар назар доранд, ки дар рӯзҳои таътил (шанбеву якшанбе) дарсҳои алифбову хонишу забону адабиёти тоҷикӣ ва таърихи Тоҷикистонро ба роҳ монанд. Чунин барномае чанд моҳ боз дар шаҳри Новосибирк иҷро мешавад", — гуфт Сарвар Бахтӣ.

Вай афзуд, ки бархе аз созмонҳо дархост кардаанд барояшон аз аз Тоҷикистон китобҳои дарсӣ биёрем ва сафорат дар паи анҷоми ин дархост аст: "Мо ҳамеша омодаем чунни иқдомҳои некро дастгирӣ кунем".

Аммо кӯдакони муҳоҷир худ чи ҳол доранд?

Кӯдакони тоҷики муқими Маскав хуб медонанд, кадом кунҷи хона барои онҳо ҷудо шудаасту тақ-тақи ногаҳонӣ аз омадани милисаҳо хабар медиҳад. Аз онҷое ки аксари кӯдакони муҳоҷирон дар кӯдакистонҳои Маскав пазируфта намешаванд, муҳоҷирон худ ин мушкилро ба гунае ҳалл кардаанд. Онҳо дар Маскав "кӯдакистонҳои хонагӣ" ташкил кардаанд.

Дар ин "кӯдакистонҳо" яке аз занҳои муҳоҷир нигоҳубини фарзандони хоҳарону бародаронаш ва ё ҳамхонаҳояшро бар уҳда мегирад, яъне маъмулан кӯдакбонӣ мекунад.

"Кам касе аз ин "кӯдакбонҳо" хурдсолонро аз хона берун мебарад то дар ҳавои тоза гашту гузору бозӣ кунанд", — мегӯяд дар ин бора намояндаи созмони "Нур" Давлатсултон Назархудоева ва пешниҳод мекунад, ки савобҷӯёне, ки вақташон камубеш озод аст, дар моҳи мубораки Рамазон бо ин "кӯдакони хоназиндон" гашту гузор кунанд.

Созмони "Нур" яке аз камшумор созмонҳои мардумниҳодест, ки барои кӯдакони муҳоҷирон дар Маскав омӯзишкада ташкил кардааст. Дар ин омӯзишкада кӯдакон аз фаннҳои риёзӣ, русӣ, инглисӣ ва ғайра дарс меомӯзанд. Вале на ҳама муҳоҷирон имкон доранд фарзандонашонро ба ин омӯзишкада биёранд, чун ё фурсат надоранд ва ё дур аз он зиндагӣ мекунанд.

Фестиваль ремесленников 2017 в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2017
Консерти идона бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон дар Душанбе

Давлатсултон Назархудоева мегӯяд, кӯдаконе, ки дар Маскав зиндагӣ мекунанду дар омӯзишкадаи созмони "Нур" дарс мехонанд, ин шаҳрро дӯст медоранд. Вале ӯ бар ин бовар аст, ки дур шудани кӯдакон аз фарҳанги миллӣ ба падар ё модари рус доштан вобаста нест.

"Ман касонеро мешиносам, ки ҳамсарашон рус аст, вале фарзандонашон забони тоҷикиро бисёр худ медонанд ва баръакс ҳастанд ҳамсароне, ки худ тоҷик ҳастанд, вале фарзандонашон забони миллияшонро намедонанд", — гуфт вай.

Шамсия Ҳукуматшоева — донишҷӯи бахши равоншиносии Донишгоҳи омӯзгории Маскав, мегӯяд, ки фазои хона ба рушди кӯдак таъсири бузург дорад.

"Ҳавои хона бояд ҳамеша тоза бошад. Кӯдакон бояд ҳамеша хӯроки гарм ва созгор бо ниёзҳояшон бихӯранд. Ҳамчунин беҳдошти кӯдакон бисёр муҳим аст. Агар кӯдакон дар шароити муносиб тарбия наёбанд ва зиндагӣ накунанд, эҳтимоли ин ки гирифтори бемориҳои равонӣ ва ҷисмонӣ шаванд, бисёр аст", — тавзеҳ дод Шамсия.

Агар мушкилоти кӯдакони муҳоҷирони Русия камбуд ва ё набуди шароити муносиби зисту зиндагӣ бошад, мушкилоти насли навраси Тоҷикистон дар ин 20 соли гузашта бузург шудан дур аз падару морад аст. Ин "бепадарӣ" дар оянда мушкилоте ба бор хоҳад овард…

Лентаи хабарҳо
0