Абдусалом Мамадназаров: "плюрализм аз Осиёи Марказӣ реша мегирад"

© Фото : Photo credit Ismaili Centre DushanbeФредерик Старр ва Абдусалом Мамадназаров
Фредерик Старр ва Абдусалом Мамадназаров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пажӯҳишгари амрикоӣ Фредерик Старр тамаддунсозии мардумони Осиёи Марказиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Чанде пеш дар Маркази исмоилии шаҳри Душанбе маросими муаррифии китоби Фредерик Старр «Маърифати гумшуда — асри тиллоии  Осиёи Марказӣ  аз истилои араб то Темурланг» («Central Asia's Golden Age from the Arab Conquest to Tamerlane») баргузор шуд.

Дар ин маросим худи нависанда, мутарҷими китоб профессор Абдусалом Мамадназаров, академикҳо Акбар Турсун ва Мамадшо Илолов ва бархе аз донишгоҳиёну фарҳангиён ширкат карданд.

Рамазон Назариев, профессор, номзади илмҳои фалсафа - Sputnik Тоҷикистон
Профессор Назариев: Носири Хусрав барои посдошти ҳувияти миллӣ шадидан мубориза бурд

Фредерик Старр, бунёдгузор ва сарвари Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Барномаи омӯзиши Роҳи Абрешим, китоби "Маърифати гумшуда"-ро бо баҳрагирӣ аз ҳазору чандсад манобеъ таълиф карда дар он аз дастовардҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангии мардуми Осиёи Марказӣ дар садаҳои 9 — 13 милодӣ ёд мекунад.

Sputnik Тоҷикистон бо мутарҷими ин китоб профессор Абдусалом Мамадназаров суҳбат кард.

Манобеъи ғанӣ ва даврони шукуфоӣ

Ба гуфти профессор Мамадназаров яке аз муҳимтарин ангезаҳо барои тарҷумаи ин китоб ба забони форсии тоҷикӣ ғановати манобеъ ва арзиши илмии он аст.

"Муаллиф 1400 маъхази муътамадро истифода кардааст. Барои дастрас кардани ин қадр иттилоъот инсонро мебояд чандин сол фақат ба мутолиаи китоб машғул бошад. Ин заҳмати зиёдро талаб мекунад. Старр ин китоби худро дар муддати 15 — 20 сол навишт", — гуфт мутарҷим дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай гуфт, "Маърифати гумшуда" пажӯҳишест дар ҳама ҷанбаҳои зиндагии мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрдорӣ, сиёсат, ҳукумат, кишоварзӣ, илм, риёзиёт, нуҷум, адабиёт, аз асри 9 то асри 13, ки муаллиф онро даврони шукуфоии тамаддуни Осиёи Марказӣ донистааст.

"Нуктаи муҳимме, ки муаллиф бар он таъкид кардааст, ин аст, ки дар ин шукуфоӣ ҳама мардумони Осиёи Марказӣ даст доштаанд, на танҳо як миллат ", — гуфт Абдусалом Мамадназаров.

На тоҷику туркману узбаку қирғизу қазоқ, балки осиёмарказиҳо

Профессор Мамадназаров мегӯяд, ки Фредерик Старр саҳми намояндагони ҳама мардумони Осиёи Марказиро ба назар гирифта аз ҷудосозӣ парҳез мекунад ва барони номидани ин мардумон истилоҳи наверо ба кор гирифтааст.

"Ӯ дар ин китобаш "осиёмарказиҳо" мегӯяд. На тоҷику туркману узбаку қирғизу қазоқ", — тавзеҳ дод вай.

Муҷассамаи Рӯдакӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳама аз Рӯдакӣ мегӯянд

Мутарҷим мегӯяд, ки Осиёи Марказӣ дар даврони шукуфоӣ дар "асри тиллоӣ" чаҳорраҳи тамаддунҳо буд. Ҳама меҳмононе, ки аз Шарқу Ғарб аз ин чаҳорраҳ мегузаштанд, фаргҳанг, илм, адабиётро бо худ мебурданд, тамаддунеро аз худ мекарданд.

Плюрализм аз Осиёи Марказӣ реша мегирад

Ба гуфти профессор, плюрализме, ки имрӯз Урупо бо он ифтихор мекунад, чандин садсола пеш аз ин дар Осиёи Марказӣ ривоҷ дошт.

"Ин донишманди амрикоӣ Осиёи Марказиро хостгоҳи плюрализм хондааст. Далели мавҷуд будани чандандеширо муаллиф бо мукотибаҳои Сино ва Берунӣ исбот мекунад. Чунончи, дар боби аввал муаллиф мукотибаи Берунӣ ва Синоро оварда, ки дар он ду донишманд дар бораи мавҷудияти олами дигар баҳс мекарданд ва фикрҳои мухталиф доштанд. Ин дар ҳолест, ки ҳатто чандсад сол пас аз он ҳам дар Урупо донишмандонро барои изҳори фикри муғойир бо меъёрҳои қабулшуда, месӯзониданд", — таъкид кард профеессор.

Аз тамаддунсозон бохабар бошед

Яке аз ҳадафҳои муаллиф аз таълифи ин китоб ин буда, ки ҳақиқату воқеъиятҳоеро дар бораи падид омадану густариш ёфтани тамаддуни исломӣ ба урупоиён ва амрикоиҳо бирасонад.

"Имрӯз ҳам аксарияти мардум дар Урупову Амрико гумон доранд олимоне, ки ба забони арабӣ асар меофариданд, араб будаанд. Ғарбиҳо номи бузургону забони осорашонро ба назар гирифта фикр мекунанд, ки Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Берунӣ, Хайём ва дигарон араб ҳастанд", — мегӯяд профессор.

Муҷассамаи Умар Хайём дар Астрахан - Sputnik Тоҷикистон
Дар Астрахан муҷассамаи Умар Хайём гузошта шуд

Мусоҳибамон таъкид кард, ки муҳимтарин тафовути ин асар аз дигар осори илмӣ дар корбурди равиши муқоисаи торихӣ аст.

Фредерик Старр авзоъву аҳволу дастовардҳо дар Осиёи Марказӣ ва Урупо дар он замонро бо якдигар месанҷад ва мегӯяд, ки масалан, дастоварде, ки дарОсиёи Марказӣ дар садаи 10 доштаанд, дар Урупо пас аз 200 сол ба даст омадааст.

Арзёбии шахси бетараф

"Агар мо аз фарҳангамон таърифу тамҷид кунем, бархе хоҳанд гуфт, ки кас нагӯяд, ки дӯғи ман турш аст. Вале ин китобро пажӯҳишгари амрикоӣ навишта, ки шахси бетараф ба шумор меравад", — таъкид мекунад мутарҷим.

"Дар ин китоб дастовардҳои илмӣ, маърифатӣ, фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ синтез шудааст. Ҳар касе наметавонад ҳама ҷустору пажӯҳишҳои муаллифони бонуфузро мутолеъа кунад. Вале ин китоб имкон медиҳад, ки хонанда бо камтарин кӯшишу талош бештарин иттилоъро дар ин замина ба даст оварад", — мегӯяд профессор Мамадназаров.

Ин китоб ба 19 забон, аз ҷумла форсӣ, пушту, русӣ, қазоқӣ, узбакӣ, туркӣ, қирғизӣ, туркманӣ, уйғурӣ, ҳиндӣ, урду, чинӣ, кореӣ, тарҷума ва мунташир шудааст.

Тарҷумаи тоҷикии китоби профессор Фредерик Старр бо пуштибонии молии сафири ИМА Элизабет Миллард ва раиси ширкати "Tethys Petroleum Ltd."  Дэвид Робсон, мудири намояндагии Tethys Petroleum Ltd дар Тоҷикистон Назир Шариф интишор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0