05:32 25 июли 2017
Пахши мустақим
Джамшед Мамаджанов, архивное фото

Коршинос: ҶТ аз роҳи CASA 70 дарсад нерӯи барқ содир хоҳад кард

© Фото: страница Джамшеда Мамаджанова в Facebook
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
137 0 0

CASA-1000 тарҳест барои судури барқ аз Осиёи Марказӣ - Тоҷикистону Қирғизистон ба Осиёи Ҷанубӣ - Афғонистону Покистон (ОМОҶ) ва яке аз зерсохтҳои муҳимми бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба шумор меояд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Имрӯз дар Варзоб нишасти сарони кишварҳои роҳандози тарҳи CASA-1000 — Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баргузор шуд

"Ин нишаст нишон дод, ки кишварҳо ҳама корҳои омодасозиро анҷом дода ва марҳилаи амалии иҷрои тарҳро оғоз кардаанд", — гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Ҷамшед Муҳаммадҷонов, таҳлилгари гурӯҳи "Евразийское развитие".

Вай мегӯяд, ки Покистон дар паи роҳандозии ин тарҳ камбуди барқашро, ки камобеш 5 милёрд килуватт соат аст, аз миён хоҳад бурд.

"Афғонистон агар ҳам масрафкунанда нашавад, танҳо аз тронзити барқ ба Покистон баҳраашро комилан дарёфт хоҳад кард. Қирғизистон ва Тоҷикистон фурсате ба даст хоҳанд овард, ки мозод ё афзунаи барқашонро бо нархи бисёр хубе бифурӯшанд", — тавзеҳ дод коршинос.

Эмомалӣ Раҳмон дар Роғун
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

"Толибон ҳам ин баҳор эълом кард, ки дар иҷрои ин тарҳ монеъву мушкиле пеш нахоҳад овард ва омода аст масири онро дар қаламрави фармонравоияш посбонӣ ҳам кунад. Фикр мекунам, ки Толибон бо роҳнамоии Покистон чунин тасмиму мавзеъгирӣ кардааст. Ин кишвар, ки бар Толибон асару таъсире дорад, дар ҳалли ин масъала хуб кӯшидааст. Покистон аз иҷрои ин тарҳ бисёр суд хоҳад бурд, аз ин рӯ, ба эҳтимоли зиёд, масъалаи амнияти масири онро низ ҳалл хоҳад кард", — муътақид аст Муҳамадҷонов.

CASA-1000 тарҳест барои судури барқ аз Осиёи Марказӣ — Тоҷикистону Қирғизистон ба Осиёи Ҷанубӣ — Афғонистону Покистон (ОМОҶ). Ин тарҳ яке аз зерсохтҳои муҳимми бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба шумор меояд. Барои иҷрои он қарор аст хатти интиқоли нерӯи барқ ба дарозои 1300 килуметр кашида шавад, ки тронзити 5 милёрд килуватт соат барқро таъмин кунад. Саҳми судури барқи Тоҷикистон аз ин тарҳ 70 дарсад хоҳад буд.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон: тарҳи CASA - 1000 ба нафъи ҳама кишварҳои минтақа аст
Эмомалӣ Раҳмон ба шарикони лоиҳаи CASA - 1000: корро кунд накунед
Якҷоя тақсим мекунем: Русия омода аст дар тарҳи CASA-1000 саҳм гирад

Мавзӯъҳои асосӣ