05:51 21 августи 2017
Пахши мустақим
Замир Кабулов, архивное фото

Замир Кабулов: Стротежии Амрико дар Афғонистон ноком шуд

© Flickr/ DFID
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
88 0 0

Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон бар ин бовар аст, ки стратегияи Амрико дар он кишвар комилан шикаст хӯрдааст

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Замир Кабулов дар мусоҳиба бо рӯзномаи русии "Известия" гуфтааст, ки вазъи кунунӣ  дар Афғонистонро бояд падидоварандагони он — Амрико ва давлати ҶИА ислоҳ кунанд. Маскав ҳама кӯшишу талошашро хоҳад кард то суботу амният дар Осиёи Марказиро нигаҳ дорад ва нагузорад, ки тундравон ба марзҳои Русия бирасанд, афзудааст вай.

"Стратегияи Амрико дар Афғонистон комилан шикаст хӯрда ва гузориши Созмони милали муттаҳид гувоҳ бар ин шикаст аст. Вазъи Афғонистон вахим шуда ва вахимтар ҳам мешавад, зеро Амрико намехоҳад дар равишу роҳбурдаш дар Афғонистон тағйироти куллӣ эҷод кунад. Эҳтимолан барои он ки амрикоиҳо ба худ оянду дар ёбанд, ки стратегияашон коромад нест, бояд рухдоди ваҳшатангезе рӯй диҳад. Амрикоиҳо гуфта буданд, ки стратегияи наверо пеш хоҳанд гирифт, вале ҳануз ҳам аз он хабаре нест. Фикр мекунам, ки саранҷом боз ҳамин роҳбурди шикастхӯрдаашонро дар пӯшише дигар пешниҳод хоҳанд кард", — гуфта аст Кабулов.

Ба гуфти ин дипломати рус, Маскав барои пешгирӣ аз бесуботу бадтар шудани вазъ дар минтақа бо давлати Афғонистон ҳамкорӣ дорад ва онро бо кумакҳои низомиву фаннӣ ва башардӯстона пуштибонӣ кардаву барояш кадрҳои низомӣ ва пулис омода мекунад.

Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар Афғонистон ҳушдор додааст: "Вазъ  метавонад бадтар аз ин ҳам шавад. Вазъи кунунӣ метавонад буҳрони бузургеро дар пай оварад, ки мусалламан Русия онро намехоҳад. Дар он сурат Афғонистон "корхонаи тавлиди теруризми байналмилалӣ хоҳад шуд, ки дар воқеъ ҳамин акнун ҳам чунин аст. Дар Маскав ин нуктаро дар меёбанд ва бо диққат вазъро пайгирӣ доранд то дар сурати ноамну бесубот кардани минтақа омода бошанд".

Мавзуъ

Коршинос: ҷанг дар Афғонистон намегузорад ки Тоҷикистон тарҳҳояшро дар Осиё густариш диҳад
Сайфулло Сафаров: ҷанг дар шимоли Афғонистон таҳдидест бар амнияти Тоҷикистон
Барчаспҳо:
ДОИШ, Русия, Амрико, Афғонистон, Замир Кабулов, Русия-Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ