09:17 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Хурсанд Хуррамов

Коршинос: Душанбе дар тасмимгириҳои сиёсӣ низ аз Пекин фармонбардорӣ хоҳад кард

© Фото: Хурсанд Хуррамов
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
33230

Коршиноси масоъили сиёсӣ Хурсанд Хуррамов муътақид аст, ки вобастагии рӯзафзуни Тоҷикистон ба вомҳо ва эътиборҳои молии Чин дар оянда барои ин кишвар хатарсоз хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Коршиноси тоҷик Хурсанд Хуррамов дар мусоҳибае бо Дафтари гузоришҳои таҳлилии Осиёи Марказӣ (Central Asian Bureau for Analitical Reporting) гуфтааст, ки Чин танҳо дар зоҳир ҳадаф аз густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Тоҷикистонро иқтисодӣ унвон мекунад, аммо вобастагии фазояндаи иқтисодӣ ба Чин дар баландмуддат муҷиб мешавад, ки Душанбе дар тасмимгириҳои сиёсии худ низ аз Пекин фармонбардорӣ кунад.

Дар ин мусоҳиба, ки дар вебгоҳи "Cabar.Asia" мунташир шудааст, вай гуфта, ки таъсири иқтисодии афзояндаи Чин дар даҳсолаи ахир барои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, омилест, ки эҳсосоти дугонаро падид меоварад: чунончи, барои нухбагони сиёсӣ ин омил мусалламан ҷолиб аст, зеро Чин вому эътиборе ба ин кишварҳо медиҳад, ки нисбат ба вомҳои кишварҳои Ғарб ва созмонҳои байналмилалӣ камтар баҳра доранд; вале мардумони Осиёи Марказӣ ҳамчунон аз фаъол шудани Чин дар минатқа нигарон ҳастанд ва ба он эътимод надоранд.

"Аммо аз онҷое, ки ҷомеъа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар умури сиёсӣ таъсиргузор нест, гумон надорам, ки омили дувум таъсире дар равобити байналмилалӣ бо Чин дошта бошад. Аз ин рӯ, гумон меравад, ки тамоюли афзояндаи таъсири иқтисодии Чин, аз ҷумла дар Тоҷикистон, идома хоҳад ёфт", — таъкид кардааст ӯ.

Вай ҳамчунин гуфта, ки вектори бегузинаи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Чинро метавон гунае "аҳруми фишори сиёсии Пекин" шумурд. Ҳарчанд Чин дар равобиташ бо кишварҳои минтақа аз худ прагматизми иқтисодӣ нишон медиҳад ва аз масоъили сиёсӣ дурӣ меҷӯяд, аммо бо таваҷҷуҳ ба вобастагии иқтисоди Тоҷикистон ба сармоягузории Чин ва қарзи афзоянда (1,2 милёрд дулор), аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда ҳарфи охирро дар масъалаи таъсири сиёсӣ Чин хоҳад гуфт.

Хуррамов афзуда, ки қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол ба 2 милёрду 300 милюн дулор расида, ки 1 милёрду 200 милюн дулор аз он бидеҳӣ ба давлати Чин аст.

Ба гуфтаи вай, ҳамчунин танҳо дар се моҳи нахусти имсол Чин дар иқтисоди Тоҷикистон 76 милюну 600 ҳазор дулор сармоягузорӣ карда, ки камобеш 53 дарсад аз кулли сармоягузориҳои хориҷӣ дар ин кишвар аст.

Хуррамов гуфта, Чин дар солҳои ахир бо афзоиши сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ва ихтисоси вомҳои камбаҳра ба ин кишвар талош мекунад, ки чеҳраи фарҳангӣ ва иҷтимоъии худро дар миёни тоҷикон беҳбуд бахшад. Роҳандозии давраҳои омӯзиши забони ҷинӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва фаъолияти Институти Конфутсий ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Чинро метавон аз кӯшишҳое дар ин замина шумурд.

Ба гуфтаи Хуррамов, давлати Чин ба таври умда ба истифода аз манобеи тилло ва филиззоти рангии Тоҷикистон таваҷҷуҳ дорад ва бештари корхонаҳои тавлиди тилло дар ин кишвар бо сармоягузории бонкҳо ва мушорикати коршиносони чинӣ фаъолият мекунад.

Ӯ муътақид аст, ки стратегияи Чин дар ростои Тоҷикистонро бояд дар чорчӯби иҷрои тарҳи "Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим" баррасӣ кард, ки яке аз ҳадафҳои аслии он рушди минтақаҳои ғарбии Чин аст, ки аз роҳҳои дарёӣ ва марказҳои санъатӣ дур ҷойгир шудаанд. Пайгирии ин сиёсат дар соли 1999 оғоз шуда ва афзун бар бунёди саноеъ дар минтақаҳои ғарбии Чин ҳамчунин гуногунибахшии роҳҳои таробарӣ ба сӯи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро низ дар назар дошт. Барои иҷрои ин стратегия, Чин сармоягузорӣ дар зерсохтори Тоҷикистон ва афзоиши гардиши колоро оғоз кард. Дар натиҷа, бо гузашти даҳ сол Чин дувумин шарики тиҷории умдаи Тоҷикистон пас аз Русия ва умдатарин вомдиҳанда ва сармоягузорони ин кишвар шуд.

Мавзуъ

Чин сармоягузорӣ аслӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аст
Ширкати чинии ТВЕА дар шаҳри Душанбе мактаб месозад
Мулоқоти Раҳмон бо Си Ҷинпин: кишвардори Тоҷикистон ба Чин даъват шуд
Рӯ ба Чин овардани тоҷикҷавон аз баҳри чист?
Чин коркарди тиллоро дар Тоҷикистон ба 5 тонна баробар кард
Барчаспҳо:
сиёсат, иқтисод, сармоягузорӣ, Тоҷикистон, Чин, Хурсанд Хуррамов, Тоҷикистон-Чин

Мавзӯъҳои асосӣ