08:43 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Мамннӯъ. Акс аз бойгонӣ

Хоста ё нохоста: чаро Тоҷикистон Эронро муттаҳам ба пуштибонӣ аз кушторҳои солҳои 1990-ум мекунад?

© Sputnik / Андрей Стенин
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
290 0 0

Намоиши филми пурсарусадо дар бораи даст доштан Эрон дар кушторҳои фармоишии солҳои 1990-ум оё иштибоҳи фоҳиши кормандони телевизиюн буд ва ё барномае барои барандохтани ҷанҷол миёни ду кишвар?

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik, Рубен Гарсиа. Ду рӯз пеш Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо намоиши филме Эронро муттаҳам ба пуштибонии моливу низомӣ аз куштори бархе аз чеҳраҳои сиёсиву илмиву фарҳангиву расонаии Тоҷикистон ва афсарони пойгоҳи низомии Русия дар солҳои 1990-ум кард.

Дар бораи ин филм ду нуктаро бояд пешопеш ёдоварӣ кард. Нахуст ин, ки ин филмро Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таҳия карда ва он аз шабакаҳои аввали телевизюни давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Яъне дар воқеъ мавзеъгирии ҳукумати Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Дувум ин, ки замоне, ки барои намоиши ин филм интихоб шуда, чандон мусоъид набуд.

Мавзуъ ин аст, ки чанде пеш дар Эрон оёини савганд додани раисҷумҳури мунтахаб Ҳасан Руҳонӣ баргузор шуд. Дар ин ойин Тоҷикистонро вазири эжержӣ ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода намояндагӣ мекард, ки ҳамакнун раиси тоҷикии Кумисюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар аст. Вай дар ҳошияи ин ойин бо вазири нерӯи Эрон, ки ҳамтои эронияш дар он кумисюн аст, барои баргузории нишасти ояндаи он дар Душанбе ба тавофуқ расиданд.

Дар ин росто намоиши филм каме аҷиб менамояд: аз як тараф — гуфтушунидҳои дуҷониба барои оштӣ ва аз ҷониби дигар — муттаҳам кардани он кишвар дар кушторҳои занҷираӣ.

Чун телевизиони Тоҷикистон ин масъаларо тавзеҳ надод, Sputnik Тоҷикистон тавзеҳотро аз коршинсоон ҷӯё шуд.

"Фикр мекунам, ки ин кор тасодуфан анҷом дода шуда аст. Чаро ҳукумати кишвар ошкоро равобиташро бо Эрон вайрон мекунад? Агар пахши ин филм тасодуф набошад, пас ин хидмати хирсона ба равобити Тоҷикистону Эрон аст", — мегӯяд корманди маркази таҳлилии Фарҳангистони улуми Русия, дуктури улуми торих Раҳимбек Бобохонов.

Яке аз далоили вай ин аст, ки ҳеч кадоме аз масъулини давлати Тоҷикистон, ки вазифаашон тавзеҳи чунин масоил аст, нахоста дар ин мавзуъ назар бидиҳад.

Ба гуфти вай, ҳангоме, ки рӯзноманигорон ба Маркази таҳқиқоти стротежии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти тавзеҳот рӯй овардаанд, на мудири ин марказ ва на муъовинаш нахостаанд ин масъаларо бо рӯзноманигорон баррасӣ кунанд.

Бобохонов бар ин аст, ки ин филм чанд сол пеш ва дар замоне, ки равобит миёни Тоҷикистону Эрон рӯ ба сардӣ ниҳода буданд, омода шудааст. Вале намоиши филм дар замоне, ки ду кишвар қарор додаанд равобиташонро пайгирӣ кунанд, иштибоҳи фоҳиши раҳбарони телевизиюни давлатии Тоҷикистон аст.

Вале коршиноси умури сиёсӣ Александр Князев бо Раҳимбек Бобохонов ҳамназар нест.

"Ман фикр мекунам, ки намоиши ин филм ҳамлаи барномарезишуда ба Эрон аст. Муҳол аст, ки намоиши чунин филм бо хоҳиши худи мудири шабакаи телевизиюн сурат гирифта бошад. Намоиши чунин филм — рӯйдоди бисёр муҳим аст, аз ин рӯ сафари ҳайъати расмии Тоҷикистон ба Теҳрон бештар ҷанбаи намоишӣ дошт", — гуфт вай.

Ин рухдод на танҳо барои Тоҷикистон муҳим аст. Ба фикри Князев, супоришдиҳандагони сохти ин филм эҳтимолан дар кишварҳои дурдаст, дақиқтар, дар Риёз ба сар мебаранд.

"Эҳтимол ин, ки Тоҷикистон танҳо василае барои нуфузи таъсири саъудиҳо бошад, кам нест. Дар чунин ҳол яке аз ҳадафҳои намоиши ин филм ҷангандозии кишварҳои шарик — Эрон ва Русия хоҳад буд", — тавзеҳ дод Александр Князев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Умуман чунин изҳорот далел дорад. Чунончи, дар бахше аз филм аз куштори 20 низомии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ёдоварӣ мешавад.

Дар ин филм намоши дода мешавад, ки чӣ гуна боздоштшудагон дар бозпурсии нерӯҳои амниятӣ эътироф кардаанд, ки дар солҳои 1990-ум муддате дар Қуму Гургон ва Машҳаду Теҳрон омӯзиши ҷангӣ ва тахрибкорӣ дида ва шиносномаи эронӣ дарёфт кардаанд.

Онҳо дар ин филм худро аз ҷонибдорони Ҳоҷӣ Ҳалим — Абдуҳалим Назаров дониста ва иқрор кардаанд, ки аз ӯ барои қатли чеҳраҳои сиёсиву фарҳангиву расонаии тоҷик ва низомиёни пойгоҳи 201 Русия ба манзури "афзоиши бадбинии мардум нисбат ба ҳукумат" дастур ва пул гирифтаанд.

Ин боздоштшудагон пушмаймонӣ кардаанд, ки "иштибоҳан узви ҲНИТ шудаанд, чун намедонистанд ин ҳизб як созмони теруристӣ буда, аз тарафи Эрон сармоягузорӣ мешуд".

Дар ин росто сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе бо интишори баёнияе иддиъоҳои матраҳшуда дар филми Вазорати умури дохилаи Тоҷикистонро, ки 8 август аз телевизиюни саросарии Тоҷикистон пахш шуда буд, "бепояву дурӯғ" хонд.

Сафорати Эрон гуфта, ки иддиъоҳое, ки дар ин филм эътирофкунандаҳои зиндонӣ матраҳ кардаанд, ба нақл аз касонест, ки акнун зинда нестанд ва аз ин рӯ наметавонанд эътиборе дошта бошанд.

"Ҳофизаи торихии миллати шарифи Тоҷикистон хуб ба ёд дорад ва фаромӯш нахоҳад кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун яке аз бунёдгузорон ва тазминкунандагони аслии сулҳи Тоҷикистон ва мизбони музокироти тарафҳои даргир, чи нақши созандае дар поён додан ба ҷангҳои дохилии ин кишвар дар даҳаи 90 ифо намуд", — гуфта шуда дар ин баёния.

Ёдоварӣ мекунем, ки Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо намоиши филме Эронро муттаҳам ба пуштибонии моливу низомӣ аз куштори бархе аз чеҳраҳои сиёсиву илмиву фарҳангиву расонаии Тоҷикистон ва афсарони пойгоҳи низомии Русия дар солҳои 1990-ум карда буд.

Мавзуъ

Нишасти Кумисюни муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад
Эрон барои пажӯҳиши Осиёи Марказӣ ва Афғонистон муъассисаи "Эрони Шарқӣ" бунёд кард
Барқи Тоҷик: бо Эрон дар пардохти қарзи НБО “Сангтӯда–2” мушкиле надорем
Барчаспҳо:
кушторҳои соли 90-ум, намоиши филм, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ