00:10 18 августи 2017
Пахши мустақим
Флаг Ирана, архивное фото

Сиёсатмадори баландпоя: Эрон равобитро бо Тоҷикистон қатъ нахоҳад кард

© AP/ Ronald Zak
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
44740

Як сиёсатмадори баландпояи эронӣ дар вокуниш ба иддиъоҳои ВУД Тоҷикистон гуфтааст, ки ин моҷаро реша дар барномае дорад, ки Амрико ва Арабистони Саъудӣ барои Эрон дар минтақа омода кардаанд, вале Теҳрон равобитро бо Душанбе қатъ нахоҳад кард

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ин масъул дар суҳбат бо пойгоҳи сиёсӣ-фарҳангии "Кимиёи саодат" гуфтааст, Эрон аз асли моҷаро огоҳ аст ва онро бахше аз барномаи калоне медонад, ки Арабистони Саъудӣ ва Амрико дар баробари Ҷумҳурии Исломӣ роҳ андохта ва саъудиҳо талош кардаанд, ки натанҳо Тоҷикистон, балки Покистону Афғонистону Озарбойҷонро низ бо ваъдаҳое вориди ин "бозӣ" кунанд, ки аз Қатар оғоз шуд.

"Ҳарфи Арабистон ва муттаҳидонаш ба Қатар чист? Мегӯянд, равобити худро бо Эрон бояд қатъ кунӣ. Рафтори давлати Тоҷикистон низ дар дохили ҳамин пружаи калон бояд қироат шавад. Зоҳиран, аз давлати Тоҷикистон хоста шуда, ба ҳар тариқ, ки шуда, равобити худро бо Ҷумҳурии Исломӣ ба ҳар баҳонае тира кунад. Ин корҳо, ки алъон мебинед, мисли пахши ин филм, барои ин аст, ки то Ҷумҳурии Исломӣ ба онҳо вокуниши тунд нишон диҳад, масалан, сафирро эҳзор намояд ва шояд кор то қатъи робита ҷилав биравад. Давлати Тоҷикистон зоҳиран намехоҳад оғозгари ин иқдом бошад, мехоҳад Эрон ба чунин иқдоме даст занад. Аммо мо ҳавоссамон ҳаст, мефаҳмем решаи ин моҷаро куҷост, ҳаргиз иҷоза намедиҳем ҳадафи душманони ду миллати Эрон ва Тоҷикистон таъмин шавад", — гуфтааст ин масъул, ки нахоста номаш бурда шавад.

"Мо мушкиле бо Тоҷикистон надоштем. Воқеан арз мекунам, бидуни таъоруф. Ин ҳарфҳо, ки мегӯянд, ин ки масалан оқои Кабирӣ дар конфронси ваҳдат ширкат карда ва ё намедонам, ҳимоят мешавад, инҳо, бовар кунед, ҳама баҳона ҳастанд. Мо агар нияти баде нисбат ба давлати Тоҷикистон дошта бошем, ки ҳаргиз миёни давлат ва опозисиюни ин кишвар саъй намекардем сулҳе бишавад", — таъкид кардааст вай.

Ба ақидаи вай, дар асл ҷониби Тоҷикистон талош дорад, ки Эрон худ ба қатъи равобит бо Душанбе иқдом кунад: "Аввал омаданд дафотири иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Исломиро бастанд. Диданд, вокунише нишон намедиҳем, зеро медонем асли моҷаро чист. Ҳоло имрӯз омаданд ин филмро дуруст карданд. Ҳадаф, ҳама ин аст, ки оғозгари қатъи робита мо бошем, аммо мо мефаҳмем, масаъла чист. Агар кӯтоҳ меоем, ба хотири он аст, ки медонем, ин бадхоҳон ҳастанд, ки давлати Тоҷикистонро вориди ин бозии касиф кардаанд. Вагарна, Ҷумҳурии Исломии Эрон кишваре нест, ки кӯтоҳ биёяд, на дар баробари Амрико кӯтоҳ омада ва на дар баробари ҳеч як аз султахоҳон. Тоҷикистон барои мо на Амрикост, на Урупост, на Арабистони Саъудист… Тоҷикистон барои мо воқеъан азиз аст. Мо вақте мегӯем, Тоҷикистон барои мо азиз аст, таъоруф ки намекунем, аз нигоҳи сирф масолеҳу манофеъ ки намегӯем. Бино бар ин, ба назарам, давлати Тоҷикистон бояд дар рӯйкардҳо ва ин сиёсатҳо таҷдиди назар кунад".

Ин масъули эронӣ дар посух ба ин пурсиш, ки оё эътирози умдаи давлати Тоҷикистон ба равобити Эрон бо Ҳизби наҳзати исломист, гуфтааст: "Ҳизби наҳзати исломӣ як ҳизби расмӣ буд ва то яке ду сол пеш худи давлати Тоҷикистон ҳам мушкиле бо он надошт, то ин ки якдафъа теруристӣ эълом мешавад. Хуб, мо тайи ин ду се сол магар чӣ кор кардем, ки аз дасти мо асабонӣ бишавад давлати Тоҷикистон? Оё Наҳзати исломӣ дар ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии Исломӣ ҳузур дорад мисли даҳаи 90-ум ва замон ҷанги шаҳрвандӣ? Кодри раҳбарии ин ҳизб ва бештари аъзояш, ки феълан дар Урупост. Аммо ин ки интизор дошта бошанд, Ҷумҳурии Исломӣ ин ҳизбро як ҳизби "теруристӣ" талаққӣ кунад, ин як интизори бисёр беҷост. Як ҳизби сиёсӣ аст ва дар ҷомеаи Тоҷикистон барои худ тарафдороне дорад, чаро "теруристӣ"-аш бидонем? Чун давлати Тоҷикистон инро мехоҳад? Бибинед, ба ҳамон далел, ки то ҳанӯз ҳеч кишваре, то ҷое, ки медонам, ин ҳизбро "теруристӣ" намедонад, мо ҳам ба ҳамон далел Наҳзати исломиро "теруристӣ" намедонем. Ин интизор аз Ҷумҳурии Исломӣ, ба назарам, як интизори бисёр беҷост".

Вай дар посух ба ин пурсиш, ки агар ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамин минвол идома бидиҳад, кор то ба куҷо пеш хоҳад рафт, гуфта: "Дар ҳар сурат, Ҷумҳурии Исломии Эрон оғозгари мусибат нахоҳад буд. Яъне, намехоҳем кор то ба қатъи робита бикашад. Инро мутмаин бошед. Фикр мекунам, дар дохили Тоҷикистон ва дар дохили давлати ин кишвар, афроди оқиле ҳастанд, ки моҷароҷӯёнро ба табаоти ин рафторҳояшон огоҳ хоҳанд кард".

Мавзуъ

Хоста ё нохоста: чаро Тоҷикистон Эронро муттаҳам ба пуштибонӣ аз кушторҳои солҳои 1990-ум мекунад?
Сафорати Эрон: иддиъоҳои ВУД Тоҷикистон бепоя ва дурӯғ аст
Сафорати Эрон дар Тоҷикистон: мавзеъамонро ба зудӣ эълом хоҳем кард
Тоҷикистон Эронро муттаҳам ба пуштибонии моливу низомӣ аз кушторҳои сиёсии солҳои 1990-ум кард
Барчаспҳо:
таниш миёни Тоҷикистону Эрон, Кимиёи саодат, Тоҷикистон-Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ