23:38 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Мақомоти қубратии Русия. акс аз бойгонӣ

Миф ё воқеъият: чаро теруристонро дар Русия тоҷик мебароранд?

© Sputnik / Максим Блинов
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
209 0 0

Чаро расонаҳои Русия аксари теруристҳоро "тоҷик" ва "шаҳрванди Тоҷикистон" мегӯянд

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар паи амалиёти ахири нерӯҳои амниятии Русия корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ таваҷҷуҳ карданд, ки аксарияти боздоштшудагон ва омодасозони амалиёти теруристӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Рӯзи 14 август кормандони Созмони федеролии амнияти Русия (ФСБ) чаҳор мардро ба иттиҳоми омодасозии амалиёти теруристӣ дар Максав дастгир карданд. Бино ба иттилоъи равобити умумии ФСБ, ду тан аз онҳо маргталаб, яке мутахассиси омодасозии маводи тарканда ва яке ҳам саркардаашон будааст. Ин муттаҳамон ҳама бо гурӯҳии теруристии "Давлати исломӣ" (ДОИШ, мамнуъшуда дар Русияву Тоҷикистон) ҳамдаст будаанд. Ҳамчунин озмоишгоҳе, ки ин ҷангҷӯён дар он маводи тарканда омода мекарданд, ошкор ва нобуд карда шуд.

Таваҷҷуҳ ба табори ҷангҷӯён

Пас аз ошкор шудани ин ҷиноят ва пайдо шудани ахбор дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳама ба табори ин ҷангҷӯён таваҷҷуҳ карданд: яке аз онҳо шаҳрванди Русия буд ва се касашон шаҳрванди Тоҷикистон.

Чанде пеш аз ин — дар моҳи апрел, Содиқ Ортиқов ном шаҳрванди Тоҷикистон низ ба иттиҳоми омодасозии инфиҷор дар метрои шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуда буд, ҳарчанд бо исрор даст доштанаш дар ин амали теруристиро инкор мекард.

Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ он замон изҳороте пайдо шуд, ки гӯё шаҳрвандони Тоҷикистон омодакунандаву иҷрокунандаи аслии аксари амалиёти теруристӣ дар Русия ҳастанд. Албатта, ин изҳорот баҳсҳоеро бар ангехт, ки бархе ба истилоҳ "таҳлилгарон" низ ба он пайвастанду ҳадсу гумонҳое заданд, ки оё омили ин падида бетаваҷҷуҳии давлати Тоҷикистон буда, ки теруристҳои биқувваро дар кишвари худ надида ва ё камкории нерӯҳои амниятии Русия буда ва ё ин ки ақидаҳои ифротӣ дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон чунин жарф реша давондаанд.

Sputnik Тоҷикистон посухи ин суолҳоро аз таҳлилгарон ва коршиносон ҷӯё шуд.

"Дар ин мавзуъ нақши расонаҳо дар пӯшиши хабарии рухдодҳо бисёр бузург аст, зеро бисёр касоне, ки таборашон дар хабарҳо ёд мешаванд, дар паи намунагирии лаҳҷаӣ бардошт мешаванд ва воқеъиятро нишон намедиҳанд. Тоҷикистон дувумин кишвари муҳоҷирфиристест, ки бештарин нерӯи корро ба Русия равон мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин омил, ки теруристҳо кадом муҳоҷиронро бештар ҷалб мекунанд, шаҳрвандони Тоҷикистон худ ба худ бо далели бисёр буданашон дар Русия, дар омори табаҳкорӣ дар сархатт ҷой мегирад", — гуфт коршиноси Шурои равобити байналмилалии Русия Никита Мендкович.

Боре, вай ҳамчунин ёдоварӣ мекунад, ки замина барои ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои тундрав дар Тоҷикистон, ва на камтар аз он дар Қирғизистон, мусоид аст.

Мушкил ин аст, ки водии Фарғона як аз майдонҳои аслии фаъолияти гурӯҳҳои ифротие чун "Ихвон ул-муслимин", "Ҳизб ут-Таҳрир" ва "Ҷамоъати таблиғ" аст, ки нерӯҳои интизомӣ аз онҳо бадгумон ҳастанд, ки бо гурӯҳи "Толибон" робита доранд.

Ин созмонҳо ҳар кадоме муҳоҷирони ҷавонро ба сӯи худ мекашанд. Вазъро ин омил ҳам мушкилтар мекунад, ки дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ руҳониёни таҳсилкардаву коршинос дар умури динӣ кам ҳастанд ва масалан дар бархе аз масҷидҳои Қирғизистон минбарро имомҳое гириифтаанд, ки гузаштаашон норӯшану дониши динияшон норӯшантар аз он аст.

Чанде пеш дар ин кишвар маъмурини сиррии "Давлати исломӣ" ҳам пайдо шуданд. Ва таҷрибаи тарғиботии онҳо, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши амалиёти теруристӣ дар Ховари Миёна, Урупо, Русия ва Афғонистон, имкон дода, ки созмондиҳиву баргузории амалиёти теруристӣ ва "тавлиди анбӯҳи" ҷангҷӯёни худкушро роҳандозӣ кунанд.

Тасодуфи нохушоянд

Пас чаро чунин мушкиле бештар барои Тоҷикистон ва Қирғизистон хос аст, на барои кишварҳои ҳамсоя?

"Дар Узбакистон фишор бар исломгароён бештар аст. Ҳам аз нигоҳи сахтгирии нерӯҳои амниятӣ ва ҳам аз дидгоҳи қонунгузорӣ. Барои намуна, дар ин кишвар ҳатто барои тамошои видеои тундгароёна масъулият пешбинӣ шудааст. То чандоне пеш ҳангоми вуруд ба Узбакистон афзорҳое чун роёна, корти ҳофиза ва дигар корафзорҳое, ки дорои матолиби мамнуъ бошад, боз ситонда мешуд", — тавзеҳ дод Мендкович дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дар баробари ин Узбакистон дар мубориза бо экстремизм яке аз кишварҳои пешдаст буд. Замоне, ки солҳои 1990-ум дар Узбакистон ҳаракати исломие пайдо шуда буд, ҳукумат ҷавоби сатх дода аксари аъзои онро ба зиндон равон кард. Онҳое ҳам, ки паси панҷара нарафтанд, худ аз Узбакистон гурехтанд.

Бархе аз тундравони узбак он замон дар Тоҷикистон паноҳ ёфта, ҳамроҳ бо Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҷанги солҳои 1992 — 1997 ширкат карданд.

Ба фикри коршиноси низомӣ Игор Коротченко, муҳимтар аз ҳама ин боздошти ҷангҷӯён аст, яъне ФСБ вазъро таҳти назорат гирифтааст. Дар сархатти хабарҳо ҷой гирифтани Тоҷикистон тасодуфе беш нест.

"Ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ — минтақаи риск ҳаст. Муттассифона, теруризмаро намешавад аз беху бун решкан кард.  Танҳо огоҳии худи мардум дар маҳаллҳо ва кори дастаҷаъонаи созмонҳои маҳаллӣ метавонад ин падидаро аз байн барад", — мегӯяд Коротченко ва таъкид мекунад, ки дар хабарҳои ҷиноӣ бештари вақт теруристҳои рус ҳам номбар мешаванд.

Ин ҷо мушкили дигаре ҳам ҳаст. Худ ҳамин далели омодасозии амалиёти теруристӣ аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон бисёре аз шаҳрвандони Русироя нисбат ба онҳо бадбин мекунад. Аз инҷост ки боз сару садоҳое дар бораи роҳандозии раводид миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бар мехезанд.

"Шумори касоне, ки шиорҳои радикалӣ медиҳанд, бештар аз пеш мешавад. Ва аксари шаҳрвандон ин шиорҳоро ба осонӣ қабул мекунад. Тарс аз "бегонагон", муҳоҷирҳаросӣ — бахше аз зиндагии ҳар як ҷомеъа шудааст", — гуфт коршиноси масоили муҳоҷиратӣ Юрий Московский.

Дар Белгия, Фаронса ва Бритониё низ чанде пеш амалиёти теруристӣ ҷони даҳҳо касро гирифта буданд. ҳамин ҳодисот рух дод. Он замон дар аксари кишварҳои Иттиҳоди Урупо, ки ба меҳмоннавозу аҳли мудоро будан маъруф ҳастанд, дар паи вуруди паноҳҷӯёну муҳоҷирон аз Ховари Миёна бар пояи норизояти шаҳрвандон дар кӯтоҳтарин замин қонунҳои наве тасвиб шуданд, ки имкон медиҳанд, муҳоҷиратро зери назорати шадид бигиранд.

Барчаспҳо:
терурист, ҷангиён, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ