23:39 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон дар Қасри Миллат 10.09.2014

Коршиносон: ҶТ наметавонад монеъи пайвастани Эрон ба СҲШ шавад

© Фото: Хадамоти матбуот
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
46430

Коршиносони русӣ ва эронии масоили Ховари Наздику Миёна иллату пайомадҳои сард шудани равобити Тоҷикистону Эронро, ки имрӯзҳо дар бадтарин давра қарор дорад, баррасӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Равобити Тоҷикистону Эрон имрӯзҳо дар бадтарин давра ва сардтарин вазъ аз замони роҳандозияшон қарор доранд. Оё таниш дар равобити Душанбе ва Теҳрон бар пайвастани Эрон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) таъсире хоҳад гузошт? 

Александр Шаров, муовини мудири Дафтари Эрон дар Бошгоҳи тиҷории СҲШ, таниш дар равобити Эрону Тоҷикистонро бисёр ночиз мешуморад ва мегӯяд: "Ин ки Тоҷикистон якбора ва ногаҳонӣ бо Эрон ҷанҷол роҳ андохта, бештар ба шантажи тиҷорӣ мемонад. Он кишвар иқтисоди бисёр кучаке дорад ва раҳбараш мехоҳад аз Чин, Русия ё Эрон ёронаву имтиёзҳоеро дарёфт кунад. Гумон дорам, ки ин масъала бар пояи як созиш ҳаллу фасл мешавад".

Вай мегӯяд, ки Тоҷикистон кишвари осебпазирест ва шадидан зери таъсири Русия аст, ки онро таҳдидҳои гурӯҳҳои теруристӣ ҳимоят мекунад.

"Аз онҷое, ки Русия аз пайвастани Эрон ба СҲШ пуштибонӣ мекунад, Тоҷикистон наметавонад дар ин замина монеъ шавад. Гумон дорам, ки ин истори Тоҷикистон ҳангоми сафари раҳбараш ба Русия ба ҳанҷор дароварда хоҳад шуд", — мегӯяд Шаров.

Фарзод Рамазонии Буниш, коршиноси мустақил ва таҳлилгари масоили Ховари Миёна, низ дар баррасии ин таниш ба пешинаи равобити Эрону Тоҷикистон ишора карда мегӯяд:                  

"Бо таваҷҷуҳ ба пайвандҳои гуногуни забонӣ, фарҳангӣ, торихӣ ва ҳамчунин динӣ, ин ду кишвар ба назари бисёре аз таҳлилгарон ва коршиносон "ду давлат дар чорчӯби як миллат" шумурда мешаванд. Ба сухане дигар, Тоҷикистон дар давраҳои бисёре дар чорчӯби Эрони фарҳангӣ буда ва аз дидгоҳи нажодӣ, динӣ ва фарҳангӣ тафовутҳои бисёр ҷузъӣ бо Эрон дорад. Агар ба гузаштаҳо нигоҳ кунем, мебинем, ки Эрон нахустин кишваре буда, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва нақши муҳиммеро баъд аз истиқлоли ин кившар ва ҳамчунин фароянди таъмини сулҳу субот баъд аз ҷангҳои дохилии Тоҷикистон ифо кард. Баъд аз он равобити ду кишвар вориди марҳилаи хубе шуд ва рӯ ба густариш буд. Аммо дар ду соли гузашта бино ба далоили иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳамчунин навъи нигоҳи ду тараф чолишҳои рӯзафзуне дар равобити ду кишвар эҷод шуд".

Вай дар бораи заминаҳои падид омадани ихтилофоту таниш дар равобити ду кишвар бар ин назар аст, ки таниши ахир аз ширкати раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҳамоише дар Теҳрон оғоз мегирад.

"Мақомоти Тоҷикистон эълом карда буданд, ки Эрон талош мекунад аз ҲНИТ ҳимоят кунад. Аммо Эрон мехост дар ҳалли ихтилоф миёни давлати Тоҷикистон ва ҲНИТ нақши миёнҷиро ифо кунад. Дар воқеъ, баъд аз ин масъала мақомоти Тоҷикистон кам-кам аз доманаи ҳамкориҳои бо Эрон дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва геополитикӣ костанд ва дар вазъияти кунунӣ равобити Эрону Тоҷикистон дар бадтарин давраҳои худ нисбат ба гузашта ба сар мебарад. Дар ҳавзаи иқтисодӣ ихтилофи молӣ, ки бар сари сармоягузориҳои Эрон дар Тоҷикистон вуҷуд дошт ва ҳамчунин масъалаи Бобак Занҷонӣ ва ҳузури вай дар Тоҷикистон ва муноқишот дар ин замина, ҳарчанд ба назар мерасад, ки то ҳадде ҳалл шуда, аммо бар равобити ду кишвар соя андохта аст".

Вай мегӯяд, ки бархе дар Тоҷикистон боварманданд, ки ҳузури ниҳодҳои мазҳабӣ ва фарҳангии Эрон дар ин кишвар ба гунае монеъаҳоеро дар шеваи сиёсатгузории давлати Тоҷикистон эҷод мекунад ва бо фишор овардан бар ин ниҳодҳо фаъолияташонро камранг ё яксара қатъ карданд.

"Дар ҳоле, ки Теҳрон ҳаргиз чунин диде нисбат ба Тоҷикистон надошта ва давлати Эрон ҳамвора ба дунболи таҳкиму тасбити равобит бо ин кишвар будааст", — таъкид кард Рамазонии Буниш.

"Ба назар мерасад, ки раҳбарону сарони Тоҷикистон аз таъсири бархе мутағайирҳои дохилӣ, сиёсӣ ва амниятӣ ва ҳамчунин навъи нигоҳи дигар бозигарони минтақа талош карданд, ки андак-андак аз ҳаҷми равобити худ дар абъоди гуногун бо Эрон бикоҳанд ва бозигарони дигаре, монанди Арабистони Саудиро вориди сиёсати хориҷии худ карда ва бахше аз потенсиалеро ки ба Эрон ихтисос медоданд, ба саудиҳо бидиҳанд. Албатта, Арабистони Саудӣ ҳам дар чанд соли гузашта кӯшиш кардааст то бо афзоиши ҳузури иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон, ниёзҳои молии ин кишвар ва ҳамчунин раванди молии мавриди ниёзи тоҷикон дар сармоягузориро бартараф кунанд ва амалаг ба гунае мустақим ва ғайри мустақим фишорҳоеро бар мақомоти Тоҷикистон эъмол кунанд", —мегӯяд вай.

Фарзод Рамазонии Буниш дар бораи асару таъсири ин ихтилофот бар раванди пайвастани Эрон ба СҲШ низ гуфт: "Ҳарчанд Тоҷикистон як кишвари соҳибраъй дар он созмон аст, аммо Чину Русия ҳамчун ду вазнаи аслӣ ва муҳимми ин созмон, агар ба гунаи сад дарсадӣ пуштибони ҳузури Эрон дар СҲШ бошанд, метавонанд аҳрумҳо ва абзорҳое барои тағйири назари Тоҷикистон дар хусуси вуруди Эрон истифода кунанд".

Вай ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки "гарчи дар чанд соли гузашта аз мухолифатҳои Тоҷикистон дар ин бора бисёр шунидаем, вале бояд бидонем, ки дар гузашта ин кишвар яке аз пуштибонони аслии пайвастани Эрон ба СҲШ буд".

Ӯ бар ин бовар аст, ки "дар сурати ройзаниҳои мақомоти Вазорати хориҷаи Эрон, Чин ва Русия бо Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бархе аз ихтилофи назарҳо дар ин замина ва нигоҳҳои манфӣ нисбат ба Теҳронро бартараф карда ва назари Тоҷикистонро барои вуруд ба СҲШ ҷалб намоянд".

Мавзуъ

Намояндаи Маҷлис: Эрон мухолифи нақзи ҳокимияти Тоҷикистон аст
Ҳамкориҳои гумрукии Тоҷикистону Эрон афзоиш меёбанд
Сиёсатмадори баландпоя: Эрон равобитро бо Тоҷикистон қатъ нахоҳад кард
Хоста ё нохоста: чаро Тоҷикистон Эронро муттаҳам ба пуштибонӣ аз кушторҳои солҳои 1990-ум мекунад?
Сафорати Эрон: иддиъоҳои ВУД Тоҷикистон бепоя ва дурӯғ аст
Тоҷикистон Эронро муттаҳам ба пуштибонии моливу низомӣ аз кушторҳои сиёсии солҳои 1990-ум кард
Эрон барои пажӯҳиши Осиёи Марказӣ ва Афғонистон муъассисаи "Эрони Шарқӣ" бунёд кард
Фарозу нишеби равобити Тоҷикистону Эрон: чорае ҷуз беҳбуд нест
Ҷумҳурии Исломии Эрон ройзаниҳояшро дар шаҳри Хуҷанд баст
Барчаспҳо:
таниш, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Фарзод Рамазонии Буниш, Алексанлр Шаров, Тоҷикистон-Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ