23:37 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Радабандӣ. Акс аз бойгонӣ

Пешгомии Тоҷикистон дар радабандии содироти коло аз Русия

© Sputnik Зарина Эргашева
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
54 0 0

Аз соли 2015 то 2017 Тоҷикистон дар радабандии содироти маводи ғайри хом аз Русия 34 зина боло рафта ҳамакнун ҷои 17-ро аз худ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 авг— Sputnik. Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои рушдкунанда дар содироти маводи ғайри хом аз Русия мақоми аввалро аз худ кард.

Чунин натиҷа дар паи пажӯҳиши Маркази содиротии Русия ба даст омадааст.

Аз соли 2015 то 2017 Тоҷикистон дар радабандии содироти маводи ғайри хом аз Русия 34 зина боло рафта ҳамакнун ҷои 17-ро аз худ кардааст.

Дар сатри якуми ин радабандӣ ба ҷои Полша, ки соли гузашта пешгом буд, Узбакистон нишаст. Туркманистон дар ин феҳрист то 33 зина поин рафта дар ҷои 51-ум қарор гирифт.

Мақоми сеюмро чун соли пешин Олмон аз худ кард. Дар панҷгонаи аввал ҳамчунин Ҳиндустон ва Тукрия ворид шуданд.

"Ба ин радабандӣ ҳамаи кишварҳое, ки Русия ба онҳо маводи ғайри хом содир мекунад ворид шудаанд", — гуфт мудири Маркази содиротии Русия Михаил Снег.

Пештар хабар дода будем, ки нӯҳ ширкати тоҷикӣ дар Намоишгоҳи санъати нассоҷӣ дар Маскав колоҳояшонро ба намоиш хоҳанд гузошт.

Намоишгоҳи санъати нассоҷӣ, ки аз 29 август то 1 сентябр дар Маскав баргузор мешавад, нӯҳ ширкат аз Тоҷикистон порчаҳо, нахҳои бофандагӣ ва пӯшоки бачагонаашонро ба намоиш хоҳанд гузошт.

Ба гузориши дафтари намояндагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ, аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ширкатҳои "Ваҳдат Текстил" ва "ХИМА Текстил" аз Ёвон, "Лидер", "Ортекс", "Раҳимов А.А." ва "Ресандаи Тоҷикистон" аз Хуҷанд, "Ноҳид" аз Истравшан, "Меҳровар" аз Қӯрғонтеппа ва "Олим Текстайл" аз Масчо ҳузур хоҳанд дошт.

Мавзуъ

Ба пеш ба Русия: пешсафии Тоҷикистон дар муҳоҷират ба Русия
Барчаспҳо:
ҷои 17-ум, пешгомӣ, Маркази содиротии Русия, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ