23:39 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Равобити Тоҷикистон ва Узбакистон: як сол пас аз даргузашти Ислом Каримов

© Фото: Официальная страница главы РТ в Facebook
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Ҳалли ихтилофоти марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон заминаи муносибе барои беҳбуди равобит ва коҳиши таниш бар сари баҳрабардорӣ аз манобеъи обиро фароҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Талоши давлатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун миёни ду кишварро мумкин хоҳад кард, ки мавзуъи баҳрабардорӣ аз манобеъи обӣ аз он хориҷ нест, навиштааст расонаи русии "ИноСМИ" ба нақл аз рӯзномаи эронии "Иттилоъот".

Ин расона ёдоварӣ карда, ки дар авоили моҳи июн намояндагони Узбакистону Тоҷикистон барои таъйини марзҳои худ протоколи муштаракеро имзо карданд, ки заминаи он дар нишасти коршиносони ҳуқуқии ду кишвар барои аломатгузории марзҳо гузошта шуда буд.

Роҳ барои расидан ба ин вазъ пас аз марги Ислом Каримов ва рӯи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон ҳамвортар шудааст. Аммо дар ин ҳама сол пас аз фурӯпошии Шуравӣ муносибот миёни Душанбе ва Тошканд бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда, ки бештари он бар сари масоили марзӣ ва манобеъи обӣ аст.

Узбакистон, ки бештари ҷамъияташ рустонишину кишоварз аст, ниёзи фаровон ба об дорад, вале бисёре аз рӯдҳо аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Аз ин рӯ, иқдомоти Тоҷикистон барои тавлиди барқ аз роҳи сохтани нерӯгоҳҳои барқобие чун Роғун, ки битавонад иқтисоди худро густариш диҳад, ҳамвора эътирози Узбакистонро дар пай дошта, ки раванди ҳамгароӣ дар Осиёи Марказиро низ бо шикаст рӯ ба рӯ кардааст.

Таҳлилгарони тоҷикистонӣ дар навъи бархӯрд бо кишвари ҳамсоя ҳаргиз ҳамназар набудаанд. Бархе аз онҳо ақида доштанд, ки Тоҷикистон бояд баҳрабардории ҳаддаксарии худро аз манобеъи обӣ оғоз ва аз зӯр истифода кунад, бархе дигар созиш бо Узбакистон ва баргузории музокирот дар ин бораро бештар мепазируфтанд. Ин эҳсосоти манфии коршиносону мардуми Тоҷикистон дар вокуниш ба рафторҳои давлати Узбакистон падид омада, ки мушаххас нашудани марзҳои ду кишвар яке аз авомили онҳост.

Расона ёдоварӣ карда, ки ихтилофоти марзии Тоҷикистону Узбакистон аз замони шуравӣ реша мегиранд. "Ҳукумати Шуравӣ дар паи иҷрои сиёсати "тафриқа биандозу ҳукумат кун" миёни ҷумҳуриҳо чунон ҳадафмандонаву роҳбурдона марзбандӣ карда буд, ки қудрати сиёсӣ ва марзҳо аз Маскав мудирият ва контрол шавад", — гуфта шуда дар ин таҳлил.

Бархе аз соҳибназарон бар ин боваранд, ки ин иқдом бар зиёни Узбакистон буда, ки ба хотири густардагиаш бештарин таҳдидро барои ҳукумати марказӣ дошт. Аммо тоҷикон дар он солҳо ду шаҳри фарҳангофари худро аз доданд: вогузории Самарқанду Бухоро ва дигар сарзаминҳо ба Узбакистон тоҷиконро амалан дунима кард, ки ниме дар як кишвар ва ниме дар дигар кишвар монданд. Ба гуфти бархе аз коршиносон, ин вогузорӣ ва марзбандиҳо бар ин асос буд, ки ҳукумати шуравӣ беш аз пайгирии ҳалли ихтилофот ба дунболи роҳандозиву ташдиди онҳо буд, то битавонад аз вафодории мардумоне, ки дар марзҳои кишвари шуравӣ зиндагӣ мекунанд, мутмаъин шавад.

Дар солҳои гузашта, ки давлати Узбакистон марз бо Тоҷикистонро мина кошт, қурбонии он минаҳо бештар тоҷикони Узбакистону Тоҷикистон буданд, ки ё кушта ва ё захмиву бедаступо мешуданд. Бино бар ин, ҳалли мушкилоти марзӣ миёни ду кишвар беш аз он ки масоили иқтисодиро ҳаллу фасл кунад, аз назари мардумӣ ва ҳатто фарҳангӣ иртиботи таъсиргузортареро барқарор мекунад.

Ҳарчанд, ки сохтусози сарбанди нерӯгоҳи Роғун конуни аслии ихтилофоти кунунии Тошканду Душанбе аст, аммо ҳалли ихтилофоти марзӣ заминаи муносибе барои коҳиши таниш бар сари баҳрабардорӣ аз манобеъи обиро фароҳам мекунад ва албатта истифодаи Тоҷикистон аз роҳҳои заминиву ҳавоии Узбакистон ва дигар манфиъатҳои иқтисодии ин кишвар ҳам мумкин хоҳад шуд.

Мавзуъ

Куртов: ҳалли масоили марзӣ барои Тоҷикистон ва ҶУ душвор хоҳад буд
Марзбонони Узбакистон як шаҳрванди Тоҷикистонро куштаанд
Нерӯҳои марзбонии ҶТ: Марзбонони Узбакистон шаҳрванди Тоҷикистонро куштаву парвандасозӣ мекунанд
Тошканд ва Душанбе масъалаи марзи давлатиро дубора баррасӣ мекунад
Барчаспҳо:
ихтилофот, марҳбандӣ, Бухоро, Самарқанд, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ