20:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и министр иностранных дел Ирана Мохаммад Джавад Зариф

Коршинос: "даврони тиллоӣ" дар равобити Тоҷикистону Эрон тоза оғоз меёбад

© Фото: Пресс-служба президента РТ
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
33250

Аҳмад Ормон, коршиноси равобити Тоҷикистону Эрон, бар ин назар аст, ки "даврони тиллоӣ" дар равобити ин ду кишвар тоза оғоз меёбад ва ҳеч кишваре ҳам наметавонад ҷои Эронро барои Тоҷикистон ва ҷои Тоҷикистонро барои Эрон бигирад

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik, Умед Ҷайҳонӣ. Чанде пеш вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф аз Тоҷикистон боздид кард ва бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов дидору гуфтугӯ намуд. Вазирони умури хориҷии ду кишвар ҳамчунин сохтмони нави Сафорати Эрон дар Тоҷикистонро ба баҳрабардорӣ расонданд. Дар ин мусоҳиба аз Аҳмад Ормон, коршиноси тоҷики равобити Тоҷикистону Эрон, охирин таҳаввулот дар муносиботи ду кишвар ва натиҷаҳои сафари Ҷавод Зариф ба Душанберо ҷӯё шудем. 

— Чӣ шуд, ки равобит миёни Тоҷикистону Эрон сарду тира шуд?

— Ман дар равобити Тоҷикистону Эрон ҳечгуна тирагии хоссеро намебинам, ки бисёриҳо мебинанд, дидан мехоҳанд ё мехоҳанд, ки мо ҳам бибинем. Он чӣ иттифоқ уфтод, бояд меуфтод ва хуб шуд, ки уфтод. Фурсате барои таҷдиди равобит миёни ду кишвар зарур буд. Агар ин баҳсу мухолифатҳо намебуданд, бовар дорам, ки эҳтимол дошт Эрону Тоҷикистон — ду кишвари форсизабон барои ҳамеша аз якдигар дур мешуданд. Аз ин пас равобити ин ду кишвар беҳтар аз пештар ва ҳатто идеалӣ хоҳанд шуд.

Аммо ин иттифоқ чигуна рух дод? Эрон, ҳамчун кишваре, ки дӯсти Тоҷикистон буд, коре анҷом дод, ки ҳукумат ё ҳар фарди огоҳи ҷомеаи мо интизорашро надошт…

— Шумо қазияи ҲНИТ-ро дар назар доред?

— Бале, дақиқан ва дигар масоили аз ин ҳам ҷиддитарро, ки бархеро дар идома зикр хоҳам кард. Дар Душанбе даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро ба ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон на танҳо иштибоҳ шумурданд, балки беэҳтиромӣ низ донистанд. Зимнан, суханҳои маро аз ин, ки дар Тоҷикистонам, тарс аз ҳукумат нафаҳмед. Самимона мегӯям. Касе чизе фаҳмад. Бардошти ман аз он чӣ ҳукумати Тоҷикистон кард, ин аст, ки пазироии Кабирӣ, бавижа аз сӯи Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон беэҳтиромии маҳз на танҳо ба ҳукумат, балки ба мардуми Тоҷикистон талаққӣ шуд…

— Бархе инро як баҳона мехонанд. Мегӯянд, дар асл мавзуъ 2,7 милёрд дулори Занҷонӣ, сармояҳои ҳангуфти Саъудӣ ва дигар далоил буданд… 

— Зоҳиран, баҳона менамояд, аммо дар асл ҳама гап ҷиддӣ буд. Аз нигоҳи ман, ин иқдоми Эрон пеши ҳукумати Тоҷикистон, нозирони вазъ, ё шахсан худи ман ин суолро падид овард, ки агар Эрон ин қадар дилсӯзи ҲНИТ буд, чаро аз соли 2012 то 2015, замоне, ки ба истилоҳи расонаҳо, барномаи "антинаҳзат" пиёда мешуд, боре ҳам бо ҳукумат ин мавзуъро матраҳ накард ва имрӯз — вақте, ки ҳизб теруристӣ эълон шуд, ба ҳимоят аз он бархест? Афзун бар ин, агар Эрон кишвари дӯст аст, чаро ҳамчунин як кори ошкоро кард? Ҳар ҳукумат намояндаи мардумаш аст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам мардуми Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Пас беэҳтиромии Эрон ба ҳукумати Тоҷикистон, беэҳтиромӣ ба мардуми Тоҷикистон талаққӣ шуд, ки мантиқист. Дигар ин, ки ҳамкори Эрон дар Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳукуматаш бояд бошад, на кадом ҳизбе.

Мавзуъи Занҷонӣ он гуна нест, ки ба назар менамояд. Вақте расонаҳо ба ин маврид зиёд таваҷҷуҳ мекунанд, ин суол пеш меояд: оё метавонад, ки ҳамин қадар пул "гум шавад"? Чигуна 2,7 милёрд дулор "бухор" мешавад? Ин ҳеҷ имкон надорад. Танҳо роҳ ин буд, ки ин мавзуъро бидуни расонаӣ кардан миёни худ ҳаллу фасл кунанд. Бале, як гапе ҳаст, аммо онро ба ин шева матраҳ кардан маъно надорад. Муҳимтар ин аст, ки дуруст нест, ки ба хотири ин пул робитаи ду кишвари бародар хароб шавад. Ҳамоно, ин пиндор бепоя аст ва далели аслии ихтилоф миёни Тоҷикистону Эрон буда наметавонанд.

Ҳамчунин "маболиғи ҳангуфти Саудӣ". Арабистони Саудӣ ҳаргиз он пулеро, ки барои Тоҷикистон зарур аст, дода наметавонад ва хуб медонад, ки ҷои Эронро дар Тоҷикистон ҳаргиз гирифта наметавонад. Ҳамин шунидани забони форсӣ дар Тоҷикистон кофист, ки онҳо ҳама умедашонро бар кананд. Саудӣ низ пушти пиёда кардани аҳдофи худ аст, ки ҳатман ба манфиати Тоҷикистон нест. Шумо аз кишваре, ки бо пулаш Афғонистону Ироқу Сурияро ба вайроназору гӯристон табдил ёфтаанд, чӣ интизоре доред? Бино бар омори расмии мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҳам саҳми 23 кишвари арабӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон куллан 1,5 дарсадро ташкил медиҳад  Аммо дар иваз сафири Арабистон ба ватанаш рафта, ин лофро зад, ки дасти Эронро аз Тоҷикистон кутоҳ кардаанд. Мантиқан, ин суол пеш меояд, ки як кишвари дигар ба муносибатҳои мову Эрон чӣ кор дорад?

— Гуфтед, ки дар барномаи, ба истилоҳ, "антинаҳзат" Эрон хомӯш буд. Чаро?

— Ман ҳам аз ин дар ҳайратам. Шояд ман ё Шумо фикр кунем, ки ҳеҷ имкон надорад, ки чунин буд. Аммо чунин буд. Шахсан ин мавзуъро бо масъулини ҲНИТ дар миён гузошта будам. Онҳо сахт норозӣ буданд. Мегуфтанд, ба истилоҳи худи эрониҳо гӯем, Эрон сарашон кулоҳ гузошт. То ҷое, ки дар хотир дорам, раҳбарони ҲНИТ ҳамон соли 2015 ба нишони эътироз ба ифтори сафорати Эрон нарафта буданд. Чаро Эрон хомӯш буд? Эрон мехост аз вазъ суди худро бардорад. Аввал мехост раҳбарии ҲНИТ, ки дигар худро як "нерӯи байнулмилалӣ" ва эътирофшуда дар ҷаҳон, ба истилоҳ, "гули сари сабади" Ғарбу Шарқ мешумурд, дарк кунад, ки агар Эрон дар пушташ набошад, ҳамингуна саркӯбу поймол хоҳад шуд. Дувум, ман аз он чӣ ҳукумат ё истихбороти Эрон дар кишварҳои наздикаш, назири Ироқ, Фаластин, Сурия, Лубнон ва Афғонистон мекунад, чунин бардошт кардам, ки Теҳрон ҳамеша мекӯшад дар ин кишварҳо як нерӯи ниёбатӣ ё "прокси" дошта бошад. Ҳатто ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки раҳбари Ҳизбуллоҳи Ироқ дар посух ба суоли "барои Шумо манофеъи Эрон бартар аст ё аз Ироқ?" гуфта буд: "Эрон". ҲНИТ-ро Эрон ҳамчунин як нерӯ дидан мехост, ки интизораш бароварда нашуд.

— Чаро зарурат ба ҳамчунин як нерӯ ҳаст?

— Чаро зарурат нест? Муваффақиятҳои Эрон дар Ироқу Сурия, Фаластину Лубнон ва Афғонистон, бале, бо сармояву силоҳи Эрон, аммо маҳз бо зӯри бозуи ҳамон "Ҳашд-ал-шаъабӣ", "Ҳизбуллоҳ", "Ҳамос", "Толибон" ва дигарон ба даст меоянд. Агар онҳо набошанд, Эрон чӣ кор карда метавонад? Бале, ин қудрату тавоноии Эрон аст, ки амнияти худро дур аз марзҳояш таъмин мекунад. Эрон ба кунишҳои рақибонаш, назири Арабистони Саъудиву Амрико, посух медиҳад, ки вазифааш аст. "Дареғ аст, Эрон ки вайрон шавад!", — гуфта буд Ҳаким Фирдавсӣ. Аммо дар Тоҷикистон ба амнияти Эрон чӣ таҳдид мекунад, ки ҳамчунин як нерӯи ниёбатӣ дошта бошад? Агар инро радд кунанд, ки на, чунин ҳадафе набуд. Пас ҳимоят аз ҲНИТ ба кадом хотир аст?

— Шояд аз хавфи салафиҳо, ки пушташон рақибони сарсахти Эрон — Саъудӣ ва Амрико ҳастанд, ҳамчунин як нақшаҳоро дошта бошад?

— Бале, як ҳадафи салафиҳо, ки ҳатто инро пинҳон намекарданд, ҳамин ҷилавгирӣ аз нуфузи Эрон дар Тоҷикистон буд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоби онҳо расид. Ҳамин воқеият шахсан маро ба шакк сари бозиҳои Эрон дар Тоҷикистон овард, ки вақте ҳукумати Тоҷикистон ҳама корро ба нафъи Эрон анҷом дод, чаро Эрон инро нодида гирифт? Ҳукумат Эронро ҳамеша як дӯсти қавии Тоҷикистон мешумурд ва коре хилофи манофеъи он накард. Хуб, Эрон дар Тоҷикистон чӣ манфиате метавонад дошта бошад? Аз нигоҳи ман, агар Эрон воқеъан ҳамон кишвари ҳамзабон, ҳамфарҳанг, бародари мост, пас танҳо як манфиат дорад, ки Тоҷикистон як кишвари қавӣ бошад. Эрон ҳеҷ зарурат ба нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ надошт, чун ҳамаро дар Тоҷикистон дошт. Тоҷикистон кишвари эронӣ ва форсизабон ҳаст? Ҳаст! Ширкату муассисаҳои эронӣ фаъолияти озод доштанд? Доштанд! Забони давлатии Тоҷикистон тоҷикист, ки ҳамон форсӣ аст? Ҳаст! Дар Тоҷикистон "Шоҳнома"-ро мехонанд? Мехонанд! Пас дигар чӣ мемонад? Эрон ҳамчун як қудрати минтақаӣ, ки ҳамагуна муштаракот бо Тоҷикистонро дорад, танҳо ва танҳо дар устувориву пойдории истиқлолу амнияту рушду зиндагии шоиставу осоиштаи мардуми ин гӯшаи Эронзамин ё Эрони торихиву фарҳангӣ бояд манфиат дошта бошаду бас.

— Бархе бар инанд, ки Эрон ба дунболи густариши мазҳаби шиъа аст ва дақиқан ин мазҳабгустарӣ ба Тоҷикистон писанд наомадааст. Дар ин бора чи андеша доред?

— Ман ҳам бо чунин назарҳо ошноям ва мебинам, ки дар Ховари Миёнаву Афғонистон чунин ҳам ҳаст. Афзун бар намунае, ки аз Ҳизбуллоҳи Ироқ овардам, аз Афғонистоне, ки худам дидаам, мисол меорам. Ман дар як маҷлиси ҳазораҳо дидам, ки дар деворҳо ҳатто бештар аз аксҳои Абуалии Мазорӣ, раҳбари марҳуми ҳазораҳо, портретҳои оятуллоҳ Хумайнӣ ва оятуллоҳ Хоманаӣ насб шудаанд. Ҳатто дар роҳпаймоиҳо дар кӯчаву хиёбонҳои Кобул, ки аз сӯи "Ҳаракати рӯшноӣ" роҳандозӣ шуд, аксҳои онҳоро фаровон медидед. Ҳеч аксе аз раҳбарони Афғонистон дар дасташон набуд. Дар Тоҷикистон низ дар авоили бесарусомониҳо касоне буданд, ки бо нидоҳои "Салли ало Муҳаммад, Вилоятӣ хуш омад!" вазири умури хориҷии Эрон Алиакбар Вилоятиро пешвоз гирифта буданд. 

Ман ҳеч нишонае аз густариши шиъа дар Тоҷикистон надидаам ва ин имкон ҳам надорад, зеро тоҷикон ба дину мазҳаби худ сахт пойбанд ҳастанд ва ба дигар дину мазҳабҳо сахт ҳассос. Салафиҳо ҳам барои он як муддат муваффақ буданд, ки ақидаҳои худро ба мардуми ноогоҳ дар либоси мазҳаби ҳанафӣ ва аҳли суннату ҷамоат таблиғ мекарданд, то ин ки ҳақиқат ошкор шуд. Аз ин рӯ, агар дар Теҳрон ин фикрро дошта бошанд, ки аз ин роҳ дар Тоҷикистон нуфуз кунанд, бегумон фикри хому беҳуда мекунанд ва то ба ҳол Тоҷикистонро нашнохта будаанд. Боре, умедворам ки чунин набошад.

— Ба фикри Шумо, Эрон аз ҳамон оғози равобит дар паи аҳдофи муғризона буд?

— Не, то чанд соли ахир комилан ин тур набуд. Аз оғоз Эрон дар таҳкими истиқлоли Тоҷикистон саҳми бузург дошт. Нахустин сафорати кишвари хориҷӣ дар Душанбе сафорати Эрон буд. Агар дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ пуштибони мухолифини исломӣ буд, ба ҳукумати нав низ дасти дӯстӣ дароз кард ва воқеан, самимона дар сулҳи тоҷикон саҳм гирифт. Эрон аввалин кишваре буд, ки ба Тоҷикистони пас аз ҷанг сармоя ворид кард. Як рухдоди ҷолиб ҳеҷ аз ёдам намеравад. Замоне, ки Эрон бо Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи "Сангтӯда — 1" тавофуқ карданд, Анатолий Чубайс, раиси ширкати русии "РАО ЕЭС" ба Душанбе омад ва ин тарҳро аз эрониҳо "гирифт". Аммо Чубайс аввал ба Теҳрон рафт. Маълум буд, ки ҷониби мо ба эҳтироми Эрон ба ӯ гуфт, ки бигзор, ин масъаларо бо Теҳрон ҳал кунанд. Чубайс рафт ва "Сангтӯда — 1"-ро русҳо гирифтанд. Аммо Эрон зуд эълом кард, ки "Сангтӯда — 2"-ро хоҳад сохт, ки ба як шартҳои комилан ба нафъи Тоҷикистон созишнома баста шуд. Ё ҳеҷ як сармоягузори хориҷӣ ба нақби "Анзоб" наздик ҳам намешуд. Мегуфтанд, ки ин як тарҳи даҳсолаҳо аст. Хубу бад, Эрон ин нақбро ба уҳда гирифт ва анҷом дод. Пешоҳанги кор шуд ва Чин омаду ҳоло худатон мебинед, ки чӣ роҳе ба шимоли Тоҷикистон дорем. Манзур чист? Эрон аз оғоз барои Тоҷикистон талош мекард ва мо медидем, ки ин талошҳо ба нафъи мо буд ва бардошти мо ин буд, ки чун бародар аст, барои бародар мекӯшад ва мо ҳам бародарона бархӯрд мекардем. Масалан, барои сармоягузорон ва шаҳрвандони Эрон пурра озодӣ дода шуда буд, ки ҳеч кишвару шаҳрвандонаш ҳамчунин имтиёзеро надоштанд. Мо воқеъан бовар доштем, ки аз дасти бародаронамон ҳеч душманӣ дар ҳаққи мо пеш нахоҳад омад…

— Мешавад гуфт, ки ин "даврони тиллоӣ" ба анҷом расид?

— На, "даврони тиллоӣ" тоза оғоз меёбад…

— Чигуна? Метавонед бештар тавзеҳ диҳед?

— Ин, ки ҳама муассисаҳои эрониро дар Тоҷикистон бастанд, аз нигоҳи ман, поёни кор нест. Гузашта аз ин, он гуна, ки бархе аз "дӯстонамон" ихроҷи саросарии эрониҳои муқими Тоҷикистонро интизор доштанд, иттифоқ науфтод. Ин, ки як филми мустанади "эронситезона" дар телевизиони Тоҷикистон пахш шуд ва ҳам чизҳое дар бораи мазҳабу дигар "корҳои Эрон" нашр шуданд, ҳомили паём буданд, на мавқеъгирӣ. Масалан, ҳамон матлаби Маркази исломшиносӣ, як паём дошт, ки низоме, ки дар Эрон ҳаст, на танҳо ба дарди Тоҷикистон, балки Эрон ҳам намехӯрад. Агар Тоҷикистон, воқеъан, аз Эрон буриданӣ буд, бовар дорам, далоили муҳкамтар ва радднашаванде дар даст дошт, ки бо рӯ овардани онҳо ба ҳама нуқтаи таммат мегузошт, аммо ин корро накард. Шахсан дар он чӣ, ки рух дод, як гуна бигӯ-магӯи саридастиро мебинам, ки дар пай нармиш ва ҳусни тафоҳум дорад. Ин ба ҷанҷоли ду бародаре мемонад, ки як гиребони якдигарро мегиранду ҳама буғзу уқдаҳояшонро мерезнд, аммо пой рӯи муқаддасоти худ намегузоранд ва дар ниҳоят сари як хон нишаста, пушти гапҳои ояндаашон мешаванд, чун "фарзанди падар меваи ноёфтанист". Ба радаҳои болоии ҳарду кишвар хуб маълум аст, ки истихбороти Эрон чӣ амалиётеро мехост дар Тоҷикистон пиёда кунад, аммо муваффақ нашуд. Теҳрон шояд мунтазир буд, ки Душанбе он далелҳоро рӯи миз мегузорад, ки нагузошт. Ин ҳама ба маънии як "чароғи сабз" буд. Сафари Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ва дар паи он баргузории ҷаласаи Кумисиюни байниҳукуматӣ дар Душанбе, ки рӯзҳои наздик иттифоқ меуфтод, аз ҳамин вазъ бозгӯӣ мекунад.

— Яъне он чӣ гузашт, ҳеҷ таъсире бар равобит нахоҳад дошт?

— Аз нигоҳи ман, як нуктаи мусбати ин сардиҳо расидан ба сатҳи нави муносибатҳо таҳти ҳамон шиори маъруф — "бародарӣ — баробарӣ" буд. Эрон ҳам акнун дониста кор мекунад, зеро дид, ки он чӣ ҳукумати Тоҷикистон кард, воқеъан, бародарона буд, аз сари душманӣ набуд. Тоҷикистон айбҳои Эронро пӯшида дошт. Равобити мо акнун беҳтар ва боэътимодтар мешаванд. Акнун ҳар ду кишвар медонанд кадом корро кунанд ва кадомеро на. Ин ки хуб аст. Аз ҳамин хотир, он чиро, ки гузашт, шахсан мусбат арзёбӣ мекунам. Ифтитоҳи сафорати нави Эрон фоли нек ва рамзи оғози як сафҳаи ҷадиди равобити Эрону Тоҷикистон аст. Ҷои Эронро барои Тоҷикистон ва ҷои Тоҷикистонро барои Эрон ҳеҷ кишваре наметавонад бигирад. Дар замони раёсати Маҳмуд Аҳмадинажод гуфта буданд, ки ду кишвар ҳамкори табииянд. Ин болотар аз ҳамкории стратегӣ ё роҳбурдӣ аст.

— Оё метавон интизор дошт, ки акнун Эрон дар наздиктарин оянда ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мепайвандад?

— Ин як масъалаи ҷузъӣ аст. Тоҷикистон ҳатман аз пайвастани Эрон ба созмони Шонгҳой пуштибонӣ мекунад ва на аз барои Русия. Барои Эрону давлату миллаташ пуштибонии Тоҷикистон зарур аст. Инро дар Душанбе хуб дарк мекунанд. Мухолифати Тоҷикистон барои тасмимгирии ниҳоӣ дар СҲШ монеъ намешуд, зеро худ он созмон ҳанӯз омодаи пазириши Эрон нест. Чину Русия интизор доштанд, ки аз Амрико барои напазируфтани Эрон имтиёзе хоҳанд гирифт, ки нагирифтанд, чун Русия дар баробари Эрон рақиби муҳимтар шуд ва Эрон барои Русия муҳимтар аз Амрико. Умуман, қабули Эрон ба СҲШ ба таври куллӣ тарозуи тавозун дар ҷаҳонро тағйир хоҳад дод. Ин ба он маъност, ки фарзи мисол, агар Амрико ба Эрон ҳамла кунад, ё таҳдиди дигаре ба амнияти ин кишвар шавад, СҲШ муттааҳид аст аз Эрон ҳимоят кунад. Яъне ҳама бо Амрико бояд ҷанганд. Душмани Эрон душмани СҲШ хоҳад шуд. Бо таваҷҷуҳ ба ин нуктаҳо, Чину Русия ҳамчунин риск нахоҳанд кард. Агар ҳам риск карданд, ин ба он маъно хоҳад буд, ки ҷаҳон пеши як рӯёрӯии ҷиддӣ қарор дорад ва дар Уруосиё тасмим гирифта мешавад, ки Амрикоро аз Осиё берун ронанд, бахусус аз минтақаи мо.

— Дар воқеъ, сафари Муҳаммадҷавод Зариф ба Душанбе чӣ натиҷае дод? Бархе ҳам бар инанд, ки ин сафар бо миёнҷигарии раисҷумҳури Русия Владимир Путин сурат гирифтааст. Оё ин гумон воқеъият дорад? 

— Худ сафари вазири умури хориҷии Эрон далел бар ин буд, ки даврони "ҷанги сарди иттилоотӣ" миёни ду кишвар ба поён расидааст. Аз нигоҳи ман, ҳам сафари Путин ба Теҳрон ва ҳам сафари Николай Патрушев, дабири Шурои амнияти Русия ба Кобул заминасози сафари Зариф ба Тоҷикистон буданд. Патрушев ба Душанбе аз Кобул хабари нохуш овард. Ҳукумати Кобул, ки дастнишондаи Амрикост, ҳамкории Русияро напазируфт. Ин гуфта ба ин маъност, ки дар "марзҳои ҷанубии ИДМ" Кобул бо Русия дар муқобила бо ДОИШ ҳамкорӣ нахоҳад кард. Ҳамзамон дар марзи Эрон бо Туркия 8 марзбони эронӣ аз сӯи як гуруҳи теруристӣ кушта шуданд. Чархболҳои хориҷӣ ҷангиёни ДОИШ-ро ба Афғонистон интиқол медиҳанд. Аз 4 ҳазор "доишӣ" дар Афғонистон, ба гуфти сафири Белорус дар Тоҷикистону Афғонистон, 2,5 ҳазорашон шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ҳастанд. Русӣ забони дувуми ДОИШ шудааст. Дар вулусволии Дарқад, дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон, афроди Гулбуддин Ҳикматёр парчами сиёҳи ДОИШ-ро баланд карданд. Ин ҳама муаррифии хабарҳоест, ки агар ба онҳо жарфтар бингарем, як дурнамои вахим пеши назар меояд. Агар Эрону Тоҷикистон — ду шарики роҳбурдии Русия — бо Маскав ҳамкорӣ накунанд, дафъ кардани ин хатарот ҳеҷ имкон надорад. Марзҳои Эрон низ ҳам аз сӯи Ироқ ва ҳам аз сӯи Афғонистон ноамн мешаванд. Ман бовар дорам, ки мавзуъи суҳбатҳои Зариф бо раҳбарони Тоҷикистон ҳамин масоили сарнавиштсоз буд, на ҲНИТ ва Занҷонӣ. Муҳимтарин натиҷаи сафари вазири Эрон эътимод буд ва аз ин пас, дигар масоил дар радаҳои поёнӣ ҳалли худро хоҳанд ёфт. Хуллас, мо аз ин имтиҳони торих гузаштем.

— Бо ин хушбиние, ки Шумо доред, оё метавон интизор дошт, ки дар замоне начандон дур Эрону Афғонистону Тоҷикистон иттиҳодияи иқтисодӣ ё созмоне чун Иттиҳоди Урупо ё ИДМ ё чизе монанд бисозанд?

— Иттиҳодҳое, ки ном бурдед, иҷбориянд ва муддати масрафашон ки ба поён расид, фурӯ мепошанд. Иттиҳоди кишварҳои форсизабон ормони мардуми ҳар се кишвари форсизабон аст, аз ин рӯ, душманонаш бисёранд ва эҳтимоли падид омаданаш дар солҳои наздик кам аст. Ҳоло ҳар яке аз кишварҳои мо барои тасвиб ва бақои худ аз роҳҳои мухталиф пеш меравем, ки табиист. Аммо ин ҷудоӣ нест ва ҳеҷ гоҳ моро аз ҳам дур намекунад. Хотири ҳама ҷамъ бошад, ки мо ҳазорсолаҳо ба ин сӯ дар як иттиҳоди қавии фарҳангӣ қарор дорем, ки на таҷовузҳои бузург дар гузашта ва на ягон қудрати ҷаҳонии имрӯз тавони аз миён бурдани онро надорад. Иттиҳоди фарҳангӣ ҳеҷ гоҳ пош намехӯрад ва бо ҳама мушкилот мо хушбахттарини мардуми ҷаҳонем.

Собит мондан дар гирдоби торихе, ки мо доштем, як қаҳрамонӣ буд, вагарна чӣ тамаддунҳое, шуруъ аз Мисри бостону Бобул то Иттиҳоди Шуравӣ аз миён рафтанду боз хоҳанд рафт, вале мо ҳамчунон боз мондаем!

Мавзуъ

Нишастанду гуфтанду бархостанд: сарони ВУХ Тоҷикистон ва Эрон дидор карданд
Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммадҷавод Зариф равобити Тоҷикистону Эронро баррасӣ кард
Вазири умури хориҷаи Эрон бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дидор мекунад
Вазири умури хориҷаи Эрон ба Тоҷикистон меравад
Барчаспҳо:
равобити Тоҷикистону Эрон, Аҳмад Ормон, Муҳаммадҷавод Зариф, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Эрон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ