12:56 16 январи 2018
Пахши мустақим
На таджикско-афганской границе. Архивное фото

Марз бо Афғонистон: онро бояд баст ё набаст?

© Sputnik / Владимир Вяткин
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
8610

Коршиносони тоҷику рус дар бораи он мегӯянд, ки дар кадом мавридҳо Тоҷикистон марз бо Афғонистонро мебанданд ва кадом мардум аз ин марзбандӣ бештар зиён мебинад

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дирӯз расонаҳо хабар доданд, ки Тоҷикистон як гузаргоҳ ва панҷ пул дар марз бо Афғонистонро бастааст.

Аммо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки умури марзбонӣ дар уҳдааш аст, ин хабарҳоро такзиб кард ва гуфт, ки гузаргоҳ ва пулҳо боз ҳастанд.

Аммо ин хабарҳо бепоя набуданд. Аз дер боз расонаҳо мегӯянд, ки бисёре аз ҷангҷӯёни созмони ҳаросафкани "Давлати исломӣ", ки дар Сурияву Ироқ шикаст хӯрда, ба Афғонистон гурехтаанд. Ҳамзамон кӯшишҳои марзшикании мусаллаҳонаи қочоқбарони маводи мухаддир низ бештар аз пеш шудааст.

Чунончи, чанде пеш дар задухӯрди қочоқбарон бо марзбонон сарҳанг Хайриддин Аҳтамов, фармондеҳи посгоҳи марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, кушта шуда буд.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар он даргирӣ бо 12 қочоқбар, ки 2 декбар дар наздикии деҳаи Лангуриҳо сар зада буд, ҳамчунин 4 марзбон захмӣ шуда буданд. Аз қочоқбарон низ 3 кас кушта шуд ва дигарон силоҳу борашонро, ки 4 мил "Калашников" ва 33 килуграм маводи мухаддир буда, партофта аз майдони ҷанг гурехта буданд.

Аз ин рӯ, ҳарчанд хабарҳо дар бораи баста шудани марз бо Афғонистон такзиб шуданд, аммо суолҳоеро боқӣ гузоштанд. Sputnik Тоҷикистон аз коршиносон пурсид, ки оё баста шудани марз бо Афғонистон Тоҷикистонро аз "дидорбинии меҳмонони нохонда аз ҷануб" нигаҳ медорад ва оё мардум аз ин марзбандӣ зиёне нахоҳанд дид?

"Тиҷорат дар марз миёни ду кишвар чандон густарда нест ва бештар ба додуситади пойопой мемонад, то ба бозаргонӣ. Аммо қочоқбарони маводи мухаддир борашонро на аз рӯи ин пулҳо, балки бо афзорҳои шиноваре чун саноч ё қоиқ аз рӯд мегузаронанд. Аз ин нигоҳ, марз дар ноҳияҳои Шамсидин Шоҳин ва Панҷ осонгузартар ва осебпазиртар аст, ки якеро қочоқбарон таҳдид мекунанд ва дигареро ҷангҷӯёни доишӣ", — мегӯяд Умед Ҷайҳонӣ, ки худ дар марз бо Афғонистон зиндагӣ кардааст.

Вай мегӯяд, ки бахши бадахшонии марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ҳарчанд тулонӣ аст, аммо боз ҳам барои қочоқбарон душворгузартар аст. Зеро марз дар он вилоят аз дараи рӯди Панҷ мегузарад, ки дар бархе аз ноҳияҳо тангу пурсанг аст ва ҷараён низ тунду шитобону об ҳам сард, ки гузору паҳлӯгириро барои қочоқбарон душвор ва гоҳе имконнопазир мекунад.

Ин гуфтаҳоро Андрей Серенко, коршиноси масоили амниятии Бунгоҳи пажӯҳиши масоили Афғонистон дар Русия, низ таъйид мекунад. Вай мегӯяд, ки дар чунин шароите дур аз воқеъият нахоҳад буд, агар эҳтимол бидиҳем, ки то поёни сол дар марз бо Афғонистон размоиш ва ё амалиёти вижае баргузор хоҳад шуд ва марз муваққатан баста мешавад.

Вале як далели дигар ҳам барои бастани марз ҳаст ва он ин аст, ки нерӯҳои амниятӣ посбонии марзро на танҳо ба манзури нигаҳбонӣ аз ҷангҷӯёни рахнагар ташдид мекунанд, балки роҳи табаҳкоронеро мебанданд, ки мехоҳанд аз додгоҳу додситонӣ ба Афғонистон бигурезанд.

"Бояд ҳар як мавридро ҷудогона таҳлил кард ва далоилашро шиносоӣ кард. Низоми марзбонӣ танҳо дар паи фаъол шудани қочоқбарон ташдид намешавад. Тоҷикистон кишвари паҳноваре нест ва сарзаминаш ҳама кӯҳистониву душворгузар аст. Аз ин рӯ, барои нерӯҳои амниятӣ мантиқитар он аст, ки табаҳкоронро пеш аз оне, ки ба Афғонистон фирор кунанд, дар Тоҷикистон дастгиру боздошт кунанд", — гуфт Серенко дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Камбахтона, аз бастани марз пеш аз ҳама марзнишинон, бавижа онҳое, ки дар Афғонистон зиндагӣ доранд, осеб мебинанд. Зеро бисёре аз марзнишинҳои афғонистонӣ хӯроку пӯшоку доруву сӯхтро бештар аз Тоҷикистон мехаранд, чунки роҳашон то наздиктарин бозору доруфурӯшӣ дар қаламрави Афғонистон аз кӯҳҳои осмонбӯсу оврингҳои хатарнок мегузарад ва на ҳар харидоре ба онҳо мерасад.

"Манзурам суду зиёни дастфурӯшон нест. Он сарзамин худ маконе муносиб барои зисту зиндагӣ нест: онҷо ба душворӣ метавон хӯроку пӯшоку доруву сӯзишворӣ дастрас кард. Аз ин рӯ, баста шудани марз, ҳатто барои муддати кӯтоҳе, мушкилоти марзнишинҳои афғонистониро садчандон мекунад", — ёдоварӣ мекунад Андрей Серенко.

Аммо ҳамкориҳои марзии ду кишвар аз ин марзбандӣ чандон осеб намебинанд, балки беш аз пеш густариш меёбанд. Чунончи, Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар моҳи июл тарҳи сохтусози пулу роҳ ва соҳилбандӣ дар ноҳияи Фархорро оғоз бахшиданд, ки Тоҷикистону Афғонистон онро ҳамроҳ бо Иттиҳоди Урупо иҷро хоҳанд кард. Ин тарҳро Бунёди Оқохон ва бунёди PATRIP бо 16 милюн евро сармоя иҷро хоҳанд кард.    

Мавзуъ

Коршинос: марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро ҷавонони шоиста посбонӣ мекунанд
Сарҳанги нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон кушта шуд
Қосимшоҳ Искандаров: ниёзе ба бозгашти марзбонони Русия ба Помир нест
Дар марзи Тоҷикистон пойгоҳи дигари Русия пайдо мешавад

Мавзӯъҳои асосӣ