Ҳузури акси Ҷерард Батлер дар китоби дарсии ӯзбакӣ

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкҲунарманд Ҷерард Батлер
Ҳунарманд Ҷерард Батлер - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳиякунандагони китоби дарсии таърихи давраи қадим ба ҷои қаҳрамони воқеъии таърихӣ акси ҳунарманди саршиносро ҷой додаанд.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Акси ҳунарманди саршиноси Ҳолливуд Ҷерард Батлер, ки аз ҷумла нақши шоҳ Леонид дар филми "300 спартанӣ"-ро бозидааст, ба китоби дарсии ӯзбакии "Таърихи дунёи қадим" ворид шудааст, хабар медиҳад АН Podrobno.uz.

Муаллифони китоби дарсӣ дар сафҳае, ки аз набард дар наздикии Саламин қисса мекунаду фармондеҳии артиши юнониро шоҳ Леонид бар зимма дошт, акси ҳунарманди саршиносро ҷой додаанд.

Ин амр иштибоҳ аст ва ё ноогоҳона рух додааст, метавон танҳо ҳадс зад. Вале ширкаткунандагони гурӯҳи "Назорати ҷамъиятӣ", ки баррасии ин акс ба ибтикори онҳо сурат гирифтааст, ҳадс задаанд, ки зимни таҳияи чопи китоб иштибоҳи фаннӣ рух додааст. Зеро зимни ҷустуҷӯи мавзӯъи "пайдо кардани шоҳ Леонид" дар шабакаҳои интернетӣ воқеъан акси Ҷерард Батлер дар ин нақш пайдо мешавад.

Ӯзбакистониҳои ҳозирҷавоб аллакай пешниҳод кардаанд, ки дар робита ба таърихи шаҳри қадимаи юнонии Троя акси Брэд Питт ва акси Сила Йовович бар ҷойи Жанна д'Арк гузошта шаванд.

Лентаи хабарҳо
0