Муфтии собиқи Осиёи Миёна даргузашт

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкМухаммад Садык Юсуф. Архивное фото
Мухаммад Садык Юсуф. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муфтии собиқи Осиёи Марказӣ ва рӯҳонии маъруфи ӯзбак Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф дар синни 63 даргузашт. Ӯ вақти бозии баскетбол дучори сактаи қалб шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Рӯҳонии маъруфи ӯзбак Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф бар асари сактаи қалб дар синни 63-солагӣ дар Тошканд даргузашт, менависад "Радиои Озодӣ".

Муҳаммадюсуф раҳбари собиқи идораи мусалмонҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон ва нахустин муфтии Ӯзбакистони пасошӯравист, ки рӯзи 10 март ҳангоми бозии баскетбол дар толори варзигии Донишгоҳи исломии Тошканд дучори сактаи қалб шудааст.

Бино бар иттилои радио, бо шунидани хабари даргузашти муфтӣ садҳо тан аз пайравон дар назди манзилаш ҷамъ омадаанд. Ба хотири таъмини амният дар маҳаллае, ки муфтӣ ба сар мебурд, шумори зиёди нирӯҳои пулис мустақар шудаанд.

Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф соли 1952 дар Андиҷони Ӯзбакистон ба дунё омада, соли 1975 донишкадаи исломии Тошканд ба номи Имом Бухорӣ, аз ангуштшумор мактабҳои олии мазҳабӣ дар Иттиҳоди Шӯравиро хатм кардааст. Баъди хатми донишкада ӯ дар маҷаллаи "Мусульмане советского Востока" ("Мусалмонони Шарқи шӯравӣ)" кор мекард. Соли 1980 донишгоҳи "Даъва-л-Исломия"-и Троблус, пойтахти Либияро бо баҳои аъло тамом кардааст. Баъди бозгашт дар бахши равобити хориҷии Идораи мусалмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон кор мекард ва дар Донишкадаи исломии Тошканд дарс медод. Соли 1986 ректори ин донишкада таъин шуд, менависад "Озодӣ".

Дар соли 1989, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ насими бозсозӣ мевазид ва мардум барои дифоъ аз ҳуқуқи худ имкони ба майдонҳо рехтанро пайдо карданд,  Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуфт аҳти пуштибонии издиҳоми бузурги тарафдоронаш раҳбари Идораи мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон интихоб шуд. То ҳол гуфта мешавад, ки дар интихоби ӯ ба ин баландтарин мақоми мазҳабӣ дар минтақа садҳо нафаре, ки қозии вақти мусалмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва рӯҳониёни дигари тарафдори вай аз Душанбеву Хуҷанду Исфара ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба Тошканд фиристоданд, нақши умда доштанд.

Ба навбаи худ, маҳз Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуфро нафаре ном мебаранд, ки дар нимаи дуюми солҳои 80 бо истифода аз нуфузаш бар Идораи мусулмонони Осиёи Миёна ва ниҳодҳои давлатии нозири фаъолияти ин идора тавонист номзадии ҳамсабақаш Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро ба ҳайси раҳбари қозиёти Тоҷикистон матраҳ кунад ва гузаронад.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба ин далел ҳамеша дар бораи Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф ба некӣ ва бо эҳтиром сӯҳбат мекард ва ӯро аз ҷумла саромадони эҳёи Ислом баъди даҳсолаҳои фишору таъқиби режими Шӯравӣ меномид.

Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф дар ҳамон соли 1989 вакили Шӯрои олии СССР низ интихоб шуд ва ба Михаила Горбачёв барномаи вижаеро пешниҳод кард, ки ҳадафаш осон кардани зиндагии мусалмонони диндор дар Шӯравӣ буд. Ин барнома аз ҷумла даст кашидани ҳокимони кишвар аз сиёсати атеистӣ, боз кардани роҳ барои сохтани масҷидҳову мадрасаҳо ва ҳам кушодани роҳи сафари Ҳаҷ ва таҳсил дар мадориси хориҷӣ ба толибилмони мусалмон аз кишварҳои Шӯравиро дар бар мегирифт.

Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷудо шудани муфтиёти кишварҳои минтақа Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф нахустин муфтии Узбакистон интихоб шуд. Аммо баъди чанде мавриди қаҳри раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов қарор гирифт ва тарки кишвар кард.

Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф бо раҳбари вақти Либия Муаммар Қаззофӣ хеле наздикӣ дошт ва баъди тарки Ӯзбакистон ба ҳайси "меҳмони хосаи Қаззофӣ" дар он кишвар паноҳ бурд. Гуфта мешавад, ки Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф овони донишҷӯӣ ҳатто қаҳрамони Либия дар варзиши карате ҳам будааст.

Ӯ дар соли 2005 бо миёнаравии бархе кишварҳои исломӣ бар асоси як муомилаи то ҳол ҷузъиёташ ошкорношуда аз муҳоҷирати чандинсола аз Либия баргашт ва дигар аз ҳар навъ фаъолияти ҷамъиятӣ канор гирифт. Зоҳиран даст назадан ба масоили сиёсӣ яке аз шартҳои ин муомила бо давлати Ислом Каримов будааст, ки роҳи бозгашти муфтии собиқро фароҳам сохт.

Бархе мегӯянд, бозгашти ӯ аз ҷумла бо миёнаравии Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистони Русия муяссар шудааст. Аҳмад Қодиров, падари Рамазон Қодиров ва раисиҷумҳури собиқи Чеченистон дар солҳои Шӯравӣ дар Донишкадаи исломии Тошканд таҳсил кардааст ва  Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуфро устоди худ медонист. Рамазон Қодиров рӯзи 11 март баробари шунидани хабари даргузашти устоди падараш гуфт, як кӯчаро дар шаҳри Грозний, маркази Чеченистон ба номи  Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф хоҳанд гузошт.

Аммо манобеи дигар мегӯянд, тавофуқ дар бораи шароити бозгашти муфтии собиқ ҳанӯз дар поёни солҳои 90 дар як мулоқоти раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов бо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба даст омада буд.

Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф як рӯҳонии мӯътадил ва тарафдори ислоҳоти демократӣ эътироф мешуд ва равияҳои тундрави исломӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои ифротие, чун "Ҷиҳоди исломӣ" ва Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро маҳкум мекард.

Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф муаллифи хеле фаъол буд. Ба навиштаи "Озодӣ" ӯ аз худ ҳудуди 100 ҷилд асар, асосан дар бахши тафсири ояҳои "Қуръон", мерос гузоштааст. "Тафсири Ҳилол", иборат аз 22 ҷилд, силсилаи "Ҳадисҳо ва зиндагӣ", иборат аз 39 ҷилд, "Имон. Ислом. Қуръон", "Усул-ул-фиқҳ", 3 ҷилди "Кифоя", ки тафсире ба "Мухтасари Виқоя"аст, "Ба истиқболи Рамазон", "Зиёрати Ҳаҷ" аз ҷумлаи осорест, ки дар таълиф ва нашраш муфтии собиқи Осиёи Миёна ва Қазоқистон низ саҳми умда гузоштааст.

Муҳаммадюсуф Муҳаммадсодиқ раҳбари Шӯрои муассисони "Робитал-ул-аълам- ал-исломӣ"-и Лигаи ҷаҳонии уламои исломӣ, марказаш дар Арабистони Саудӣ буд ва то поёни умраш дар  раҳбарии ин ниҳоди мӯътабари мазҳабӣ хидмат мекард.

Лентаи хабарҳо
0