05:41 21 августи 2017
Пахши мустақим
Дастбанд (завлона). Акс аз бойгонӣ

Боздошти “ҷиҳодиён”-и тоҷик дар фурудгоҳи Ӯши Қирғизистон

© Sputnik /
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Чор шаҳрванди Тоҷикистон бо шумули як кӯдаки хурдсол қасд доштаанд, ки ба воситаи шаҳри Ӯши Қирғизистон ба Истамбул парвоз карда, озими Сурия шаванд, аммо аз ҷониби кормандони мақомоти амниятии ҶҚ боздошт шуданд.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Се шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо як кӯдаки хурдсол ният доштанд, ба Сурия сафар карда ба "Давлати исломӣ" бипайванданд. Дар ин бора нашрияи "Вечерний Бишкек" бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба қавли манбаъ, онҳо қасд доштанд бо хатсайри "Ӯш-Истамбул" парвоз карда, ба Туркия раванд.

"Аз он ҷо ба Сурия сафар карда, дар ҷангҳо алайҳи ҳукумат ва дар сафи ДИ ширкат кунанд",- менависад сарчашмаи хабар.  

Зимнан, кормандони амнияти Қирғизистон ин нафаронро боздошт кардаанд.  Боздоштшудаҳо иқрор кардаанд, ки онҳоро нафаре ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ворид шудан ба сафи "Давлати исломӣ" ҷалб кардааст.

Баъди бозпурсӣ мақомоти амнияти Қирғизистонро онҳоро ба ҳамтоёни тоҷикашон супурдаанд.

Мақомоти тоҷик шумори ҷангиёни тоҷикро дар Ироқ ва Сурия аз 200 то 300 нафар медонанд. Аммо дар бархе наворҳое, ки аз сӯи ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурия паҳн шудааст, шумораи тоҷиконро дар ин даргириҳо ҳудуди 600 нафар эълон мекунад. 

Мавзуъ

Созмони тундгарои “Давлати исломӣ”
Гурӯҳи “Марг” ба “Давлати исломӣ” ва “Толибон” ҷанг эълом кард
Ба “Давлати исломӣ” ҳамаи кишварҳои узви АСЕАН ҷанг эълом карданд
Барчаспҳо:
дастгир шудани тоҷикистониҳо, боздошти тоҷикистониҳо, ҷангҳои Сурия, Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, ДИИШ, ДИ, Давлати исломӣ, Ӯш, Истамбул, Туркия, Сурия, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ