12:55 16 январи 2018
Пахши мустақим
Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ

Кашфу мусодираи 32 кило ҳероин дар Бадахшони Афғонистон

© Flickr/ ResoluteSupportMedia
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Пулиси маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Афғонистон пас аз гирифтани маълумоти фаврӣ аз ҳамтоёни тоҷикистонии худ қарор кард, ки дар ҳудуди деҳаи Обараки улусволии Аргуи вилояти Бадахшон амалиёти вижа гузаронад.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Аснои  гузаронидани чорабинӣ дар рустои Обараки Бадахшони ҷумҳурии исломӣ аз манзили истиқоматии шаҳрванд зиёда аз 32 кг маводи нашъаовари ҳероин дарёфт ва мусодира гардид, иттилоъ медиҳад Агентии назорати маводи нашъадор.

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ маълумоти фаврӣ  гирифтанд, ки сокини вилояти Бадахшони Афғонистон ба қочоқи нашъа аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул мебошад. Дар ин бора ба Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар равон карда шуд.

Зимнан, дар асоси маълумоти фаврии мақомоти Тоҷикистон, пулиси Афғонистон қарор кард, ки дар ҳудуди деҳаи Обараки улусволии Аргуи вилояти Бадахшон чорабинии оперативӣ гузаронад.

"Айни ҳол соҳиби ҳероин ба ҳабс гирифта шуда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Амалиёт барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳи ҷинояткор, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд, идома доранд",- омадааст дар хабари манбаъ.

Ҳамин тавр, дар натиҷаи амалиёти муштараки ҷузъу томҳои зиддимухаддиротии ҶТ ва ҶИА фаъолияти боз як гурӯҳи чинояткор дар қаламрави Афғонистон қатъ гардид.

Мавзуъ

Мусодираи 12 кило нашъа дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон
Барчаспҳо:
тибқи маълумоти фаврии мақомоти Тоҷикистон, 32 кило ҳероин дарёфту мусодира шуд, боздошти қочоқчӣ, пулиси Афғонистон, Агентии назорати маводи нашъаовар, АНМН, Обарак, Бадахшони Афғонистон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ