Ӯзбекистон ҷомеъаро барои муқобала бо ақоиди “ДИ” ҷалб сохт

© SputnikТошканд
Тошканд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тошканд тасмим гирифтанд барои муқобала бо таблиғоти ақоиди исломи тундрав ниҳодҳои ҷамъиятиро ҷалб созад: ниҳодҳои худидоракунии шаҳрвандон, рӯҳониён ва атбоъи оддии Ӯзбакистонро.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ӯзбакистон муқобала бо ақоиди "ДИ" на танҳо тавассути ниҳодҳои вижа, балки бо кӯмаки худи шаҳрвандон, расонаҳо ва намояндагони ҷомеъаи исломӣ оғоз кард.

Дар куллия вилоёти ҷумҳурӣ дар ин ҳафта ҳамоишҳое ба ибтикори сандуқи хайриявии "Маҳалла" ва ҳамчунин бо мақомоти вилоятҳо, шаҳрҳо ва навоҳӣ баргузор шуданд. Дар кишвар 9,8 иттиҳодияҳои шаҳрвандон фаъол ҳастанд, ки ба унвони ниҳодҳои худидоракунӣ таъсис шудаанд.

"Ба мо иттилоъот дар бораи гурӯҳҳои фаъоли тундгаро, аз ҷумла, "ДИ" пешниҳод шуд. Ба мо тавзеъ медиҳанд, ки мардум ба чӣ роҳе ба он ҷо меафтанд. Кормандони маҳаллаҳоро дастур медиҳанд, ки шиносоии чунин ашхос чӣ гуна бояд сурат бигирад, чӣ гуна ин афродро бозпас овардан даркор аст, чӣ гуна бояд бо занон ва мардҳо муносибат кард", — гуфт яке аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш дар Тошканд.

Дар ҳамоишҳо даъват шуд, ки бо афроде, ки қасди сафар ба хориҷи кишварро доранд, бояд сӯҳбатҳои ҷилавгиркунанда анҷом дода шавад.

Дар авохири моҳи июн Телевизиони миллии Ӯзбекистон гузоришеро намоиш дод, ки дар он дар бораи нӯҳ нафар бонувоне, ки озими Сурияву Ироқ шудаанд, қисса мешавад. Аз онҳо танҳо як нафар тавонистааст ба ватан баргардад. Таблиғгарон онҳоро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб сохтаанд.

"Бонувоне, ки ба манотиқи даргириҳои низомӣ мераванд, баъйид аст, ки дар он ҷо тавонанд хушбахтии хонаводагӣ пайдо кунанд. Умадатан аз онҳо барои истифодаи шаҳваонии ҷангҷӯёни "ДИ" истифода мешавад", — гуфта шудааст дар барномаи телевизионӣ.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ Идораи мусалмонони Ӯзбекистон китоберо бо номи "Фитнаи ДИ" дар бораи фаъолияти созмони террористӣ мунташир кард.

"Дар ин китоб куллия паҳлӯҳои фаъолияти мусбати гурӯҳҳои тундгаро, ки барои ҷойгузин кардани "Давлати исломӣ" дар бархе аз манотиқи Ироқ ва Сурия бозтоб дода шудааст", — изҳор доштанд дар Идораи мусалмонон.

Муаллифи китоб, муъовини раҳбари Идора Айдарбек Тулепов бо кӯмаки тасовири дақиқ куллияи аъмолеро фош мекунад, ки муғойир ба муқаррароти аслии ислом аст. Дар китоб ҳамчунин наҳваҳои ҷалби ҷавонон ба суфуфи ин гурӯҳҳо матолиб ироъа шуда шавоҳиди нафароне, ки дар миёни ҷангҷӯён қарор доштанду сипас аз аъмоли худ изҳори пушаймонӣ кардаанд, оварда шудаанд.

Тибқи иттилоъи Идораи амнияти миллии Ӯзбекистон дар суфуфи "ДИ" ҳудуди 5 ҳазор нафар аъзои "Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон" меҷанганд ва ҳудуди нимаи онҳо зодагони Ӯзбакистон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0