ВАО: Толибон аз Дашти Арча ақибнишинӣ мекунанд

© AP / Hekmat Aimaq, FileҶангиёни озодшудаи Толибон аз маҳбаси Қундуз. 28 сентябр 2015
Ҷангиёни озодшудаи Толибон аз маҳбаси Қундуз. 28 сентябр 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шуморе аз сокинони вулусволии Дашти Арча барои озодии комили зодгоҳи худ аз ҷангиёни Толибон ба саффи неруҳои давлатӣ пайвастаанд.

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҷангиёни ҷунбиши Толибон аз вулусволии Дашти Арча ақибнишинӣ менамоянд, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии TOLONEWS бо истинод ба мақомоти амнияти вилояти Қундуз.

Ҷангиёни Толибон дар ҷодаҳои Қундуз. 28 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Доктор Абдуллоҳ ба саркӯбшавии Толибон дар Қундуз бовар дорад

Хабарнигори шабака, ки неруҳои амниятии Афғонистонро дар хатти аввали ҷабҳа ҳамроҳӣ дорад, иттилоъ додааст, ки шуморе аз сокинони вулусволии Дашти Арча барои озодии комили зодгоҳи худ аз ҷангиёни Толибон ба саффи неруҳои давлатӣ пайвастаанд.

Яке аз ин сокинони Дашти Арча дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ӯ ҳамроҳ бо чаҳор фарзанди худ ба ҷонибдорӣ аз неруҳои ҳукуматӣ бар зидди Толибон меҷанганд.

"Ман ва чаҳор фарзандам силоҳ гирифтем, то аз хоки Ватани худ дифоъ намоем", — изҳор доштааст ӯ.

Манбаъ афзудааст, ки неруҳои амниятии Афғонистон баъд аз ду сол тавонистаанд, дубора маркази фармондеҳии пулис дар вулусволии Дашти Арчаро таҳти тасарруфи худ дароранд.

Ҷанг барои Қундуз: то Тоҷикистон километрҳои ба шумор мондааст

Ситоди артиши миллии Афғонистон дар вилояти Қундуз ҳам гуфтааст, амалиёти онҳо зидди ҷангиёни Толибон дар ҳоли ҳозир муваффақомез пеш меравад ва ба ин ҷунбиш хисороти зиёде расонидаанд.

Ҷангиёни Толинбон рӯзи 27 сентябр дар пайи як ҳамлаи густурдаи худ тавонистанд, маркази ин вилоят, шаҳри Қундузро таҳти тасарруфи худ қарор диҳанд.

Аммо субҳи 1 октябр хабаргузории хабаргузории "Khaama Press" аз қавли Сидиқ Сидиқӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар дод, ки неруҳои вижаи ин кишвар дубора шаҳри Қундузро аз дасти Толибон озод кардаанд. Сидиқӣ он замон гуфт, бо вуҷуди озод кардани шаҳри Қундуз ҳанӯз амалиётҳо барои озод кардани манотиқи гуногуни вилояти Қундуз идома дорад.

Ҷонибдорони Толибон аксҳои овехтаро дар Қундуз пора мекунад 29 сентябри соли  2015 - Sputnik Тоҷикистон
Бекмуҳаммад: Толибон дар Қундуз танҳо таҳдид барои Кобул аст

Дар пайи ин даргириҳо бинои консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Қундуз ҳам осеб дида, ҳоло муваққатан дарҳои ӯ баста шуд. Дар шаҳри Қундуз консулгарии Тоҷикистон ягона намояндагии дипломатии хориҷӣ маҳсуб меёфт ва азсаргирии фаъолияти консулгариро масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо ба вазъи амниятӣ иртибот доданд.

Вилояти Кундузи Афғонистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Омӯ аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунин ҷангалзоре дар ин қитъаи марз вуҷуд дорад.

© SputnikҚундуз – минтақаи стратегии Афғонистон
Қундуз – минтақаи стратегии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон
Қундуз – минтақаи стратегии Афғонистон
Лентаи хабарҳо
0