Қирғизистон дар бораи таҳкими муносибатҳо бо Узбакистон изҳор дошт

© Sputnik / Табылды КадырбековСооронбой Жээнбеков. Акс аз бойгонӣ
Сооронбой Жээнбеков. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сооронбой Жээнбеков дар бораи зарурати гузаронидани ҷаласаи навбатии байнидавлатӣ оид ба муҳокимаи ҳамкориҳои ду кишвар иброз дошт.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар бораи таҳкими мунисибатҳои ҳамсоякишварҳо нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков изҳор дошт, иттилоъ медиҳад рӯзи панҷшанбе хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон.

Сарвазири кишвар сафири нави ҷумҳурии Қирғизистон-Дониёр Сидиқовро дар Узбакистон ба ҳузур пазируфт. Дар рафти вохӯрӣ Жээнбеков аз муҳиммияти таҳкими муносибатҳо миёни ду кишвари ҳамсоя ва баргузории ҷаласаи махсус сухан гуфт.

"Президенти Қирғизистон Аслонбек Отамбоев зимни мулоқот бо роҳбари Ҷумҳурии Узбакистон Ислом Каримов, ки рӯзи 24 июни соли ҷорӣ дар Ташкент баргузор гардид таҳкими муносибатҳо ва ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳим арзёбӣ намуд",-омадааст дар хабарнома.

Алмазбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президент: ҳеч гоҳ бо ҳамсоя ҷанг намекунем

Рӯзи 18 марти соли 2016 дар ноҳияи Ала-Букини вилояти Ҷалолобод сарбозони Узбакистон дар минтақаи беаломати сарҳади Қирғизистону Узбакистон ду мошини зиреҳпӯш бо низомиёнро ҷойгир карданд ва ҳамчунин нуқтаи назоратии "шоҳроҳи Маданият"-ро бастанд. Низомиёни Узбакистон дар километри 20-уми шоҳроҳи Кербен — Ала-Бука, воқеъ дар вилояти Ҷалолобод ду дидбонгоҳ барқарор карда, санадҳои шаҳрвандони Қирғизистонро мавриди тафтиш қарор доданд.

Дар ҷавоб Қирғизистон низ сарҳадоти худро мустаҳкам намуд. Бишкек аз Тошканд талаб кард, то сарбозон ва мошинҳои зиреҳпӯшро аз ин минтақа берун кашад. Баъди мулоқоти робарони хадамоти сарҳадии ду кишвар, ки 25 март баргузор гардид низоъ хотима ёфта низомиёни Узбакистон сарбозони худро аз ҷои баҳснок берун кашиданд.

Пас аз пош хӯрдани ИҶШС қариб чоряки хати марзи давлатии Қирғизистону Узбакистон тақсимношуда боқӣ монд, ки боиси баҳсҳои ҳамешагии ин ду кишвар мегардад. Дар се соли охир бархӯрдҳои зиёде дар манотиқи сарҳадӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0