Отамбоев дар бораи изҳороти вазири ВУХ-и Туркия: моро натарсонед...

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ
Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоглу таҳдид кардаааст, ки агар Қирғизистон муносибати худро нисбати “гурӯҳи Гулен” дигар накунад, пас Туркия муносибати худро бо Бишкек дигар хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Президенти Қирғизистон Асломбек Отамбоев ба изҳороти вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоглу дар бораи эҳтимоли табадуллоти давлатӣ дар Қирғизистон аз ҷониби гурӯҳи Фатҳуллоҳ Гулен ҷавоби тунд дод, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Қаблан Чавушоглу изҳо дошт, ки тарафдорони мухолифини исломӣ таҳти роҳбарии Фатҳуллоҳ Гулен, ки дар Анқара бо иттиҳоми ташкили табадуллоти давлатӣ айбдор мешавад, метавонанд дар Қирғизистон низ табаллуоти ҳарбӣ ташкил кунанд.

Тарабхона дар яке аз кӯчаҳои Анталия. Акса аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Узбакистонро аз сафар ба Туркия бозмедоранд

Вазир ҳамчунин дар изҳороташ қайд намудааст, ки ҳукумати Қирғизистон бояд мактабҳои шахсиро, ки гӯиё аз ҷониби Гулен самроягузорӣ мешаванд, бояд баста шаванд, дар иловаи суханаш вазир таъкид менамояд, ки агар Қирғизистон муносибати худро нисбати Гулен дигар накунад, пас Туркия муносибати худро нисбати Бишкек дигар хоҳад кард. Ин изҳороти вазирро ВУХ-и Қирғизистон нодуруст хонда илова намуд, ки ҷумҳурии соҳибихтиёр медонад, ки чи хуб асту чи ганда.

"Ин беҳудагӯист. Агар чунин доно бошанд, пас чаро дар вақти табадуллот давлатӣ дар кишвари худ дар хоби ғафтал монданд. Албатта мо ҳамаи маслиҳатҳоро гӯш мекунем ва ин маълумотро месанҷем. Вале тарсондан ё ёддодан ба мо лозим нест",-изҳор дошт Отамбоев.

Шоми рӯзи 15 июл гурӯҳи мухолифин дар Туркия табадуллоти ҳарбӣ доир намуданд. Ҳаракатҳои асосӣ дар шаҳрҳои Истамбул ва Анқара баргузор гардид. Бино ба маълумоти ба даст омада дар пайи табадуллоти давлатӣ 246 нафар шаҳрванди ғайринизомӣ ба ҳалокат расида зиёда аз 2 ҳазор кас ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Табадуллоти давлатӣ аз ҷониби ҳукумат пахш карда шуд.

Ҳукумати Туркия Гуленро дар ташкили табадуллот идавлатӣ дар Туркия айбдор медонад, ва дар бастагӣ о ин аз ҳукумати ИМА истирдоди ӯро талаб кардааст. Худи Гулен қаблан ин ҳодисаро маҳкум карда, изҳор дошт, ки ба  табадуллот рабте надорад. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки аз истирдод ба Туркия тарсе надорад.

Лентаи хабарҳо
0